Қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2007, № 323 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2000 № 121; Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2005, № 87) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар тамоми матни Дастур калимаи "байнипарлумонии" ба калимаи "байнипарламентии" иваз карда шавад.

2. Дар моддаи 3:

Дар ҷумлаи дуюми банди 6 калимаи "аъзои" ба калимаи "узви" иваз карда шавад.

Дар бандҳои 7, 8 ва 9 калимаи "навбати" ба калимаи "давраи" иваз карда шавад.

Ба банди 13 ҷумлаи дуюм ва сеюм дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"Қарор дар бораи истеъфои Раиси Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ дар асоси аризаи хаттиаш ва ҳангоми зарурат бо изҳори ақидаи ӯ сурат мегирад. Истеъфои Раиси Маҷлиси миллӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ қабул карда мешавад.".

3. Дар банди 1 моддаи 4:

Дар зербанди "г" калимаи "комиссияи" ба калимаи "комиссияҳои" иваз карда шавад.

Зербанди "ё" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"ба қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои он имзо мегузорад;".

4. Ба банди 2 моддаи 6 ҷумлаи дуюм дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"Яке аз муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ аз ҳисоби намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интихоб мешавад.".

5. Банди 6 моддаи 13 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"6. Кумитаҳо ва комиссияҳо ҳуқуқ доранд, ки дар кори худ кормандони шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва дигар коршиносонро ҷалб намоянд, оид ба экспертизаи мустақили қонунҳо қарор қабул кунанд, аз мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳои заруриро, ки барои фаъолияти кумитаҳо ва комиссияҳо лозиманд дархост намоянд.".

6. Ба моддаи 19 банди 4 дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"4. Дар давраи байни иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ҳангоми зарурат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияҳои ғайринавбатии Маҷлиси миллиро даъват менамояд. Дар ин иҷлосияҳо танҳо он масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки боиси даъвати иҷлосияҳо гардидаанд. Иҷлосияҳои навбатӣ ва ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ рақамгузорӣ мешаванд".

Банди 4 мутобиқан банди 5 ҳисобида шавад.

7. Ба моддаи 21 банди 3 дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"3. Узви Маҷлиси миллӣ вазифадор аст дар иҷлосияҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намояд. Узви Маҷлиси миллӣ агар бо сабабҳои узрнок дар иҷлосияҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон иштирок карда натавонад, пешакӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро огоҳ месозад.".

Банди 3 мутобиқан банди 4 ҳисобида шавад

8. Дар моддаи 24:

Банди 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"5. Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллӣ, кумита ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ метавонад ҷаласаи пӯшида гузаронад.".

Ба модда бандҳои 6, 7, 8, 9, 10 ва 11 дорои мазмуни зайл илова карда шаванд:

"6. Қарор дар бораи гузаронидани ҷаласаи пӯшида бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ қабул карда мешавад. Маълумот дар бораи ҷаласаҳои пӯшидаи Маҷлиси миллӣ ошкор карда намешавад.

7. Ҷаласаи пӯшидаи Маҷлиси миллӣ на камтар аз як соати пеш аз саршавии он таъин карда мешавад.

8. Ба ҷаласаҳои пӯшидаи Маҷлиси миллӣ овардан ва истифода бурдани техникаи суратгирӣ, киногирӣ ва видео, воситаҳои алоқаи телефонӣ ва радио, инчунин воситаҳои сабти овоз ва коркарди иттилоот манъ аст.

9. Раисикунанда дар ҷаласаҳои пӯшидаи Маҷлиси миллӣ аъзои Маҷлиси миллӣ ва даъватшудагонро аз қоидаҳои гузаронидани он ва манъи паҳн кардани маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда огоҳ месозад.

10. Стенограмма ва маводи ҷаласаҳои пӯшидаи Маҷлиси миллиро Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ дар низоми ҳуҷҷатҳои махфӣ нигоҳ медорад.

11. Тартиби таъмини ташкилию техникии ҷаласаҳои пӯшидаи Маҷлиси миллӣ бо амри Раиси Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Комиссияи Маҷлиси миллӣ оид ба назорати Дастур муайян мегардад.".

9. Дар банди 3 моддаи 27 калимаҳои "бе иҷозати раисикунанда баромад кунад" ба калимаҳои "маълумоти бардурӯғро истифода барад" иваз карда шаванд.

10. Дар банди 3 моддаи 38 калимаҳои "Маҷлиси намояндагон" ба калимаҳои "Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                              М.Убайдуллоев

ш. Душанбе аз 30 апрели соли 2007 № 323