Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2005 № 141 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 "Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, № 23, моддаи 340; соли 2000, № 11, моддаи 533, моддаи 552; соли 2004, № 2, моддаи 37, моддаи 53; соли 2005, № 3, моддаи 118, №7, моддаи 408) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқи, таъинот, вазифаҳо, ҳайат, принсипҳои ташкил ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.".

2. Ба моддаи 1 қисми якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ буда, дорои Қувваҳои Мусаллаҳи худ мебошад .".

3. Дар қисми якуми моддаи 2:

сархати чорум дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"ташкил ва пешбурди мудофиаи ҳудудӣ;"

дар сархати панҷум калимаи "кардан" хориҷ карда, калимаи "байналхалқӣ" ба калимаи "байналмилалӣ" иваз карда шавад.

4. Моддаи 3 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.".

5. Дар ном ва матни моддаи 4 калимаи "сохтмон" ба калимаи "ташкил" иваз карда шавад.

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О Вооруженных Силах Республики Таджикистан"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 14 декабря 1996г. "О Вооруженных Силах Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1996г., №23, ст. 340; 2000г., №11,ст.533, ст. 552; 2004г., №2 ст. 37, ст.53; 2005г., №3, ст. 118, №7, ст. 408) следующие изменения и дополнения:

1. Преамбулу Закона изложить в следующей редакции: "Настоящий Закон определяет правовые основы, назначение, задачи, состав, принципы организации и функционирования Вооруженных Сил Республики Таджикистан.".

2. Статью 1 дополнить частью первой следующего содержания:

"Республика Таджикистан как независимое государство, являясь субъектом международного права, имеет собственные Вооруженные Силы.".

3. В части первой статьи 2 текста Закона на таджикском языке:

-четвертый абзац изложить в следующей редакции:

"ташкил ва пешбурди мудофиаи худудй;";

-в пятом абзаце слово "кардан" исключить, слово "байналхалкй" заменить словом "байналмилалй".

4. Статью 3 изложить в следующей редакции:

"Статья 3. Законодательство Республики Таджикистан о Вооруженных Силах Республики Таджикистан

Законодательство Республики Таджикистан о Вооруженных Силах Республики Таджикистан основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан и международных правовых актов, признанных Республикой Таджикистан".

5. В названии и тексте статьи 4 слово "строительства" заменить словом "организации".

6. Из третьей части статьи 5 слова "Комитет оборонной промышленности при Правительстве Республики Таджикистан" исключить.

...