Қоидаҳои баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр ва фаъолияти табъу нашри шахсони ҳуқуқӣ аз 30 июни соли 2007, № 351

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 97 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июни соли 2007 № 351

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июни соли 2007 № 351

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр ва фаъолияти табъу нашри шахсони ҳуқуқӣ

I. Муқаррароти умумӣ

1. Қоидаҳои мазкур тибқи муқаррароти моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи табъу нашр" таҳия шудааст ва тартиби баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр ва фаъолияти табъу нашри шахсони ҳуқуқиро барои ба амал баровардани баҳисобгирии мӯътамаду саривақтии оморӣ ва таҳлили ҳолати ташкилотҳои табъу нашрро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

2. Баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр ва фаъолияти табъу нашри шахсони ҳуқуқӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

II. Объектҳои баҳисобгирӣ

3. Ба ҳисоб гирифта мешаванд:

а) нашриёт (ташкилотҳои табъу нашр, фаъолияти нашриётии шахсони ҳуқуқӣ);

б) корхонаҳои полиграфӣ (комбинатҳои полиграфӣ, матбааҳо, фаъолияти полиграфии шахсони ҳуқуқӣ);

Амали зербанди мазкур дар ҳамаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои дорои мақоми шахси ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, ғайр аз вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, татбиқ мегардад.

...

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 25 февраля 2017 года, №97

Утверждены

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 30 июня 2007 года №351

Утверждены

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 30 июня 2007 года №351

Правила учета издательских организаций и издательской деятельности юридических лиц

I. Общие положения

1. Настоящие Правила разработаны в соответствии с требованиями статьи 16 Закона Республики Таджикистан "Об издательском деле" и устанавливают порядок учёта издательских организаций и издательской деятельности юридических лиц для осуществления достоверного и своевременного статистического учёта и анализа состояния издательских организаций в Республике Таджикистан.

2. Учёт издательских организаций и издательской деятельности юридических лиц осуществляется Министерством культуры Республики Таджикистан.

II. Объекты учёта

3. Учёту подлежат:

а) издательства (издательские организации, издательская деятельность юридических лиц);

б) полиграфические предприятия (полиграфические комбинаты, типографии, полиграфическая деятельность юридических лиц);

Действие данного подпункта распространяется на все министерства, государственные комитеты, другие государственные ведомства и организации, имеющие статус юридического лица, независимо от форм собственности, кроме министерств обороны, внутренних дел и Государственного комитета национальной безопасности.

...