Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи танзими хариди давлатии ашъёи чарму пӯстинворӣ, мӯина, пашм ва қароқул
Бо мақсади пурратар азхуд намудан ва истифодаи оқилонаи захираҳои чарм, пӯсту пӯстинворӣ, пашм ва қароқул, инчунин танзими хариди давлатӣ ва беҳтар таъмин намудани корхонаҳои саноати чарму пойафзол ва мӯинаи ҷумҳурӣ бо ашъёи хом шӯрои Вазирони Ҷумҳури Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Муқаррар карда шавад, ки тайёркунандагони ашъёи чарм ва пӯсту пӯстинворӣ дар тамоми хоҷагиҳо ва аз аҳоли танҳо ташкилоти коорперацияи матлубот, дар корхонаҳои саноати коркарди гӯштит итҳодияи ҷумҳурявии ҳисоби хоҷагии "Тоҷикмясомолпром"-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Тайёркунандагони пашм дар колхозҳо, совхозҳо ва корхонаҳои баӣнихоҷагӣ, ки ба робитаҳои мустақим ба истеҳсолот гузаронида нашудаанд ва аз аҳолӣ, инчунин мувофиқӣ супориши давлатӣ расонандаи он Тоҷикматлубот ва хоҷагиҳое, ки ба робитаҳои мустақим гузаронида шудаанд, - Вазорати кишоварзии Ҷумҳури Тоҷикистон муайян карда шаванд.
Бо мақсади харидории ҳаҷми зарурии ашъё барои пурра таъмин намудани қувваҳои истеҳсолӣ , ҳамчунин коркард ва духти маҳсулоти мӯина аз пусти қароқули колхозу совхозҳо дар корхонаҳои муассисаи муштараки "Интерфёр" барои фурӯши минбаъдаи қароқӯли тайёр ва маҳсулоти мӯина дар хориҷи мутобиқи қарордодҳое, ки бо хоҷагиҳо -истеҳсолкунандагони ашъёи қароқӯлӣ, баста шудааст, тайёркунандаи қароқӯл дар ҷумҳурӣ муассисаи мӯинаи Америкаю Тоҷикистон "Интерфёр" мӯайян гардад.
Тайёр кардани ҳамагуна навъи ашъёи мансуб ба чорво мутобиқи нархҳои шартномавӣ анҷом дода шавад.
2.Расонандаи асосии ашхёи чарм, пӯстинворию мӯина муассисаҳои коркарди гӯшти иттиҳодияи ҳисоби хоҷагии ҷумҳуриявии "Тоҷикмясомолпром" и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳои маҳсулоттайёркунии Тоҷикматлубот, дорандаи фонди навъҳои маҳсулоти чорвои зикргардида бошад. - Сарраёсати "Тоҷикглавлепрмсырьё"-и назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
Муттамарказ сохтани ҳамаи маҳсулоти чарм, пӯсту пӯстинворӣ мӯинаи тайёркардамешуда дар заводи маҳсулоти чарми дар ноҳияи Ҳисор будаи Тоҷикматлубот ба назар гирифта шавад. Хариди навъи маҳсулоти зикргардидаи чорво аз тарафи дигар ташкилоту иттиҳодия ва ассоциацияю кооперативҳо то аз тарафи хоҷагиҳо - расонандагон иҷро гардидани ҳаҷми ҳарсола муайян мешудаи супориши давлатӣ ба ин навъи маҳсулот манъ карда шавад.
3. Бо мақсади таъмини иқтидори муассисаҳои истеҳсоли чарму пӯстиворӣ ва мӯинаи ҷумҳурӣ саридораи "Тоҷикглавлегпромсырьё" вазифадор карда шавад, ки дар навбати аввал супориши консертҳои "Тоҷиклегпром", "Саноати маҳаллӣ" ва ҳамчунин муассисаи мӯинаи Америкаю Тоҷикистонро иҷро намояд.
4. Содироти ҳамагуна навъи ашъёи чарму пӯстинворӣ, мӯина, пашм ва қароқӯл, ки дар ҷумҳурӣ истеҳсол мешавад,аз ҷумла расонидани мол, мутобиқи шартномаҳои байнидавлатӣ дар оянда танҳо бо иҷозати Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
ВКД Ҷумҳури Тоҷикистон, кумитаи гумруки назди Шӯрои Вазири Ҷумҳури Тоҷикистон, ширкати ҳавоии "Тоҷикистон" ва роҳи оҳани Тоҷикистон назорати иҷрои қатъии банди мазкурро таъмин намоянд.
5. Вазорати кишоварзи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати Тоҷикматлубот, кумитаҳои иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо назорати қатъии риояи тартиби хариди маҳсулоти чарм, пӯстиворӣ, мӯина, пашм ва қароқулро, ки қарори мазкур муайян кардааст,дар вилоятҳо, ноҳияҳо ва хоҷагиҳо таъмин намоянд.
Чораҳои таъсирбахшро андешанд, ки ҳаҷми харидории маҳсулоти чарм, пашм, қароқӯл, ки карори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 1994 №110 дар бораи супориши давлатии расонидани маҳсулот, мол ва ашъёи хом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардад.
...