ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 20.03.2008 № 377, аз 22.07.2013 № 1000)
Қонуни мазкур тартиби гузаронидани санҷишҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор ва шахсони мансабдори мақомоти санҷишро муқаррар намуда, барои ҳифз намудани фаъолияти онҳо аз дахолати ғайриқонунӣ равона гардидааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Доираи татбиқи Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба ташкил ва гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз ҷониби мақомоти санҷиш танзим менамояд.
2. Қонуни мазкур нисбати санҷишҳое, ки аз тарафи мақомоти зерин гузаронида мешаванд, татбиқ намегардад:
"Бонки миллии Тоҷикистон оид ба фаъолияти бонкҳо ва муассисаҳои ғайрибонкии молиявӣ:
-мақомоти иҷрокунандаи фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ;
-мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ, прокуратура ва судҳо;
-мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуқтаҳои доимӣ ва сайёр бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ;
-мақомоти андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;
...