Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 феврали соли 2000 № 44
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 феврали соли 2000 № 44
тасдиқ шудааст
Дастурамал "Дар бораи низоми соддакардашудаи ҳисоб ва пардохт намудани андоз аз ҷониби субъектҳои соҳибкории хурд"
I. Андозсупорандагон
1. Супорандагони андоз тибқи низоми соддакардашуда корхонаҳое мебошанд, ки супорандагони андоз аз арзиши иловашуда, истеҳсолкунандаи молҳои зераксизӣ, ташкилотҳои кредитӣ, суғуртакунон, фондҳои инвеститсионӣ ва иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қимматнок нестанд (моддаи 278 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, минбаъд дар қавсҳо танҳо рақами моддаи ин Кодекс дарҷ шудааст).
II. Манбаъ ва меъёри андоз
2. Манбаи андоз, маҷмуи пули дар давраи ҳисоботӣ аз фурӯш бадастомада мебошад (279-1).
3. Маҷмӯи пули фурӯш дар асоси тартиби хазинавӣ (кассавӣ) ҳисоб карда шуда, ҳамчун маблағи аз фурӯши мол (кор ва хизматрасонӣ) ба даст омада, арзиши фурӯши амволи моликият, ки дар давраи ҳисоботи фурӯхта шудааст ва даромадҳои ғайрифурӯш дар доираи фаъолияти соҳибкорӣ бо тарҳ намудани андоз аз фурӯши чакана, муайян карда мешавад (279-1).
4. Корхонаҳое, ки тибқи нишондодҳои ин Дастурамал андоз месупоранд, супорандагони андозҳои аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ва аз моликияти корхонаҳо андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз истифодабарандагони захираҳои табиӣ намебошанд (279).
Ҳангоми амалиётҳои иқтисодии хориҷӣ супорандагони андозе, ки субъектҳои соҳибкории хурд тибқи системаи соддакардашуда мепардозанд, супорандагони тамоми андозҳо ва пардохтҳои гумруки (боҷи гумрукӣ, пардохтҳо барои ташрифоти гумрукӣ, андоз аз арзиши иловашуда, аксизҳо ва ғайра), ки қонунгузории андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст буда, ҳангоми таҳвили нахи пахта ва алюминии аввалия бошад - супорандагони андоз аз фурӯш аз ин молҳо мебошанд.
Доир ба андози даромад нисбати кормандон, андозсупорандагони номбаршуда агентҳои андоз ва доир ба пардохтҳои иҷтимоӣ - дар як вақт ҳам андозсупоранда ва ҳам агенти андоз мебошанд.
Супорандагони андозе, ки субъектҳои соҳибкории хурд тибқи системаи соддакардашуда пардохт менамоянд, ҳисобу ҳисоботро низ тибқи нмзоми соддакардашудае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, мебаранд.
...

5. Меъёри андоз - 5 фоизи манбаи андозбандӣ муқаррар шудааст (280).
III. Андозбандии байналхалқӣ
6. Маблағи андоз аз фоида (андози даромад), ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта шудааст, ҳангоми дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтани ин андозҳо ба ҳисоб гирифта мешавад.
Андозаи ба ҳисоб гирифтан, ки дар банди мазкур пешбинӣ шудааст, набояд аз маблағи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ҳисоб кардашуда зиёд бошад (151).
7. Агар резидент бевосита ё бавосита дорои зиёда аз 10 фоизи фонди оинномавӣ ё зиёда аз 10 фоизи аксияҳо ба ҳуқуқи овози корхонаи хориҷӣ, ки вай дар навбати худ дар мамлакати дорои андозбандии имтиёзнок даромад мегирад, бошад, як қисми чунин даромад, ки ба резидент таалуқ дорад, ба даромади (фоидаи) андозбандишавандаи вай дохил карда мешавад (152-1).
8. Давлати хориҷӣ дар ҳолате давлати дорои андозбандии имтиёзнок ҳисобида мешавад, ки агар меъёри андоз дар он нисбат ба меъёри мувофиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардашуда аз 1/3 баробар кам бошад, ё қонунҳо дар бораи махфӣ нигоҳ доштани маълумоти молиявӣ ё маълумот дар бораи ширкатҳо, ки барои нигоҳ доштани сирри соҳиби воқеии амвол ё даромад (фоида) гиранда имконият медиҳанд, вуҷуд дошта бошанд (152-2).
IV. Қоидаҳои баҳисобгирии андоз ва тартиби истифодабарии низоми соддаи андозбандӣ
9. Андозсупоранда вазифадор аст, ки даромад ва хароҷотҳоро дар асоси маълумотҳои ба ҳуҷҷат асоснок, аниқ ва сари вақт ба ҳисоб гирифта онҳоро ба давраҳои ҳисоботии дахлдор, ки онҳо ҳақиқатан гирифта шудаанд ё ба амал бароварда шудаанд, мансуб донанд (154-1, 155).
10. Андозсупоранда вазифадор аст, ки баҳисобгирии ҳамаи муомилоти марбут ба фаъолияташро, ки барои муайян кардани ибтидо, ҷараён ва ба охир расидани онҳоро имконият медиҳанд, таъмин намояд (154-2).
11. Андозсупоранда ҳисоботи муҳосибиро дар асоси усули хазинавӣ мебарад. Маблағҳои фурӯш, дар китобе, ки намудаш дар замимаи № 2 ба ин Дастурамал оварда шудааст, дарҷ карда мешаванд (279-1).
12. Лаҳзаи гирифтани даромад лаҳзаи гирифтани маблағҳои нақди пулӣ, дар мавриди пардохти ғайринақдӣ бошад, лаҳзаи ба ҳисобномаи бонкии вай ё дигар ҳисобномае, ки вай ихтиёрдорӣ карда метавонад ё аз он ҳуқуқи гирифтани маблағҳои мазкурро гирифтан дорад гузаронидани маблағҳои пулӣ дониста мешавад (156-1).
13. Дар сурати бекор кардан ё пардохтани ӯҳдадории молиявии андозсупоранда, аз ҷумла дар мавриди ҳисобу китоби байниҳамдигарӣ, лаҳзаи гирифтани даромад лаҳзаи бекор кардан ё пардохтани ӯҳдадорӣ ҳисоб карда мешавад (156-2).
14. Давраи ҳисоботӣ (андозбандӣ) барои корхонаҳо дар мавриди истифодаи системаи соддакардашудаи андозбандӣ семоҳа ҳисоб мешавад ва андозсупоранда эъломия доир ба андозро ба мақомоти андоз дар ҷои бақайдгириаш то рӯзи 10 моҳи минбаъдаи давраи ҳисоботии андозсупорӣ пешниҳод карда мешавад. Шакли эъломия дар замимаи № 1 ба Дастурамали мазкур оварда шудааст (281-1).
15. Мӯхлати пардохт намудани андоз рӯзи 10 моҳи минбаъдаи давраи семоҳаи ҳисоботӣ мебошад. То ин рӯз андозсупоранда ихтиёран метавонад, маблағҳои андозро пешпардохт намояд, ки онҳо ҳангоми пардохти андоз мутобиқи эъломияи пешниҳодшуда, ба инобат гирифта мешаванд.
16. Дастурамали мазкур аз 1 январи соли 2000 мавриди амал қарор меёбад.
* Замимаҳо оварда намешаванд.