Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007 № 261 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи заминсозӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи заминсозӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001 "Дар бораи заминсозӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2001, №4, мод.191) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар матни моддаи 1, банди 11 моддаи 4 ва банди 3 қисми якуми моддаи 31 калимаҳои "мақомоти худидораи маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти худидоракунии маҳаллӣ" иваз карда шаванд.

2. Моддаи 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи заминсозӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи заминсозӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.".

3. Дар қисмҳои якум ва чоруми моддаи 8, қисми якуми моддаи 22, банди 1 қисми якуми моддаи 24 ва қисми сеюми моддаи 31 калимаҳои "мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо" ба калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.

4. Дар қисми чоруми моддаи 10 калимаҳои ", дигар ташкилотҳо ва шаҳрвандоне, ки мувофиқи тартиби муайяншуда ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани корҳои заминсозӣ иҷозатнома гирифтаанд," хориҷ карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

 12 майи соли 2007 № 261

ш. Душанбе 

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О землеустройстве"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 12 мая 2001 года "О землеустройстве" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2001 г.,№4, ст.191) следующие изменения:

1. Статью 3 изложить в следующей редакции:

"Статья 3. Законодательство Республики Таджикистан о землеустройстве

Законодательство Республики Таджикистан о землеустройстве основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международно - правовых актов, признанных Республикой Таджикистан.".

2. В частях первой и четвертой статьи 8, части первой статьи 22, пункте 1 части первой статьи 24 и части третьей статьи 31 слова "органами государственной власти на местах", "органы государственной власти на местах", "органов государственной власти на местах" заменить словами "местными органами государственной власти", "Местные органы государственной власти и "местных органов государственной власти".

3. В части четвертой статьи 10 слова ", другие организации и лица, получившие в установленном порядке лицензии на выполнение землеустроительных работ в соответствии с законодательством Республики Таджикистан" исключить.

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                   Э.Рахмонов

Президент

Республики Таджикистан                                   Э.Рахмонов

г.Душанбе 

 12 мая 2007 года №261

г.Душанбе 

 12 мая 2007 года №261

...