Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 июли соли 2005 № 238
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 июли соли 2005 № 238
тасдиқ шудааст
Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015
I. Муқаддима
Вазифаҳои асосии фаъолияти китобдорӣ дар шароити нави рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз инҳо иборатанд:
- мусоидат намудан ба рушди босуръати иҷтимоию иқтисодии мамлакат;
- кӯмак расонидан ба тарбияи ҳуқуқи, маънави, ахлоқи, гуманисти, ватандӯстии шаҳрвандон, ташаккул додани ҷаҳонбинии илмии онҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифатноки, фарҳанги ва касбии онҳо;
- мусоидат намудан ба рушди илм, истеҳсолот, ҳамкории иҷтимои ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, татбиқ намудани донишҳои илми, дар амалияи хоҷагидори ва идораи давлати истифодаи нисбатан самараноки имкониятҳои илмию техники ва истеҳсолии ҷумҳури.
Барномаи фаъолияти китобдори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2006-2015 бо мақсади татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фарҳанг", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ", ҳамчунин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи беҳтар намудани вазъи Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А.Фирдавси" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи, ки ба фароҳамоварии шароити мусоид барои дастраси умум гардонидани адабиёти гуногун, иттилоот ва арзишҳои фарҳангие, ки дар фонди китобхонаҳо ҷамъовари мегарданд ва аз ҷониби китобхонаҳои оммавии системаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодабарии хонандагон пешниҳод карда мешаванд, таҳия шудааст.
Ҳадафи Барнома аз ин иборат аст, ки функсияҳои иттилооти, иҷтимоию фарҳанги ва маърифатии китобхонаҳоро тақвият дода, ба рушди шабакаи китобхонаҳо дар шароити муносибатҳои бозори мусоидат намуда, дастрасии фонди китобхонаҳоро барои ҳамаи табақаҳои ҷомеа таъмин карда, ба воридсозии технологияҳои нави иттилооти дар фаъолияти китобхонаҳо кӯмак расонида, механизмҳои молияви ва иқтисодии фаъолияти китобхонаҳоро муайян сохта, заминаи моддию техникии онҳоро таҳким бахшида, тарбияи кадрҳои баландихтисосро такмил дода, эътибори иҷтимоии кормандони китобхонаҳоро боло бардорад.
Барнома баҳри сафарбарии китобдорони ҷумҳури барои иҷрои вазифаҳои умдаи пешрафти системаи китобхонаҳо барои солҳои 2006-2015 равона гардида, мақсади он таъмини кафолати ҳуқуқии раҳоии китобхонаҳо аз вазъияти бӯҳрони мебошад.
II. Вазъи фаъолияти китобдорӣ
...