Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2009с. № 266 сархати 2-и банди 12 беэътибор дониста шуд
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚAPOP
Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2004 ва вазифаҳо барои соли 2005
Дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳо дар доираи ҳуҷҷати стратегияи паст кардани сатҳи камбизоати ва дигар барномаҳои ислоҳоти иқтисоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2004 ба тамоюли болоравии нишондиҳандаҳои макроиқтисоди, даромадҳои воқеии аҳолии ва афзоиши ҳаҷми хизматрасониҳо ноил гардида дар ин давра фаъолнокии сармоягузори ва самаранокии он ба иқтисодиёт афзуд.
Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохили (ММД) нисбат ба соли 2003 10,6 фоиз афзуд, ки ин дар ҳафт соли охир нишондиҳандаи баландтарин аст. Дар ин давра сатҳи таваррум 5,7 фоиз паст гардид, ки дар баробари афзоиши воқеии ММД аз истифодаи самараноки омилҳои системаҳои пулию молияви, инчунин дигаргунсозиҳои сохтори шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон, дар афзоиши ММД сол ба сол зиёдшавии ҳиссаи бахши воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, кишоварзи ва хизматрасони ба назар мерасад.
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноати дар муқоиса бо соли 2003 дар ҳаҷми 14,4 фоиз таъмин гардид.
Дар кишоварзи ҳаҷми истеҳсоли ҳамаи намудҳои маҳсулот афзуда, дар маҷмӯъ нисбат ба соли 2003 111,3 фоизро ташкил дод. Ислоҳоти дар ин соҳа ҷараёндошта мавқеи бахши ғайридавлатиро мустаҳкам гардонд ва ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзи ба 76,1 фоиз расид.
Дар соли 2004 аз тамоми манбаъҳои маблағгузори дар ҳаҷми 549,6 млн. сомони сармоягузори анҷом дода шуд, ба маблағи 238,6 млн. сомони фондҳои асоси, аз ҷумла объектҳои муҳими иҷтимои, ба монанди хонаҳои истиқомати, мактабҳои таҳсилоти умуми, муассисаҳои томактаби, дармонгоҳҳо ва беморхонаҳо ба истифода дода шуданд.
Дар бахши нақлиёт дар муқоиса бо соли 2003 ҳаҷми боркашони 28,8 фоиз ва мусофиркашони 36,1 фоиз зиёд гардид.
Гардиши савдои хориҷи 2290,1 млн. доллари ШМА, аз ҷумла содирот 914,9 млн. доллари ШМА, воридот 1375,2 млн. доллари ШМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2003 мутобиқан 14,8 ва 56,1 фоиз зиёд аст. Гардиши савдои чакана ва хизматрасонии пулаки мутобиқан 22,4 ва 12,9 фоиз афзуд.
Дар соли 2004 ба Буҷети давлати 1028,5 млн. сомони ворид гардид, ки бо дарназардошти буҷети иловагие, ки аз натиҷаи нимсолаи аввали соли 2004 қабул гардид 105,2 фоизро ташкил медиҳад. Сатҳи даромади буҷет нисбати ММД 16,7 фоизро ташкил дод. Қисми хароҷоти Буҷети давлати ба маблағи 1026,0 млн. сомони иҷро гардид, ки нисбати нақша 99,1 фоизро ташкил медиҳад.
Гарчанде дар аксари соҳаҳои иқтисодиёти милли муваффаққиятҳои назаррас ба даст омада бошад ҳам, то ҳол на дар ҳамаи мақомоти идораи давлати, корхонаю ташкилотҳо мутобиқи талаботи имрӯзаи иқтисоди бозори фаъолият намуданд.
Як қатор корхонаю ташкилотҳо то ҳол ба механизмҳои иқтисоди бозори мутобиқ нагардидаанд, ки ин ҳолат ба натиҷаҳои фаъолияти молиявию иқтисодии онҳо таъсири манфи расонида истодааст. Дар бахши кишоварзи ҳаҷми қарзҳои берунаи хоҷагиҳои пахтакор торафт афзоиш ёфта, ҳал нагардидани проблемаи мазкур на фақат ба рушди ин бахши муҳими иқтисодиёт монеъа мешавад, балки хавфи муфлисшавии соҳаро ба миён овардааст.
Бахши соҳибкории хусуси ҳоло ҳам устувор нест ва ҳиссаи он дар ММД хеле ночиз аст. Ин шаҳодати он аст, ки дар сатҳи мақомоти маҳалли ҳанӯз монеаҳои мавҷудбудаи рушди соҳибкори аз байн бардошта нашудаанд.
...