Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи чопу паҳн кардани китоб ва полиграфия
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи чопу паҳ н кардани китоб ва полиграфия, ки 10 феврали соли 1995 дар шаҳри Алмато ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор оид ба иҷрои Созишномаи мазкур тадбирҳо андешад.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуздорандаро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи зикргардида заруранд, огоҳ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 20 июни соли 2001 № 289
ш. Душанбе
аз 20 июни соли 2001 № 289
ш. Душанбе
...