Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Созишномаи таъсиси Шӯрои байнидавлатии ҳамкорӣ дар соҳаҳои матбуоти даврӣ, чопу паҳн кардани китоб ва полиграфия
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Созишномаи таъсиси Шӯрои байнидавлатии ҳамкорӣ дар соҳаҳои матбуоти даврӣ, чопу паҳн кардани китоб ва полиграфия, ки 4 июни соли 1999 дар шаҳри Минск ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор оид ба иҷрои ҳамин Созишнома тадбирҳо андешад.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуздорандаро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи зикргардида заруранд, огоҳ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 20 июни соли 2001 № 293
ш. Душанбе
аз 20 июни соли 2001 № 293
ш. Душанбе
...