Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи нақшаи истифодаи кредити тиҷоратие, ки аз тарафи ҷамъияти давлатии саҳомии "Сомониён" ҷалб шудааст
Ба манзури самаранок ва мувофиқи мақсад истифода намудани кредите, ки мутобиқи фармоиши Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 1994 №163 аз тарафи ҷамъияти давлатии саҳомии "Сомониён" ҷалб шудааст, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шартномаи имзогардидаи байни саридораи маҳсулоти тамоку, намак ва корхонаҳои тавлиди нӯшокиҳои спиртӣ /ТЕКЭА/, фирмаи воридотию содиротии "СЕРА Итхалат-ихраҷат АШ" , ки дар Ҷумҳурии Туркия қарор дорад ва ҷамъяти давлатии саҳомии "Сомониён" дар бораи гирифтани кредити молӣ ба маблағи 15 мил. доллари ШМА тасдиқ карда шавад.
2. Нақшаи истифодаи кредите, ки аз ҷониби ҷамъияти давлвтии саҳомии "Сомониён" тартиб дода шудааст /замима мегардад/, маъқул дониста шавад.
3. Пешниҳоди ҷамъияти давлатии саҳомии "Сомониён" дар мавриди аз гумрук гузаронидани борҳо аз бандарҳои ИДМ, ки мувофиқи кредити мазкур гирифта мешавад ва баъдан ба кумитаи гумруки назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо, дастгирӣ карда шавад.
Аз Ҳукумати Федерацияи Россия дархост карда шавад, ки барои боҷ ва андозгузарии кредити мазкур шароити имтиёзнокро истифода намояд.
4. Тоҷиквнешэкономбонк дар таъмини кредити мазкур ҳамчун бонки ваколатдор муайян гардида, ба зиммаи он назорати бозгардонии сари вақти кредит ва адо кардани фоизи қарз аз истифодаи он гузошта шавад.
5. Ҷамъияти саҳомии давлати "Сомониён", Тоҷиквнешэкономбонк ҳама сола то 1 феврали пас аз соли ҳисоботӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди истифода ва адои қарз маълумот диҳанд.
Раиси
Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Самадов
Раиси
Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Самадов
Мудири
Корҳои Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирзоев
...