Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2002 № 855 "Дар бораи ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2002 № 855 "Дар бораи ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Комиссия оид ба ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати мутобиқи замима таъсис дода шавад.
2. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- мутобиқи тартиби муқарраршуда Раёсати корҳои ислоҳӣ, муассисаҳои ислоҳӣ бо воҳидҳои сохтории истеҳсолӣ, ҳабсхонаҳои тафтишотӣ, раёсатҳои сохтмону васлгарӣ, муассисаҳои нақлиётӣ ва дигар муассисаю ташкилотҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, аз ҷумла қитъаҳои замини ба онҳо вобастакардашуда ва дар истифодаи онҳо қарордошта, заминҳои кишоварзӣ, биноҳо, иморатҳо, иншоот, аслиҳа, воситаҳои махсус ва дигар амволро ба ихтиёри Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорад;
- ба кадри супоридани муассисаҳо ва объектҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ супоридани марҳала ба марҳалаи вазифаҳои оид ба ҳифзи муассисаҳои ислоҳӣ, посбонӣ карда бурдан ва аз як ҷо ба ҷои дигар бурдани маҳбусон ва маҳкумшудагонро (қисми ҳарбии № 6593 ва баталони чоруми қисми ҳарбии № 3501) ба ихтиёри Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.
3. Комиссия оид ба ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- назорати қатъии аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани муассисаҳо ва объектҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятиро таъмин намояд;
- оид ба ҳалли масъалаҳои ташкилӣ, молиявӣ ва моддию техникии марбут ба ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ пешниҳодҳо таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намояд;
- то 15 октябри соли 2002 лоиҳаҳои қонунҳои дахлдор ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро, ки аз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2002 № 855 ва ҳамин қарор бармеоянд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
4. Муқаррар карда шавад, ки муассиса ва мақомоти системаи ислоҳи ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворисони ҳуқуқии муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
5. Ба воҳидҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки оинномаҳо (низомномаҳо) ва мӯҳрҳо, штампҳо, бланкҳоеро, ки барои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор доштанд, то замоне ба роҳбарӣ гиранд ва истифода намоянд, ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраркардашуда онҳоро пурра иваз намояд.
6. То ба охир расидани кори комиссия, хусусигардонии моликияти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, аз баланс ба баланс гузаронидани аслиҳа, фондҳои асосӣ ва арзишҳои молию моддӣ, зиёд ва ихтисор кардани шумораи кормандон ва инчунин ба дигар сохторҳо гузаронидани онҳо манъ карда шавад.
7. Ба Комиссия ҳуқуқ дода шавад, ки мутахассисони вазоратҳо ва идораҳои дахлдорро барои омӯхтани масъалаҳои ҷудогона ва иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Комиссия гузошташуда ҷалб намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 12 сентябри соли 2002 № 367
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 сентябри соли 2002 № 367
тасдиқ шудааст
Ҳайати Комиссия оид ба ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамидов X. - Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (раис);
Толибов Р. Ғ. - мудири бахши кор бо мақомоти ҳифзи ҳукуқи шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ғозиев А. Ғ. - муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ҳасанов М. Ҳ. - муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ахмедов А. А. - муовини Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Зоиров Ш. Ю. - муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раҳмонов Х.Қ. - муовини Раиси Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Зиеев М. - сардори Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Юсупов Ҳ.Ғ. - Фармондеҳи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сайдамиров Ш.С. - командири қисми ҳарбии № 6593 Раёсати қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сайманов Л. А. - сардори шӯъбаи мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пайков Д. К. - сармутахассиси Идораи тараққиёти соҳаи саноати Департаменти сиёсати соҳавӣ ва минтақавии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.