ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Бо Мақсади иҷрои Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини шароити мусоид барои тавсияи забони давлатӣ ва забонҳои миллӣ, пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи забонҳо ва истилоҳот Комиссияи татбиқи Қонуни забон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, ҳайати он тасдиқ карда шавад (Замима мешавад).
2. Низомномаи Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (Замима мешавад).
3. Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии тавсияи забони тоҷикӣ, забонҳои дигари миллиро дар мӯҳлати се моҳ тартиб дода, ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад.
4. Дастгоҳи кории Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 5 нафар аз ҳисоби интиқоли бастҳои шӯъбаи забони тоҷикии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 3 воҳид ва бастҳои гурӯҳи кории татбиқи Қонуни забони назди Институти забону адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 2 воҳид таъсис дода шавад. Шароити пардохти музди меҳнати дастгоҳи кории Комиссия бо кормандони Дастгоҳи Президент баробар карда шавад.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди музди меҳнат ва ҳаҷми умумии бопултаъминкуниро барои нигоҳ доштани дастгоҳи кории Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда, пешниҳодҳои худро манзури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояд.
Ҳукумати ш. Душанбе якҷоя бо Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгоҳи кории Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо утоқҳои корӣ ва лавозимоти хизматӣ таъмин намоянд.
5. Фармоишҳои Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 23 феврали соли 1990 № 51 ф, аз 23 октябри соли 1990 № 376 ф ва Девони Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 2 августи соли 1991 № 143 ф аз эътибор соқит дониста шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 октябри соли 1995 № 662
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 октябри соли 1995№ 662
тасдиқ шудааст
Ҳайати Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Додхудоева Б.Д. - Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (раиси комиссия)
2. Ҳамидов Р.Ҳ. - мудири шӯъбаи комплекси иҷтимоию фарҳангии Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (муовини раиси комиссия)
3. Асадов А. - ходими калони илмӣ - узви гурӯҳи кории Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Институти забону адабиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (котиби комиссия)
4. Абдуллоев З. - мудири шӯъбаи маънавиёти рӯзномаи "Ҷумҳурият", шоир
5. Абдуманнонов А. - муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
6. Акбаров М.А. - муовини сардори идораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Алиев Н. - мудири шӯъбаи забони тоҷикии Вазорати маориф
8. Асроров М. - сардори идораи радио ва телевизиони Вазорати фарҳанг ва иттилоот
9. Аҳмадзод Н. - мутахассиси дараҷаи 1 идораи маорифи ш. Душанбе
10. Камолиддинов Б. - мудири кафедраи услубшиносӣ ва тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
11. Лоиқ Шералӣ - раиси Бунёди забони тоҷикӣ, шоир
12. Лутфуллоев М. - директори Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Вазорати маориф
13. Маҷидов Ҳ. - доценти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
14. Мирзоев С. - ходими хурди илмии Институти забону адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон
15. Муллохонов А. - муаллими мактаби № 77 ш.Душанбе
16. Обидов У. - доценти кафедраи услубшиносӣ ва тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
17. Одинаев С. - муаллими калони кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон
18. Рустамов А. - ходими калони илмии Институти забону адабиёти ба номи Рӯдакӣ АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон
19. Саидов Ҳ. - муаллими мактаби № 10 ш. Душанбе
20. Сияров А. - сармутахассиси шӯъбаи комплекси иҷтимоию фарҳанги Дастгоҳи Президент
21. Тошматов Ҷ. - мудири шӯъбаи рӯзномаи "Халқ овозӣ"
22. Эрназаров С. - муовини раиси Кумитаи истилоҳоти назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
23 Файзов М. - мудири шӯъбаи Институти забону адабиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
24 Фатҳуллоев С. - ходими калони илмӣ - узви гурӯҳи кории Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Институти забону адабиёти АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон
25. Қаландаров С. - котиби масъули ҳафтаномаи "Омӯзгор"
26. Хаскашев Т. - мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
27. Шоев Э. - доценти кафедраи методикаи таълими забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
28. Ҷавов А. - ходими илмии Институти мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
29 Ҷӯраев Р. - ходими калони илмӣ - роҳбари гурӯҳи кории Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Институти забону адабиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.