ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 1993 № 619 "Дар бораи тасдиқи Тартиби муайян кардани пардохт барои ифлос намудани муҳити зист, ҷойгиркунонии партовҳо ва андозаҳои ниҳоии он"
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 1993 № 619 "Дар бораи тасдиқи тартиби муайян кардани пардохт барои ифлос намудани муҳити зист, ҷойгиркунонии партовҳо ва андозҳои ниҳоии он" тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
аз номи қарор калимаҳои "ва андозаҳои ниҳоии он" хориҷ карда шаванд;
дар матни қарор калимаҳои "Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Вазорати ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон", мутобиқан ба калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Бонки миллии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
банди 4 қарор дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"4. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимиятн давлати, муассисаҳо, ташкилоту корхонаҳо, новобаста аз шакли моликият ва шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти вобаста ба истифодаи табиатро амали менамоянд, барои истифодаи табиат, ифлос кардани муҳити зист ва ҷойгиркунонии партовҳо супоридани пардохтро ба ҳисобҳои махсуси мақомоти ҳифзи табиат бо воситаи хазинадории марказии мақомоти молияви пурра ва сари вақт таъмин намоянд".
Дар Тартиби муайян намудани пардохт барои ифлос кардани муҳити зист, ҷойгиркунонии партовҳо ва андозаҳои ниҳоии он:
аз номи Тартиб калимаҳои "ва андозаҳои ниҳоии он" хориҷ карда шаванд;
дар матн калимаҳои "Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Вазорати ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои депутатҳои халқи", мутобиқан ба калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати", иваз карда шаванд;
сархати якуми банди 1 бо мазмуни зайл ифода карда шавад:
"Тартиби мазкур масъалаҳои муайян намудани пардохтро барои ифлос кардани муҳити зист ва ҷойгиркунонии партовҳо танзим намуда, иҷрои талаботи он барои корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият ва шаҳрвандон (минбаъд табиатистифодабарандагон), ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми намудҳои фаъолияти вобаста ба истифодаи табиатро анҷом медиҳанд, ҳатми мебошад. Ин тартиб пардохтситониро барои намудҳои зерини таъсири зараровар ба муҳити зист пешбини мекунад:";
дар банди 4 калимаҳои "коэффитсиенти панҷкарата зиёдшаванда" ба калимаҳои "коэффитсиенти зиёдшаванда тибқи муқаррароти қонун" иваз карда шаванд;
сархати якуми банди 8 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Маблағҳои пардохт барои ифлос кардани муҳити зист ва ҷойгиронии партовҳо ба ҳисобҳои махсуси ҳифзи табиат ба воситаи хазинадории марказии мақомоти молияви интиқол дода мешаванд ва бо тартиби аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда ба мақсадҳои беҳдошти муҳити зист ва таъмини бехатарии экологии аҳоли истифода мегарданд".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 августи соли 2004 № 367
ш. Душанбе