Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ба институти тарбияи кадрҳои тиббии Тоҷикистон пас аз гирифтани диплом табдил додани Институти такмили ихтисоси духтурони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади меҳнат намудани тарбияи кадрҳои духтурон ва кормандони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ, истифодаи самарабахши нерӯи мавҷудаи илмию омӯзгорӣ, базаи таълимӣ мувофиқи талаботи концепсияи нави тарбияи кадрҳои тиббӣ ва қисман тағйир додани қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 1993 №247 Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Пешниҳоди Вазорати тандуристии Тоҷикистон дар мавриди ба Институти тарбияи кадрҳои тиббии Тоҷикистон пас аз гирифтани диплом табдил додани Институти тақмили ихтисоси духтурони Вазорати мазкур маъкул дониста шуда , фаъолияти он дар доираи маблағҳои, ки дар буҷети ҷумҳурӣ барои соҳаи "тандурусти"пешбинӣ гардидаанд, сурат гирад.
Раиси
Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Самадов
Раиси
Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Самадов
Мудири
Корҳои Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирзоев
Мудири
Корҳои Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирзоев
аз 18 июля соли 1994 № 353
ш.Душанбе
аз 18 июля соли 1994 № 353
...