Барномаи ягонаи мақсадноки давлатӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 аз 30 ноябри соли 2007, № 585

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 ноябри соли 2007 № 585

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 ноябри соли 2007 № 585

тасдиқ шудааст

Барномаи ягонаи мақсадноки давлатӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012

I. Зарурияти таҳияи Барнома

Дар шароити кунунӣ муомилоти ғайриқонумии маводи нашъаовар ва сӯиистеъмоли он масъалаи ҷиддии ҷомеаи мо мебошад ва зарурияти андешидани тадбирҳои фаъолу қотеъро дар самти пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии он тақозо менамояд.

Бо дарназардошти мураккабии вазъи вобаста ба маводи иашъаовар, ки ба интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддири афғонӣ аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ба дигар кишварҳои минтақа ва Европа вобаста мебошад, инчунин оқибати сӯистеъмол ва муомилоти ғайриқонунии он, ҳанӯз 12 апрелм соли 1996 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармонро "Дар бораи чораҳои таъхирнопазири таҳкими мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар" имзо намуд, ки асоси муборизаи ҳадафмандро бо маводи мухаддир дар кишвар ташкил намуд.

Дар партави татбиқи ин Фармон Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати маводи нашъаовар таъсис ёфт ва нахустин Барномаи давлатии миллӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир барои солҳои 1996-1999 қабул шуд.

Дар ҳамин марҳила Тоҷикистон ба Конвесияҳои зидди маводи нашъаовари СММ аз солҳои 1961, 1971 ва 1988 пайваст шуд.

Дар Конференсияи байналмиллалии "Тоҷикистон зидди маводи нашъаовар", ки моҳи январи соли 1999 дар шаҳри Душанбе доир гардид, Президенти мамлакат таваҷҷӯҳи хозиринро бори дигар ба хатари маводи нашъаовар, ки манбаи он Афғонистон мебошад ҷалб намуд ва ҷомеъаи ҷаҳониро даъват кард, ки ба Тоҷикистон дар кори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар кӯмак расонад.

Ташаббуси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ дастгирӣ ёфтанд. Мутобиқи Протоколе, ки байни Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ба имзо расида буд, моҳи июни соли 1999 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисгон таъсис ёфт.

Бо арзёбии воқеъбинонаи таҳдиди хатари мухаддирот аз қаламрави Афғонистон, Тоҷикистон якчанд ташаббуси зидди маводи нашъаоварро пешниҳод намуд, ки яке аз онҳо таъсиси Эътилофи зидди маводи нашъаовар мебошад.

Аз соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 барномаи зидди маводи нашъаовари СММ ва Иттиҳоди Европа татбиқ карда мешаванд, ки 13-тои он анҷом ёфтаанд. Татбиқи барномаҳо, инчунин чораҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба баланд гардидани самаранокии фаъолияти вазорату идораҳои Тоҷикистон дар самти муқобилият бо сӯиистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии онҳо мусоидат карданд. Дар 7 соли охир дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 52 тонна маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ, аз ҷумла 26 тонна героин мусодира шудааст.

...

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 30 ноября 2007 года №585

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 30 ноября 2007 года №585

Единая государственная целевая программа профилактики наркомании и противодействие незаконному обороту наркотиков в Республике Таджикистан на 2008 - 2012 годы

1. Обоснование Программы

В настоящее время незаконный оборот наркотиков и их злоупотребление стали серьезной проблемой нашего общества, вызывающей необходимость активных и решительных действий по профилактике наркозависимости и борьбы с их незаконным оборотом.

С учетом напряженности наркоситуации, обусловленной незаконным транзитом афганских наркотиков через территорию Таджикистана в другие государства региона и Европу, а также последствия их незаконного потребления и оборота, еще 12 апреля 1996 года Президент Республики Таджикистан подписал Указ "О неотложных мерах по усилению борьбы с незаконным оборотом наркотиков", который заложил основу организации целенаправленной борьбы с наркотиками в стране.

В свете реализации данного Указа была образована Государственная комиссия Республики Таджикистан по контролю за наркотиками и принята первая Государственная национальная программа по борьбе с незаконным оборотом наркотиков на 1996 - 1999 годы.

В этот период Таджикистан присоединился к антинаркотиковым Конвенциям ООН 1961, 1971 и 1988 годов.

На международной конференции "Таджикистан против наркотиков", состоявшейся в январе 1999 года в городе Душанбе, Президент страны, акцентируя внимание на исходящую из Афганистана наркоугрозу, вновь призвал мировое сообщество оказать помощь Таджикистану в деле борьбы с незаконным оборотом наркотиков.

Инициативы Президента страны Эмомали Рахмона были поддержаны мировым сообществом и международными организациями. В соответствии с Протоколом, подписанным между Таджикистаном и Управлением ООН по наркотикам и преступности, в июне 1999 года в Республике Таджикистан было образовано Агентство по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан.

Реально оценивая исходящую с территории Афганистана наркоугрозу, Таджикистан выдвинул ряд инициатив, одной из которых является создание широкой Антинаркотиковой Коалиции. С 1999 года в Республике Таджикистан реализовываются более 20 антинаркотиковых программ ООН и Европейского союза, 13 из которых уже завершены. Их реализация, а также принятые Правительством республики меры позволили повысить эффективность деятельности министерств и ведомств Таджикистана в сфере противодействия злоупотреблению наркотиками и их незаконному обороту. За последние 7 лет на территории Республики Таджикистан из незаконного оборота изъято более 52 тонны наркотиков опийной группы, из которых 26 тонн составляет героин.

С 2005 года Таджикистан является постоянным членом Международного комитета ООН по контролю за наркотиками, что свидетельствует о высокой оценке международного сообщества принимаемых Президентом и Правительством Республики Таджикистан мер в деле борьбы с незаконным оборотом.

...