×

Дастурамали №100 "Дар бораи тартиби бақайдгирии бонкҳо, воҳидҳои онҳо ва додани иҷозатнома барои фаъолияти бонкӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 29 марти соли 2000, № 100

Санаи амалкуни: 28.02.2005

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 21.02.2006, № 289 беэътибор дониста шуд

Бо Қарори Раёсати

Бонки миллии Тоҷикистон

аз "29" марти соли 2000 таҳти 48

тасдиқ шудааст

Дастурамали № 100 "Дар бораи тартиби бақайдгирии бонкҳо, воҳидҳои онҳо ва додани иҷозатнома барои фаъолити бонкӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон"

(Қарори Бонки миллии Тоҷикистон аз 28.02.2005с. № 54)

Ин Дастурамал мутобиқи моддаи 28-ӯми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" аз 23 майи соли 1998 ва моддаи 34-ӯми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" аз 14 декабри соли 1996, таҳия шудааст.

Дастурамал барои ҳамаи бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонки қобили қабул аст.

Дар ин дастурамал мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

- муассисон - шахсони ҳуқуқию воқеъи, ки ба сифати ташаббускори таъсиси бонк ва ташкилдиҳандаи сармояи аввалияи оинномавии он баромад мекунанд.

- иштирокдорон - шахсони ҳуқуқию воқеъи, ки дар сармояи оинномавии бонки амалкунандае, ки дар шакли ҷамъияти саҳомии маҳдуд, бе ҳуқуқи барориши саҳмияҳои беном таъсис ёфтааст, ҳисса мегузоранд.

- саҳмдорон - шахсони ҳуқукию воқеъи, ки дар сармояи оинномавии бонки амалкунандае, ки дар шакли чамъияти саҳомии номаҳдуд, бо ҳуқуқи барориши саҳмияҳои беном таъсис ёфтааст, ҳисса мегузоранд.

ФАСЛИ I. БАҚАЙДГИРИИ БОНКҲО. ДОДАНИ ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКҲО

1. Бонк дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар шакли ҷамъияти саҳомии маҳдуд бе ҳуқуқи баровардани саҳмияи беном ва ҷамъияти саҳомии номаҳдуд ташкил ёбад, ки ин дар оиннома ва номи фирмавии он инъикос мегардад.

2. Бонке, ки дар шакли ҷамъияти саҳомии пӯшида ташкил шудааст, метавонад саҳмдорони на зиёдтар аз 50% дошта бошад. Агар миқдори саҳомон аз 50% зиёд шавад, бонк дар муддати се моҳ ӯҳдадор аст маҷлиси умумии саҳмдоронро гузаронида оид ба тағйир додани шакли бонк қарор қабул кунанд.

Саҳмияҳои бонки дар шакли ҷамъияти саҳомии маҳдуд ташкилшуда танҳо дар ҳолати рози будани ҳамаи саҳмдорони бонк ба шахси дигар гузашта метавонанд.

3. Саҳмияҳои бонки дар шакли ҷамъияти саҳомии номаҳдуд ташкилшуда бе розигии дигар саҳмдорон аз даст ба даст гузашта метавонанд.

4. Мувофиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" бонкҳо дар шаклҳои зерин созмон дода мешаванд:

- бонки давлатӣ;

- бонки ғайридавлатӣ;

- бонк бо иштироки сармояи хориҷӣ;

- бонки байнидавлатӣ, агар бонк дар асоси шартномаи (созишномаи) байналхалқи созмон дода шавад. Талаботи ин Дастурамал барои он низ, бо назардошти хусусиятҳое, ки дар шартномаи (созишномаи) байналхалқии таъсиси он пешбини шудаанд, қобили истифодаанд.

5. Аз рӯи навъи моликият бонк метавонад давлатӣ, тиҷоратӣ, таовуни (кооперативи) ва хусусӣ бошад.

6. Аз рӯи навъи фаъолият бонкҳо метавонанд махсус ва умумӣ (универсали) бошанд.

7. Барои бонкҳо фаъолият дар соҳаи истеҳсолоти модди ва савдои доираҳои модди, ҳамчунин машғул шудан ба ҳамаи навъҳои суғурта манъ карда мешавад.

Иштирок дар ҳама гуна "бозиҳо", аз ҷумла ташкил ва гузаронидани бози ва лотореяҳои (бахтозмоиҳои) пуливу моли, ҳамчунин гузаронидани лотореяҳои пуливу моли дар бинои бонк ё рекломи онҳо барои бонкҳо манъ аст.

8. Бонк ва бахшҳои он, намояндагиҳо, нуқтаҳои мубодилаи арз ва ваколатдор мутобиқи моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бе розигии ҳокимияти маҳалли ташкил ва кушода мешаванд.

9. Бонк дар сурати доштани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон барои иҷрои амалиёти бонки, ҳуқуқ дорад амалиётҳои дар моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" пешбинишударо анҷом диҳад.

10. Мутобиқи Дастурамали мазкур ҳуҷҷатҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон дар ду нусха пешниҳод карда мешаванд, ки яке асли санад ва дигаре нусхаи аз тарафи идораи нотариали тасдиқшудаи он мебошад.

11. ҳуҷҷатҳои таъсиси, ки мутобиқи ин Дастурамали мазкур ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод шуда, зиёда аз як варақанд, бояд дӯхта ва рақамгузори шуда, аз тарафи идораи нотариали тасдиқ шуда бошанд.

Боби 1. Муассисони бонк

12. Ба сифати муассиси бонки давлати фақат ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад баромад намояд.

Шахсони мансабдори мақомоти ҳокимият ва идораи давлати наметавонанд дар мақомоти идораи бонк (ба истиснои бонки давлати) иштирок намоянд ё зиёда аз панҷ фоизи саҳмияҳои дорои ҳуқуқи овоздиҳиро соҳиби ё назорат кунанд.

13. Шахсони ҳукуқию вокеъи-резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иштироки онҳо дар таъсиси бонк бо қонунгузории ҷори манъ карда нашудааст, метавонанд муассисони бонк бошанд.

Муассисон-шахсони ҳуқуқи бояд ба тартиби дар қонунгузории ҷори муқарраршуда ба қайд гирифта шуда бошанд, вазъи устувори молияви дошта бошанд ва ӯҳдадориҳои худро дар назди буҷети ҷумҳури дар се соли охир доир ба пардохти андоз ва пардохтҳои ба он баробар иҷро намоянд.

Муассисони бонк бояд дорои маблағе бошанд, ки барои ба сармояи оинномавии бонк дохил намудани онҳо талаботи муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистонро қонеъ созад.

14. Қарздории шахси ҳуқуқи дар назди буҷет, новобаста аз мавҷудияти тамдиди пардохти он, барои ба ҳайати муассисони бонк қабул накардани он шахси ҳуқуқи асос мебошад.

15. Шумораи муассисони бонк номаҳдуд буда метавонад.

Боби 2. Ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирии бонк ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд

16. Барои омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурии таъсиси бонк муассисон бояд гурӯҳи ташкили таъсис диҳанд ва барои бо Бонки миллии Тоҷикистон дар масъалаи баррасии санадҳо тамос гирифтан, як шахси ваколатдор таъйин намояд.

17. Барои бақайдгирии давлатии бонк ва додани иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки, муассисон на дертар аз як моҳи баъди имзои шартномаи таъсиси дар бораи ташкили ҷамъияти саҳоми ба Бонки миллии Тоҷикистон санадҳои аслии зеринро пешниҳод менамояд:

1) ариза бо дархост дар хусуси бақайдгирии давлатии бонк ва додани иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки бо имзои раиси шӯрои бонк ё шахси дигари ваколатдори маҷлиси муассисон (замимаи №1).

Ариза ба забони давлати дода шуда, дар он бояд нишонии аризадиҳанда зикр гардад.

Ба дархостномаи бақайдгири ҳамчунин замима мегарданд:

- маълумот дар бораи муассисони бонк, соҳаи фаъолияти онҳо, вазъи молияви, дурнамои инкишофи онҳо,

- асосмандии иқтисодии таъсиси бонк, ки бояд феҳрасти масъалаҳои асосии дар замимаи №2 овардашударо инъикос намояд,

- сохтори пурраи ташкилии бонк, аз ҷумла хадамоти назорати дохили,

- маълумот дар бораи бинои бонк ва таҷҳизоти техникии он. Бинои бонк бояд таҷҳизот, сигнализатсияи посбониву сӯхтору хатар ва барои иҷрои амалиёти бонки мутобиқи талаботи Низомномаи "Талаботи техники барои тарҳрези ва дуруст кардани маркази (узели) кассави дар бинои муассисаҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки Бонки миллии Тоҷикистонтасдиқ намудааст, маркази кассавии аз ҷиҳати техники мустаҳкам дошта бошад;

2) пайнавишти маҷлиси муассисон, ки шомили қарор дар бораи таъсиси бонк, тасдиқи номи он, интихоби шӯрои бонк, тасдиқи оиннома, тасдиқи номзадҳо барои ба вазифаҳои роҳбари (раиси бонк ва муовинони вай, сармуҳосиб ва муовинони вай) таъин намудан, тасдиқи тавозуни ҳисоббаробарии пешбинишуда ва нақшаи даромад, хароҷот ва фоидаи се соли аввали фаъолияти бонк-барои ҳар сол ҷудогона мебошад;

3) шартномаи таъсиси аз тарафи идораи нотариали тасдиқшуда (замимаи№3), ки бояд инҳоро дарбар гирад:

- вазифаи муассисон дар масъалаи таъсиси бонк,

- тартиби фаъолияти муштарак доир ба таъсиси он,

- нишондоди шакли ташкиливу ҳуқуқии бонк,

- шартҳои ба бонк супоридани амволи худ ва иштирок дар фаъолияти он,

- мақсади таъсиси бонк,

- андозаи сармояи оинномавии бонк,

- ҳиссаи ҳар як муассис дар сармояи оинномавии бонк (бо рубл ва фоиз),

- шартҳо ва тартиби байни иштирокдорон тақсим намудани фоида ва ҷуброни зарар,

- масъулияти иштирокдорон барои риоя накардани вазифаҳо оид ба амонатгузори,

- маълумот дар бораи ҳайат ва салоҳияти мақомоти идорасозии бонк ва тартиби аз ҷониби онҳо қабул намудани қарорҳо.

Шартномаи таъсисро бояд ҳамаи муассисони бонк имзо намоянд. Дар баробари ин ҷои воқеъгарди (нишонии почтави) ва мушаххасоти бонкии онҳо нишон дода мешавад.

Имзои муассис-шахси ҳуқуқи бояд бо мӯҳри вай тасдиқ карда шавад.

Маълумоти шиноснома ва имзои муассис-шахси воқеъи аз тарафи кормандони идораи назорати Бонки миллии Тоҷикистон муқоиса карда мешавад.

Дар ҳолати аз ҷониби як муассис таъсис додани бонк шартномаи таъсис тартиб дода намешавад;

4) оинномаи бонк дар ду нусха (замимаи №4), ки бояд инҳоро дарбар гирад:

- номи фирмавии (пурраи расмии) бонк, бо ишора ба шакли ташкилию ҳуқуқи ва номи кӯтоҳкардашудаи он, барои истифода дар санадҳои пардохт бо забонҳои давлати ва хориҷи. Номи фирмави дар таркибаш калимаи "бонк" дорад. Номҳои пурра ва кӯтоҳкардашуда бояд дар варақаи унвони оиннома ва мӯҳри бонк инъикос гарданд,

- ҷойи воқеъгардии (нишонии почтавии) бонк,

- феҳристи амалиёт ва муомилоти бонки, ки бонк мутобиқи моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" анҷом додани аст,

- маълумот дар бораи андозаи сармояи оинномави ва андозаи фонди захирави (бо фоиз нисбат ба сармояи оинномави),

- тақсими фоидаи бонк,

- тартиби идораи фаъолияти бонк: ҳайат ва салоҳияти мақомоти идоракунии он, аз ҷумла мақомоти иҷроия, тартиби ташкили онҳо ва аз ҷониби онҳо қабул гардидани қарорҳо, аз ҷумла доир ба масъалаҳое, ки аз рӯи онҳо якдилона ё бо аксарияти овози муайяншуда қарор қабул карда мешавад,

- андозаи амонат, ки дар маҷлиси иштирокдорони бонк ҳуқуқи як овозро медиҳад,

- муқаррароти вобаста ба таъмини ҳисобгири ва беосеб нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо, ҳамчунин дар ҳолати аз нав ташкил намудан ё барҳам додани бонк, ба тартиби муқаррарнамудаи Бойгонии давлати, саривақт ба нигоҳдории давлати супоридани онҳо,

- назорат аз рӯи фаъолияти молиявию хоҷагидории бонк,

- тартиби барҳам додан ва аз нав ташкил намудани бонк,

- муқаррароти дигаре, ки хилофи қонунгузории ҷори нестанд.

Оинномаи бонке, ки дар шакли ҷамъияти саҳоми ташкил карда мешавад, ғайр аз муқаррароти дар боло зикршуда бояд маълумоти зеринро низ дарбар гирад:

- шакли ҷамъияти саҳоми (кушода ва пӯшида),

- миқдор, арзиши исми, категорияҳои (муқаррари, боном, имтиёзнок) саҳмияҳо ва навъҳои саҳмияҳои имтиёздор, ки аз тарафи ҷамъият паҳн карда мешаванд,

- ҳуқуқи саҳмдорон - соҳибони саҳмияҳои ҳар категория (навъ),

- муқаррароти дигаре, ки хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" намебошанд.

Ҳангоми дар натиҷаи як ё якчанд муомилот аз тарафи як шахси ҳуқуқи ё воқеъи ё худ гурӯҳи шахсони ҳуқуқи ва (ё) воқеъи, ки байни ҳамдигар бо созишнома иртибот доранд ё гурӯҳи шахсони ҳуқуқие, ки муассисаи фаръи ё бо ҳамдигар вобастаанд, харида шудани зиёда аз 5%-и ҳиссаҳои (саҳмияҳои) бонк, муассисони бонк дар ин хусус бо роҳи ба дархостнома дар бораи бақайдгирии давлатии бонк ва додани иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки илова намудани маълумот дар бораи муносибатҳои молумулкии иштирокдорон (замимаи №5) Бонки миллии Тоҷикистонро огоҳ менамоянд.

Дар ҳолати аз тарафи муассисон - саҳҳомон харидори гаштани зиёда аз 20%-и ҳиссаҳои (саҳмияҳои) бонк, бо дархостнома дар бораи бақайдгири дархостнома дар хусуси мувофиқати харидории зиёда аз 20%-и ҳиссаҳо (саҳмияҳо) низ бо илова намудани ҳуҷҷатҳое, ки дар банди 29, боби 4, фасли I ин дастурамал нишон дода шудаанд, пешниҳод карда мешавад.

Барои муассисон - саҳҳомони бонк харидори намудани саҳмияҳо, ҳангоми барориши аввалини онҳо, бо нархи аз нархи асли камтар манъ карда мешавад.

Ба оинномаи бонке, ки дар шакли ҷамъияти саҳоми ташкил мегардад, рӯйхати саҳмдорон (замимаи №9) илова карда мешавад, ки имзо ва маълумоти шиносномаи саҳмдорон-шахсони воқеъи, ҳамчунин имзои роҳбарони саҳмдорон-шахсони ҳуқуқиро, ки бо мӯҳри онҳо тасдиқ шудааст, дарбар мегирад.

Оинномаро бояд маҷлиси муассисон тасдиқ намояд ва раиси шӯрои бонк ба имзо расонад;

5) нақшаи кори (бизнес-план), ки стратегияи фаъолият, самт ва миқёси фаъолиятро дар давоми се соли аввали кор, нақшаи маркетингро (ташкили мизоҷони бонкро) ифода менамоянд ва мутобиқи замимаи №6 феҳристи саволҳоро инъикос месозад.

Ба нақшаи кори (бизнес-план) тавозуни ҳисоббаробари ва нақшаи даромаду хароҷот ва фоидаи бонк дар се соли аввали фаъолият, барои ҳар сол ҷудогона, (замимаҳои №7,8) илова карда мешавад.

6) ҳисобот дар бораи чорабиниҳои муқаддамотие, ки аз тарафи муассисон мутобиқи нақшаи кори (бизнес-плани) пешниҳодгардида гузаронида шудааст.

7) рӯйхати муассисони бонк (замимаи №9);

8) рӯйхати аъзои шӯрои бонк ва рӯйхати аъзои раёсати бонк, ки дар он раисон ва муовинони онҳо, номи пурра ва нишонии ҳар як шахс нишон дода шуда, аз тарафи раиси шӯрои бонк имзо гардидааст;

9) нусхаи супоришномаи пардохт, ки маркази ҳисоббаробарии Бонки миллии Тоҷикистон ва пардохт барои бақайдгирии бонк дар он нишон дода шудааст. Пардохт аз ҳисоб (хисобҳо) аз рӯи фаъолияти асосии муассис (муассисон) амали карда мешавад.

Шахсони ҳуқуқи ва воқеъие, ки муассисони бонк намебошанд, ҳақ надоранд барои бақайдгирии бонк пардохт намоянд.

10) нусхаи аз тарафи идораи нотариали тасдиқшудаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии муассисон-шахсони ҳуқуқи, хулосаи аудитори дар хусуси дурустии ҳисоботи молиявии онҳо, бо илова намудани тавозунҳо ва ҳисобот дар бораи фоидаву зиён дар се соли охири фаъолият, ҳамчунин тасдиқи Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз дар бобати аз тарафи муассисон-шахсони ҳуқуқи дар се соли охир иҷро гаштани ӯҳдадориҳо дар назди буҷети ҷумҳури ва маҳалли;

11) изҳорнома дар бораи даромади муассисон-шахсони воқеъи, ки аз тарафи Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, манбаъҳои пайдоиши маблағҳои ба сармояи оинномавии бонк воридшавандаро тасвиб менамояд;

12) маълумот дар бораи номзадҳо ба вазифаҳои роҳбар ва сармуҳосиби бонк ва муовинони онҳо:

- пурсишномаҳои (анкетаҳои) номзадҳо ба вазифаҳои роҳбар ва сармуҳосиби бонк ва муовинони онҳо (замимаи №10),

- нусхаи шиносномаҳо,

- нусхаи дипломҳои маълумот ё ҳуҷҷатҳои онҳоро ивазкунанда,

- нусхаи дафтарчаҳои меҳнати.

Нусхаи ҳуҷҷатҳо бояд аз тарафи идораи нотариали тасдиқ гарданд ё худ агар ксерокопия шуда бошад, аз ҷониби раиси шӯрои бонк тасдиқ гардида бошад.

Номзадҳое, ки ба вазифаҳои роҳбару сармуҳосиб ва муовинони онҳо пешбари мешаванд, бояд ба талаботи тахассусии моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" мувофиқ бошанд.

Шахсоне, ки фаъолияти пешинаи онҳо ба вайрон кардани конунгузори, санадҳои меъёрии дигар, фармоишҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва вазъи молиявии ғайриқаноатбахши ташкилоти кредити оварда расонд, ба вазифаҳои роҳбарони мақомоти иҷроияи бонк таъйин карда намешаванд;

13) Ҳуҷҷати аз тарафи идораи нотариали ё ба таври дигари қонуни тасдиқшуда, ки ваколати аризадиҳанда дар бобати аз номи муассисон додани дархостномаро тасдиқ менамояд.

18. Дар ҳолати бозхонди дархостнома ё асноди дарёфти иҷозатномаи бонки ва ё рад шудани дархости додани иҷозатнома, як нусхаи санадҳое, ки муассисон пешниҳод кардаанд, ба онҳо баргардонида намешавад ва дар Бонки миллии Тоҷикистон боқи мемонад.

Боби 3. Сармояи оинномавии бонк

19. Андозаи камтарини (минималии) сармояи оинномавии бонк ва ҳиссаи бо асъори хориҷи ташаккулёфтаи он аз тарафи Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

20. Сармояи оинномавии бонки навташкилшаванда танҳо бо асъори милли ва хориҷи аз ҳисоби маблағҳои пулии муассисон ва фурӯши саҳмияҳои бонк фароҳам меояд.

21. Фароҳамоии сармояи оинномавии бонк аз ҳисоби воситаҳои асосии зерин, мисли ҳуҷраҳо ва дигар биноҳо (манзилҳо), ки дар онҳо бонк ва воҳидҳои он воқеъ нагардидаанд, воситаҳои нақлиёт, асарҳои санъат, маводи зудфарсо ва камбаҳо, дороиҳои ғайримодди (аз ҷумла хуқуқи иҷораи бино, манзил, барномаҳо барои техникаи компьютери) ва коғазҳои қиматнок манъ аст.

22. Сармояи оинномавии бонк бо асъори милли аз ҳисоби маблағҳои пули ва дороиҳои модди, махсусан: таҷҳизоти бонки (техникаи ҳисоббарор), мебели кори ва кондитсионер) ва биноҳо (манзилҳо), ки он ҷо бонк ҷойгир аст, ба ҷуз сохтмонҳои ба анҷом нарасида, фароҳам меояд. Дороиҳои моддии бо тартиби муқарраршуда ба сармояи оинномави воридкарда ба моликияти бонк табдил меёбанд.

Ба пайнавишти ҷаласаи муассисон (иштирокдорон) санадҳое замима мешаванд, ки ҳуқуқи муассисон (иштирокдорон)-ро барои ворид намудани амвол ба сармояи оинномавии бонк тасдиқ мекунанд, аз ҷумла:

- ба шахсони воқеи - санади харидуфурӯш, ки ҳуқуқи будан ба он доро буданро бо баҳои Кумитаи амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;

- ба ҷаъмиятҳои саҳоми ва ҷаъмиятҳои саҳомии маҳдуд - қарори маҷлиси умумии иштирокдорон, бо пешниҳоди асноди тасдиқкунандаи ҳуқуқи соҳибияти яке аз онҳоро ба бино (манзил), ки дар он ҷо бонк ҷойгир аст.

23. Андозаи ниҳоии ҳадди аксари қисми ғайрипулии сармояи оинномави барои бонки навташкилшаванда, набояд аз 20 дар сади сармояи оинномавии фароҳамомада зиёд бошад. ҳангоми ҳар бор афзунгардии минбаъдаи сармояи оинномавии бонки амалкунанда, андозаи ниҳоии акcари қисми ғайрипулии сармояи оинномави набояд 10 дар сад аз андозаи афзунгардии сармояи оинномави зиёд бошад.

24. Барои фароҳамоии сармояи оинномавии бонк маблағҳои пулии ҷалбгардида, маблағҳои буҷети ҷумҳури ва фондҳои давлатии ғайрибуҷети, маблағҳои пулии озод ва объектҳои дигари моликият, ки дар ихтиёри мақомоти ҳокимияти давлати мавҷуданд, наметавонанд истифода шаванд.

25. Дар сурати харидори намудани беш аз 20%-и саҳмияҳои бонк аз тарафи шахсони ҳуқуқи ва воқеи, ҳиссаи иштироки онҳо бояд аз маблағи эълоншудаи сармояи оинномавии бонк ҳисоб карда шавад.

Боби 4. Тартиби мувофиқат намудани харидории бештар аз 20 фоизи ҳиссаҳо(саҳмияҳо)-и бонк

26. Харидории бештар аз 20 фоизи ҳиссаҳо (саҳмияҳо)-и бонк аз ҷониби шахсони ҳуқуқи ва шахсони воқеъи бояд бо Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқат карда шавад.

27. Муомилаи харидории бештар аз 20 фоизи ҳиссаҳо (саҳмияҳо)-и бонк бе гирифтани розигии пешакии Бонки миллии Тоҷикистон эътибор надорад.

28. Барои гирифтани розигии пешаки бонк дар хусуси харидории бештар аз 20 фоизи ҳиссаҳо(саҳмияҳо)-и бонк аз ҷониби харандагони (харандагон, ки байни ҳам шартнома доранд ва нисбат ба ҳамдигар фаръи ва ё вобастаанд) ҳиссаҳо(саҳмияҳо) ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мекунад.

29. Дар дархостнома дар хусуси имконияти харидории бештар аз 20 фоизи ҳиссаҳо (саҳмияҳо) бояд ба мавҷуд набудан ё мавҷудияти вобастагии ҳиссаҳо (саҳмияҳо) аз харандагони дигари ҳиссаҳо(саҳмияҳо)-и бонк, ҳамчунин хусусияти ин вобастаги; созишнома, иштироки тарафайн дар сармояи ҳамдигар ё шакли дигари вобастаги, ишора гардад.

Ба дархостнома санадҳои зерин замима мешаванд:

а) нусхаи санадҳои аз ҷониби нотариус тасдиқшуда, ки бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқии муассиси бонкро (ки бештар аз 20 фоизи ҳиссаҳо(саҳмияҳо)-ро ба даст овардаанд) тасдиқ менамояд;

б) иттилоот дар хусуси вазъи молияви ва эътибори кории харандагони ҳиссаҳо(саҳмияҳо)-и бонк;

в) ҳисоботи солонаи ҳисобдори барои фаъолияти се соли охир бо қайди Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавозуни ҳисобдори барои таърихи охири ҳисобдиҳии харандагони ҳиссаҳо - шахсони ҳуқуқи;

г) баённома дар хусуси даромади харандагони ҳиссаҳо (саҳмияҳо)-и шахсони воқеъи, ки манбаъҳои падидоии маблағҳои ба сифати пардохти ҳиссаҳо(саҳмияҳо) воришавандаро тасдиқ менамояд ва аз ҷониби мақомоти Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

д) рӯйхати иштирокдорони шахси ҳуқуқи - харандаи ҳиссаҳо(саҳмияҳо)-и бонк (ширкатҳои саҳомии кушода рӯйхати саҳмдорони худро, ки бештар аз 5 фоизи ҳиссаҳо (саҳмияҳо)-ро дар ихтиёр доранд, пешниҳод мекунанд).

30. Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи анҷом додани вазифаҳои назоратбарии худ, ҳуқуқи талаб намудани ахбор дар хусуси вазъи молияви ва эътибори кории иштирокдорон (саҳмдорон)-и бонк, инчунин номзадҳошахсони ҳуқуқи ва воқеъи, ки мехоҳанд бештар аз 20 фоизи ҳиссаҳо (саҳмияҳо)-и бонкро харидори намуда, иштирокдори (саҳмдори) он гарданд дорад.

31. Бонки миллии Тоҷикистон санадҳои мазкурро гирифта, дар муддати як моҳ бо назардошти вазъи молиявии харандаи ҳиссаҳои (саҳмияҳо)-и бонк (аз ҷумла, кифоятии маблағҳо барои пардохти ҳиссаи худ дар сармояи оинномавии бонк) барраси мекунад ва ба бонк дар бораи имкон доштани анҷоми чунин муомила ё рад кардани он ба таври хатти хабар медиҳад.

32. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, агар ба андешаи ӯ захираҳои молиявии харандагони ҳиссаҳо (саҳмияҳо) ба қадри кофи набошад ё манбаъи доимии пургарди надошта бошанд, ҳамчунин ҳангоми вайронсозии қоидаҳои зиддиинҳисори ва дар дигар ҳолатҳое, ки дар қонунгузори пешбини шудаанд ба муомилаи хариду фурӯши бештар аз 20 фоизи ҳиссаҳо (саҳмияҳо)-и бонк иҷозат надиҳад.

Боби 5. Тартиби бақайдгирии бонк

33. Номи пурра ва кӯтоҳкардашудаи тахминии бонк бояд пешаки бо Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқат карда шавад.

Номи фирмавии бонк бояд ба хусусияти фаъолияти ин шахси ҳуқуқи бо роҳи истифодаи калимаи "бонк", ҳамчунин ба шакли ташкили ҳуқуқии он ишора дошта бошад.

34. То имзои шартномаи таъсиси (шартнома дар бораи ташкил) гурӯҳи ташаббускори ташкили бонк ба Бонки миллии Тоҷикистон оиди мувофиқат намудани номи пурра ва мухтасари бонк дархост мефиристад.

35. Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи) дар муддати се рӯзи кори, баъди гирифтани дархостнома ба нишони муассисони бонк хабарнома мефиристад, ки он мувофиқат намудани номи бонкро тасдиқ менамояд.

Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи) ҳангоми баррасии тавсиянома дар хусуси бақайдгирии бонк ҳуқуқ дорад истифодаи номи бонкро, агар номи дар назар дошташуда, аллакай дар китоби ҷумҳуриявии бақайдгирии бонкҳои тиҷорати мавҷуд бошад, манъ намояд.

36. Барои бақайдгирии бонк ва гирифтани иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки, гурӯҳи ташаббускори созмондиҳандаи он ҳуҷҷатҳои дар ин Дастурамал пешбинишударо ба Бонки миллии Тоҷикистон мефиристад.

37. Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи) ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо дар мӯҳлати на бештар аз шаш моҳ барраси мекунад, баъд аз ин оид ба сабти давлати ё рад намудани сабт қарор қабул намуда, ба таври хатти муассисони бонкро дар ин хусус огоҳ месозад.

ҳангоми мавҷуд будани эрод оид ба ҳуҷҷатҳои барои бақайдгири пешниҳодшуда, Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи) хулосаи хатти навишта, ҳамаи санадҳоро ба муассисон бармегардонад.

Дар ин ҳолат ҳуҷҷатҳои ислоҳкардашуда ва ба Бонки миллии Тоҷикистон такроран фиристодашуда, санадҳои бори дигар воридшуда ҳисобида мешаванд ва бо тартиби муқарраршуда барраси карда мешаванд.

38. Маълумоте, ки дар бораи номзадҳо ба вазифаҳои роҳбарикунандаи бонк пешниҳод шудаанд, имкон дорад аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи) тафтиш карда шаванд. Пешниҳоди маълумоти нодуруст метавонад сабаби рад гардидани талаби додани иҷозатнома ба бонк гардад.

39. Номзадҳо ба вазифаи роҳбар ва сармуҳосиби бонк (бахшҳои он), ҳамчунин ҷонишинони онҳо барои шоистагии касби дар комиссияи тахассусии Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла бо роҳи тести , ки Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи мегузаронад, мутобиқи Низомномаи №84 "Дар бораи комиссияи тахассуси Бонки миллии Тоҷикистон" аз тафтиш гузаронида мешаванд.

40. Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи санадҳоро барои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар масъалаи баррасии ҳуҷҷатҳои таъсиси ташкили бонк омада мекунад.

ҳангоми бо таври мусбат ҳал шудани ин масъала шаҳодатномаи сабти давлатии бонк ба имзо расонида мешавад.

41. Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи) баъд аз имзои шаходатномаи сабти давлати;

- ба муассисон дар хусуси бақайдгирии бонк бо нишон додани мушаххасоти ҳисоби корпардози дар Идораи технологияи иттилооти ва системаи пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон, бо талаби дар се моҳ ба андозаи 100 фоиз пардохт намудани сармояи оинномавии эълоншуда бо таври хатти хабар медиҳад;

- дар феҳристи шаҳодатномаҳои додашуда дар хусуси сабти бонк қайд ворид менамояд, ки дар он; номи бонк, таърихи сабти давлатии он, шумораи сабт, сармояи оинномавии эълоншуда, ҷойи воқеъ гардидани бонк, рақами телефонҳо, маълумот дар бораи роҳбар ва сармуҳосиби бонк, таърихи додани шаҳодатномаи сабти бонк бо нишон додани шахси ваколатдоре, ки шаҳодатнома гирифтааст, ишора мешавад;

- дар ду нусхаи оинномаи бонк, дар варақаи унвон бо нишон додани таъриху шумораи сабти давлатии бонк мӯҳр мегузорад;

- як нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии (сабти бонк) ва нусхаи) асли оинномаи онро бо забонхат ба Раиси Шӯро ё шахси ваколатдори дигар медиҳад;

- ба муассисони минтақави аз рӯи ҷойи воқеъ гардидани бонк дар хусуси сабти бонк ва маълумот дар бораи роҳбар ё сармуҳосиби бонк ва ҷонишинони онҳо хабарнома мефиристад.

42. Бонк аз лаҳзаи сабти давлати шуданаш мақоми шахси ҳуқуқи пайдо мекунад.

Бонк, бахш ва намояндагиҳои вай дар мақомоти маҳаллии ҳокимият ба қайд гирифта намешаванд.

43. Бонк ба номи фирмавии худ ва ишора ба хусусияти фаъолияташ бо истифодаи калимаи "бонк", ҳамчунин ҷойи воқеъ гардидани вай мӯҳри гирд дорад.

44. Барои бақайдгирии бонк ба андозаи 0,5 фоизи сармояи оинномавии эълоншудаи он боҷ ситонида мешавад.

45. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бо назардошти далелҳое, ки дар банди 4-и моддаи 20 ва моддаи 21-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" оварда шудаанд, сабти давлатии бонкро рад намояд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳақ дорад иҷозати пешакии додаи худро барои кушодани бонк низ бо сабабҳои зерин боз дорад ё боз хонад;

а) агар дар вазъи молиявию ҳуқуқии аризадиҳанда чунин тағйироте ба миён омада бошад, ки барои бозхонди рухсатномаи пешаки додашуда, барои кушодани бонк ҷиҳати додани иҷозатнома сабаб гардад;

б) агар дар ҷараёни тафтиш дар хусуси муассисон ва шахсони масъули иҷроияи бонк маълумоти нодуруст ошкор карда шавад.

46. Хабар дар хусуси сабти давлатии бонк ё бекор кардани чунин қарор дар "Ахбори Бонки миллии Тоҷикистон" чоп карда мешавад.

Боби 6. Тасдиқи пардохти сармояи оинномавӣ

47. Дар муддати се моҳи баъди сабти бонк, муассисони он бояд сармояи оинномавии эълоншударо 100 фоиз пардохт намоянд.

48. Барои тасдиқ намудани пардохти воқеии сармояи оинномави элоншуда бонк ҳуҷҷатҳои зеринро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;

- тавозунҳое, ки мавҷудияти маблағро барои ворид кардан ба сармояи оинномави тасдиқ менамояд (барои пардохти сармояи оинномави аз ҳисоби маблағҳои ҷалбгардида роҳ дода намешавад);

- супоришномаи пардохти муассисон, ки дар он аз кадом ҳисоб ба кадом ҳисоб сурат гирифтани пардохти сармояи оинномавии бонк ишора мешавад;

- санади қабулу додани амволи муассисон ба тавозуни бонк;

- шаҳодатномаи ҳуқуқи моликияти бонк ба бино (манзил), ки аз тарафи муассис ба сифати пардохти ҳисса дар сармояи оинномавии бонк дода шудааст.

49. Дар мӯҳлати муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон напардохтан ё нопурра пардохтани сармояи оинномави, аз тарафи муассисони бонк барои пардохти сармояи оинномави истифода гардидани маблағҳои ҷалбгардида, вайрон кардани тартиби фароҳам овардани сармояи оинномави, вазъи молиявии ғайриқаноатбахши яке аз муассисон дар давраи пардохти сармояи оинномавии бонк барои бекор кардани шаҳодатномаи сабти давлатии бонк асос мебошад.

50. Иттилооти дахлдор дар ин бора дар "Ахбори Бонки миллии Тоҷикистон" чоп карда мешавад.

Боби 7. Тартиби додани иҷозатнома барои фаъолияти бонки ба бонки аз нав ташкилёфта

51. То гирифтани иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонки, аз ҷониби бонк машғул шудан ба ягон фаъолият, ба сифати шахси ҳуқуқи, ба ҷуз фаъолияти ташкили, ки ба таъсиси бонк алоқаманд аст, манъ мебошад.

Амалиёти бонки танҳо дар асоси иҷозатномае, ки бо тартиби муқарраршуда Бонки миллии Тоҷикистон додааст, анҷом дода мешавад.

52. Муассисони бонк ӯҳдадоранд то гирифтани иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки сармояи оинномавии эълоншударо 100 фоиз ба ҳисоби корпардозие, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон кушода мешавад, дохил намоянд.

53. Муассисон наметавонанд маблағҳоеро, ки дар ҳисоби корпардози мавҷуданд то гирифтани иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки ба ягон мақсад истифода баранд.

Дар ҳолати рад гардидани талаби додани иҷозатнома, ҳамаи маблағҳо бо фармоиши Бонки миллии Тоҷикистон ба муассисони бонк баргардонида мешавад.

54. Тасдиқи пардохти саривақти сармояи оинномавии эълоншуда ба андозаи 100 фоиз барои ба бонк додани иҷозатнома ҷиҳати анҷом додани амалиёти бонки асос мегардад.

55. Баъди гирифтани тасдиқи қонуни будани пардохти сармояи оинномавии эълоншуда ба андозаи 100 фоиз, Бонки миллии Тоҷикистон доир ба додани иҷозатнома қарор қабул мекунад ва Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи дар муддати се рӯзи кори:

- дар феҳристи иҷозатномаҳои ба бонк додашуда роҷеъ ба хусуси номи бонк, таърихи бақайдгирии давлатии он, рақами бақайдгири, таърихи имзо, маълумот дар бораи роҳбар ва сармуҳосиби бонк ва дар бобати таърихи додани иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки, бо нишон додани шахси ваколатдоре, ки иҷозатномаро гирифтааст, сабт ворид менамояд;

- нусхаи аввали иҷозатномаро ба Раиси Шӯрои бонк ё бо забонхат ба шахси ваколатдори дигар медиҳад.

56. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои дар моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" нишондода шуда, иҷозатномаи бонк барои иҷрои амалиёти бонкиро бозхонда гирад.

57. Хабар дар бораи додан ё бозхонди иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки дар "Ахбори Бонки миллии Тоҷикистон нашр мегардад.

ФАСЛИ II. БА БОНКИ САҳОМИИ НОМАҲДУД ТАБДИЛ ДОДАНИ БОНКИ ДАР ШАКЛИ ҶАМЪИЯТИ МАҲДУД, ТАЪСИС ЁФТААСТ

Боби 8. Ҳуҷҷатҳое, ки барои ба бонки саҳомии номаҳдуд табдил додани бонки дар шакли ҷаъмияти маҳдуд таъсисёфта ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд

58. Ба ҷаъмияти саҳомии шакли номаҳдуд табдил додани бонк танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки бонк дар давоми як соли тақвимии баъди гирифтани иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки фаъолияти безиён дошта бошад ва ҳамаи меъёрҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистонро риоя намояд.

59. Қарор дар бораи ба ҷамъияти саҳомии номаҳдуд табдил додани бонке, ки дар шакли ҷамъияти маҳдуд ташкил шудааст, аз тарафи маҷлиси умумии иштирокдорони бонк бо тарафдории аксари саҳмдороне, ки зиёда аз 51 фоизи ҳиссаҳои (саҳмияҳои) бонкро соҳибанд, қабул карда мешавад.

60. Ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд;

- дархостнома оиди аз нав бақайдгирии бонк ва додани иҷозатномаи нав барои иҷрои амалиётҳои бонки, бо имзои Раиси Шӯрои бонк ё шахси дигаре, ки маҷлиси муассисон ваколатдор намудааст;

- пайнавишти маҷлиси иштирокдорони бонк, ки қарор дар бораи ба бонки саҳоми табдил додан, тасдиқи номи нави он (нишондоди шакли нави ташкилию ҳуқуқии он), интихоби шӯрои бонк аз тарафи маҷлиси умумии саҳмдорон, тасдиқи оинномаи нав, маълумот дар бораи барориш ва тақсими саҳмияҳо ба маблағи на камтар аз ҳадди ақалли сармояи оинномави, агар ивази роҳбарият пешбини шуда бошад, тасдиқи номзадҳои нав барои таъйин ба вазифаҳои роҳбарон (раиси бонк ва муовинони вай, сармуҳосиб ва муовинони ӯ)-ро дар бар мегирад;

- оинномаи бонк дар ду нусха, ки он бояд ба талаботи дар зербанди 4, банди 17, боби 2, фасли 1 ҳамин Дастурамал мутобиқат намояд;

- тавозуни ҳисоббаробари ва нақшаи даромаду хароҷот ва фоидаи бонк дар рӯзи охирини ҳисобот;

- рӯйхати муассисон (иштирокдорон, саҳмдорон)-и бонк (замимаи №9);

- агар тағйирот ба амал омада бошад, рӯйхати аъзои Шӯрои бонк (бо нишон додани раис ва муовинони вай), ки ном ва нишонии ҳар як узви шӯроро дарбар мегирад ва аз тарафи Раиси Шӯрои бонк имзо шудааст;

- нусхаи супоришномаи пардохт, бо қайди маркази ҳисоббаробарии Бонки миллии Тоҷикистон, дар бораи пардохт барои аз нав бақайдгирии бонк. Пардохт аз ҳисоби муросилотии бонк амали карда мешавад;

- агар тағйирот ба амал омада бошад, маълумот дар бораи номзадҳо ба вазифаҳои роҳбару сармуҳосиби бонк ва муовинони онҳо, мутобиқи талаботи зербанди 12, банди 17, боби 2, фасли I ҳамин Дастурамал.

61. Мақомоти идоракунии бонки саҳоми инҳо мебошанд;

- Маҷлиси умумии саҳмдорон;

- Шӯрои бонк, ки аз тарафи маҷлиси умумии саҳмдорон интихоб мегардад;

- Раёсати бонк, ки ба тартиби муқарраршуда аз тарафи маҷлиси умумии саҳмдорон ташкил ва тасдиқ карда мешавад.

62. Муассисони бонк, ки саҳмдорони он мебошанд, баъди ба бонки саҳомии номаҳдуд табдил додани бонк, наметавонанд нисбат ба саҳмдорони дигар ягон афзалияти иловагие дошта бошанд ё вазифаҳои иловагии дигаре бар дӯш дошта бошанд.

Боби 9. Тартиби бақайдгирӣ ва додани иҷозатнома ба бонки дигаргуншуда

63. Номи пурра ва мухтасари эҳтимолии бонк, бо нишон додани шакли ташкилию ҳуқуқи, бояд пешаки ба Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқат карда шавад.

64. Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи) ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо дар муддати се моҳ барраси менамояд ва баъд аз он дар хусуси бақайдгирии давлатии бонк ё ба қайд нагирифтани он қарор қабул мекунад ва дар ин бора ба муассисони бонк ба таври хатти хабар медиҳад.

ҳангоми доир ба ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирии бонк пешниҳодшуда мавҷуд будани эродҳо, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамаи ҳуҷҷатҳоро бо хулосаи хатти ба муассисон бармегардонад.

Дар ин маврид ҳуҷҷатҳои ислоҳшуда ва такроран ба Бонки миллии Тоҷикистон фиристодашуда ҳуҷҷатҳои аз нав воридшуда ҳисобида мешаванд ва бо тартиби муқарраршуда барраси мегарданд.

65. Маълумоти ба номзадҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешниҳодшударо Бонки миллии Тоҷикистон метавонад тафтиш намояд. Пешниҳоди маълумоти нодуруст боиси надодани иҷозатнома шуда метавонад.

66. Номзадхо ва вазифаҳои рохбару сармуҳосиби бонк (бахшҳои он) ва муовинони онҳо аз тафтиш барои коршоямии касби, аз ҷумла мутобиқи Низомнома "Дар бораи ваколатҳои комиссияи тахассуси доир ба мувофиқ намудани номзадхое, ки бояд ба вазифаҳои роҳбарикунандаи бонкҳо таъйин гарданд" аз санҷиши Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи дар комиссияи тахассусии Бонки миллии Тоҷикистон мегузаранд.

67. Идораи назорати бонки барои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон доир ба масъалаи баррасии санадҳои дигаргунсозии бонк маълумот тайёр мекунад.

ҳангоми ҳалли мусбати ин масъала, шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии бонк ба имзо расонида мешавад.

68. Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи) баъди ба имзо расонидани шаҳодатнома дар бораи ба қайдгирии давлатии бонки дигаргуншуда;

- дар феҳристи шаҳодатномаҳои дар бораи бақайдгирии бонк додашуда дар хусуси тағйири шакли ташкилию ҳуқуқии бонк сабт дохил менамояд, дар бораи роҳбар ва сармуҳосиби бонк, агар тағйирот ба амал омада бошад, маълумоти нав дохил мекунад, дар бораи таърихи додани шаҳодатномаи нав дар хусусии бақайдгирии бонки дигаргуншуда бо нишон додани шахси ваколатдори шаҳодатнома гирифта қайд ворид менамояд;

- дар ду нусхаи оинномаи бонк, дар варақаҳои унвон, таърихи бақайдгирии давлатии бонки дигаргуншударо нишон дода, мӯҳр мегузорад;

- як нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии бонки дигаргуншуда ва нусхаи асли оинномаи онро ба раиси Шӯро ё бо забонхат ба шахси дигари ваколатдор медиҳад;

- ба муассисаи минтақавии маҳалли воқеъгардии бонк дар бораи бақайдгирии бонки дигаргуншуда ва агар тағйирот ба амал омада бошад, дар хусуси маълумоти нав доир ба роҳбар ва сармуҳосиби бонк хабарнома мефиристад.

69. Бонк мӯҳри гирд дорад, ки дар он номи фирмави, шакли ташкилию ҳуқуқии ва маҳалли воқеъгардии бонк нишон дода шудааст.

70. Барои аз нав ба қайд гирифтани бонки дигаргуншуда ба андозаи 0,05 фоиз аз сармояи оинномавии эълоншуда боҷ ситонида мешавад.

71. Хабар дар бораи бақайдгирии давлатии бонки дигаргуншуда дар "Ахбори Бонки миллии Тоҷикистон" нашр мегардад.

ФАСЛИ III. ВУСЪАТДИҲИИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКҲО БО РОҲИ ТАЪСИСИ ВОҲИДҲОИ ҶУДОГОНА ВА ВАСЕЪ НАМУДАНИ ДОИРАИ АМАЛИЁТИ ИҶРОШАВАНДА

72. Бонк метавонад вохидхои чудогонаи зеринро кушояд, ки онхо шахси хукуки буда наметавонанда: бахшхо, намояндагихо, нуктахои мубодилаи арз ва нуктахо ваколатдор.

Бонки - резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он бонки фаръи кушояд. Бонкҳои фаръи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон, ҳамин Дастурамал ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Бонкҳои фаръи ҳуқуқ надорад бонки дигари фаръиро таъсис диҳанд

Нуқтаҳои мубодилаи асъор дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Дастурамали № 119 "Дар бораи тартиби кушодан, бақайдгири, фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор ва анҷомдиҳии амалиётҳои мубодилави бо асъори нақди хориҷӣ" кушода мешаванд ва фаъолият менамоянд.

Нуқтаҳои ваколатдор дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Низомнома № 88 "Дар бораи нуқтаҳои ваколатдори бонкҳо" кушода мешаванд ва фаъолият менамоянд.

73. Бонке, ки дар хусуси васеъ намудани фаъолияти худ дархост менамояд, бояд вазъи молиявии устувор, сохтор, самти эҳтимолии комилан мувофиқи васеъ намудани фаъолият, ки хадамоти назорати дохилиро дарбар мегирад, дошта бошад.

Вазъи молиявии устувор ба он тавсиф мегардад, ки захираҳои ҳатмии дар Бонки миллии Тоҷикистон гузошташуда иҷро шавад, меъёрҳои ҳатмии иқтисоди ва талаботи дигари муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон риоя гарданд, фаъолият зиёновар набошад, дар назди буҷет ва фондҳои давлатии ғайрибуҷети қарздор набошад, талаботи техники ва тахассусии Бонки миллии Тоҷикистон риоя карда шавад.

74. Бахшҳо, намояндагиҳо ва нуқтаҳои ваколатдор бояд берун аз маҳалли воқеъгардидаи бонки асоси кушода шаванд (дар ноҳияҳои гуногуни як шаҳр, дар маҳалҳои гуногуни аҳолинишин, дар ноҳияҳои мухталифи тобеъи марказ ва минтақави, ҳамчунин дар вилоятҳо).

75. Бахши бонк - воҳиди бонк, ки аз ном ва супориши бонки асоси амалиёти бонки анҷом дода, дар асоси Низомномаи бахш дар доираи ваколатҳое, ки бонк ба вай додааст, амал менамояд.

76. Нуқтаи ваколатдор - воҳиди бонк, ки дар асоси иҷозати аз тарафи бонки асоси ба вай додашуда, бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи банди 1 ва 2, боби 2 Низомнома № 88 "Дар бораи нуқтаҳои ваколатдори бонкҳо" аз номи бонк навъҳои ҷудогонаи амалиёти бонкиро анҷом медиҳад.

77. Нуқтаи мубодилаи асъор воҳиди бонк мебошад, ки мутобиқи банди

1.3, боби 1 Дастурамал № 119 "Дар бораи тартиби кушодан, бақайдгирӣ, фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор ва анҷомдиҳии амалиётҳои мубодилави бо асъори нақди хориҷи" дар асоси иҷозатномаи дахлдори аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба бонки асоси додашуда ва тасдиқнома дар бораи бақайдгирии он дар Бонки миллии Тоҷикистон, амалиёти бонки анҷом медиҳад.

78. Намояндагии бонк воҳиди бонк аст, ки аз ном ва бо супориши бонки асоси фаъолият менамояд, вале ягон амалиёти бонки анҷом намедиҳад.

Боби 10. Тартиби кушодан ва бастани бахшҳои (филиалҳои) бонк дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои дигар

79. Бонк ба Бонки миллии Тоҷикистон бо масъалаи кушодани бахш дар сурати безарар фаъолият кардан, вазъи молиявии устувор доштан, меъёрҳои иқтисодиро дар давоми шаш моҳи охир то пешниҳод кардани дархостнома дар бораи кушодани бахш риоя кардан ва пурра пардохтани сармояи оинномавии эълонкардашудааш ҳуқуқи муроҷиат карданро дорад.

"ҳангоми кушодани бахш (филиал) сармояи умумии бонк бояд на камтар аз андозаи ҳадди ақалли сармояи умуми бошад"

80. Бонк бахшро бо амвол таъмин менамояд ва бо он сармояи оинномави ва тавозуни ягона дорад, ҳамчунин номи бахш бо номи бонк комилан мувофиқ аст, танҳо ба он калимаи "бахш" илова мегардад.

81. Бонке, ки бахш мекушояд, ғайр аз риояи талаботи умуми нисбат ба бонкҳо, вазифадор аст:

- барои ҷойгирсозии бахш дар ихтиёри худ бино (манзил) дошта бошад (бино ё манзил бояд моликияти хусусии бонк бошад ва ба талаботи дар зербанди 1, банди 17, боби 2, фасли I ин Дастурамал ҷавоб диҳад);

- ба вазифаҳои роҳбарону сармуҳосибони бахшҳо ва муовинони онҳо шахсонеро таъйин намояд, ки ба талаботи дар моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" баёншуда мувофиқ бошанд.

82. Бонк дархостнома дар хусуси кушодани бахшро (замимаи №11) ба Бонки миллии Тоҷикистон мефиристад. ҳамроҳи дархостнома бонк ин ҳуҷҷатҳоро низ пешниҳод менамояд;

- пайнавишти мақоми дахлдори бонк, ки дар он қарори кушодани бахш инъикос гардидааст:

- асосноксозии иқтисодии кушодани бахш;

- низомномаи бахш, ки инҳоро дарбар мегирад: номи пурраи расмии бахши бонк ва номи мухтасари он барои истифода дар санадхои пардохт бо забонҳои давлати ва хориҷи. Номҳои пурра ва мухтасар бояд дар мӯҳри бахши бонк инъикос ёбанд: ҷои воқеъгардии (нишонии почтави) бахши бонк, ҳамчунин танҳо он амалиёту муомилоти бонкие, ки иҷрои онҳо ба бахш иҷозат дода шудааст (2-нусха);

- маълумот дар бораи номзадҳо ба вазифаҳои роҳбар ва сармуҳосиби бахш ва муовинони онҳо, мутобиқи талаботи зербанди 12, банди 17, боби 2, фасли I ин Дастурамал;

- нусхаи супоришномаи пардохт, бо қайди маркази ҳисоббаробарии Бонки миллии Тоҷикистон, дар бораи пардохти боҷ барои кушодани бахш, пардохт аз ҳисоби муросилотии бонк амали мегардад.

83. Барои кушодани бахши бонк, аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба андозаи 0,05 фоиз аз сармояи оинномавии пардохтнамудаи бонк, барои ҳар як бахши ҷудогонаи бақайдгирифташаванда, боҷ ситонида мешавад.

84. Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи) дар муддати се моҳ, баробари гирифтани дархостнома, ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо барраси менамояд, номзадҳои роҳбару сармуҳосиби бахш ва муовинони онҳоро (бо гузаронидани комиссияи таххасуси, мутобиқи бандхои 38 ва 39, боби 5, фасли I ин Дастурамал) мувофиқ месозад, вазъи молиявии бонкро арзёби мекунад.

85. ҳангоми доир ба ҳуҷҷатҳои барои кушодани бахши бонк пешниҳодшуда мавҷуд будани эродҳо Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳоро бо хулосаи хатти ба бонк бармегардонад ва дар ин маврид як нусхаи ҳуҷҷатҳоро нигоҳ медорад.

86. Баррасии такрории ҳуҷҷатҳо барои кушодани бахши бонк дар Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон имкон дорад на пештар аз шаш моҳ сурат бигирад. Дар ин ҳолат ҳуҷҷатҳои ислоҳшуда ва такроран ба Бонки миллии Тоҷикистон фиристодашуда ҳуҷҷатҳои аз нав воридгашта ҳисобида мешаванд ва ба тартиби муқарраршуда барраси мегарданд.

87. Идораи назорати бонки барои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон доир ба масъалаи баррасии кушодани бахши бонк ҳуҷҷатҳо омода менамояд.

88. ҳангоми ҳаллу фасли мусбати ин масъала Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи):

- дар Китоби ҷумҳуриявии бақайдгирии бахши бонкҳои тиҷорати дар хусуси бақайдгирии бахши бонк сабт ворид мекунад, ки дар он инҳо нишон дода мешавад:

- номи бахши бонк, рақами сабт ва таърихи бақайдгири, ҷойи воқеъгардии бахши бонк, рақами телефонҳо, маълумот дар бораи роҳбар ва сармуҳосиби бахши бонк, муассисаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар он зерҳисоби корпардози бахш кушода шудааст;

- дар ду нусха низомномаи бахши бонк, дар варақаи унвон, бо нишон додани таърих ва рақами бақайдгирии давлатии бонк, мӯҳр мегузорад;

- ба бонки асоси дар хусуси бақайдгирии бахши он ба таври хатти хабар медиҳад ва як нусхаи низомномаи бахшро бо забонхат ба раиси бонк ё шахси дигари ваколатдор медиҳад;

- ба муассисаи минтақавии ҷойи воқеъгардии бахши бонк дар хусуси бақайдгирии бахши бонк хабари хатти ва дар бораи роҳбару сармуҳосиби бонк ва муовинони онҳо маълумот ирсол менамояд.

89. Ба бахши бонк ҳангоми бақайдгири рақам дода мешавад, ки аз ду қисм иборат аст:

- рақами бақайдгирии бонк ва баъд аз тире рақами тартибии бахш.

90. Фаъолияти бахши бонке, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст, имкон дорад аз замони бақайдгирии он оғоз ёбад, вале на дертар аз се моҳи замони бақайдгири ва мутобиқи қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон амали карда мешавад.

Дар акси ҳол Бонки миллии Тоҷикистон сабт дар хусуси бақайдгирии бахши бонкро дар Китоби ҷумҳуриявии бақайдгирии бахши бонкҳои тиҷорати, дар асоси таърихи оғози иҷрои амалиёти бонкие, ки дар низомномаи бахш пешбини шудааст, бекор менамояд.

91. ҳангоми вайрон кардани талаботи қонунгузории бонки ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба кушодани бахш монеъ мегарданд, Бонки миллии Тоҷикистон ба бонк дар хусуси имконпазирии оғози фаъолияти бахши он ва ба он додани рақами бақайдгири, мувофиқи асосҳои дар сарсатри шашуми моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" нишондодашуда, ба таври хатти хабар медиҳад.

92. Қарор дар бораи бастани бахши бонк аз тарафи мақоми дахлдори идораи бонк қабул карда мешавад, ки ин ҳуқуқ мутобиқи оинномаи бонк ба он дода шудааст.

93. Бонк вазифадор аст дар бораи ин қарор ба ҳамаи мизоҷон ва қарздеҳон (кредиторон)-е, ки ба онҳо дар бахши басташаванда хизмат расонида мешуд, хабар диҳад, ҳамчунин барои пардохти қарзи қарздеҳолни мӯҳлатгузашта чораҳо андешад ва пардохтҳои ҳатмии аз бахш ба буҷет ва фондҳои ғайрибуҷети воридшавандаро таъмин намояд.

94. Баъд аз гузаронидани тадбирҳои зарури доир ба иҷрои ӯҳдадорихо дар назди мизоҷон ва қарздеоне (кредитороне), ки ба онҳо дар бахши басташаванда хизмат расонида мешуд, пардохти андоз, ба тавозуни бонк дохил намудани активу пассивҳои бахш, бонк дар бораи анҷоми баргузории тадбирҳои номбурда ва бастани бахш (замимаи№11) дар муддати 5 рӯзи тақвими ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар баробари ин, ба Бонки миллии Тоҷикистон ба таври иловаги инҳоро пешниҳод менамояд:

- пайнавишти мақоми дахлдори идораи бонк бо қарор дар бораи бастани бахш;

- санади супурд;

- тасдиқномаи хадамоти андози ҷойи воқеъгардии бахш дар хусуси доир ба пардохти андоз қарздор набудани он.

95. Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи) дар давоми си рӯзи кори, дар асоси маводи пешниҳодшуда, бахшро аз Китоби ҷумҳуриявии бақайдгирии бахшҳои бонкҳои тиҷорати хориҷ менамояд.

96. Бонки миллии Точикистон ба муассисаи минтақавии ҷойи воқеъгардии бахш ва бонк доир ба ин масъала ва бастани зерҳисоби корпардози иттилоияи хатти мефиристонад.

97. Иттилоия дар бораи кушодан ё бастани бахши бонк дар "Ахбори Бонки миллии Тоҷикистон" интишор мегардад.

98. Таъсиси бахшҳои бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави давлатҳои дигар танҳо бо иҷозати ҳатмии Бонки миллии Тоҷикистон имконпазир мебошад.

99. Барои гирифтани иҷозат бонк ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

- пайнавишти мақоми дахлдори идораи бонк бо қарор дар бораи таъсиси бахши бонк дар қаламрави давлати дигар;

- асосноккунии иқтисодии кушодани бахш дар қаламрави давлати дигар;

- низомномаи бахш, ки фақат амалиёту муомилоти бонкиеро дарбар мегирад, ки иҷрои онҳо ба бахш иҷозат дода шудааст ва аз тарафи мақоми салоҳиятдори бонк тасдиқ гардидааст;

- маълумот дар бораи номзадҳо ба вазифаҳои роҳбару сармуҳосиби бахш ва муовинони онҳо (замимаи №10).

100. Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи) дар мӯҳлати се моҳ аз лаҳзаи гирифтани дархостнома ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо барраси менамояд, номзадҳои роҳбару сармуҳосиби бахш ва муовинони онҳоро мувофиқ месозад, ба вазъи молиявии бонк баҳо медиҳад ва масъалаи дар қаламрави давлати дигар кушодани бахши бонкро ҳаллу фасл менамояд.

101. ҳангоми доир ба ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда мавҷуд будани эродҳо, Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи бандҳои 83 ва 84, боби 10, фасли III ин Дастурамал амал мекунад.

102. Дар сурати ҳалли мусбати ин масъала Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи):

- дар феҳристи ҳисобгирии бахшҳои бонкҳо дар қаламрави давлатҳои дигар дар хусуси таъсиси бахши бонк сабт ворид менамояд, ки дар он инҳо нишон дода мешавад: номи бахши бонк; рақами тартибии он ва таърихи сабт; ҷойи воқеъгардии бахш; маълумот дар бораи роҳбар ва сармуҳосиби бахши бонк; номи бонки кушодаи он; ҷойи воқеъгардии он; рақами телефон ва маълумот дар бораи роҳбари бонки асоси;

- ба бонк дар хусуси иҷозати таъсиси бахши он дар қаламрави давлати дигар ба таври хатти хабар медиҳад.

103. Баъд аз бақайдгирии бахши бонк дар қаламрави давлати дигар, бонк вазифадор аст дар муддати се рӯз дар ин хусус ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода, таърихи бақайдгири ва рақами бақайдгирии бахшро нишон диҳад.

104. Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи) ин маълумотро ба феҳристи ҳисобгирии бахшҳои бонкҳо дар қаламрави давлатҳои дигар дохил менамояд.

105. Бонки миллии Тоҷикистон агар муқаррар намояд, ки фаъолияти бахш хилофи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва дар ҳолати ошкор намудани вайронсозии талаботи қонунгузории бонки ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, ки мутобиқи сарсатри шашуми моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" ба кушодани бахш монеъ мегарданд, метавонад барои таъсиси бахш дар қаламрави давлати дигар иҷозат надиҳад.

106. Қарор дар бораи бастани бахши бонк дар қаламрави давлати дигар мутобиқи оинномаи бонк аз тарафи мақоми дахлдори идораи бонк, ки ба он ин ҳуқуқ дода шудааст, қабул карда мешавад.

107. Бонк дар бораи бастани ин бахш дар давоми 5 рӯзи тақвими ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар баробари ин, пайнавишти мақоми дахлдори идораи бонк бо қарор дар бораи бастани бахш дар қаламрави давлати дигар ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

108. Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси ин хабар:

- ин бахшро аз феҳристи ҳисобгирии бахшҳои бонкҳо дар қаламрави давлатҳои дигар хориҷ менамояд;

- дар ин хусус ба таври хатти ба бонк хабар медиҳад.

Боби 11. Тартиби кушодан ва бастани намояндагиҳои бонк дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои дигар

109. Намояндагии бонк бо қарори мақоми дахлдори идоракунии бонк, ба мақсади ифодаи манфиатҳои он дар қаламрави муайян ва ҳимоя намудани онҳо, ҳамчунин барои ба мизоҷони худ расонидани ҳадамоти машварати ташкил карда мешавад.

Намояндагии бонк ҳуқуқ надорад амалиёти бонкии дар моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" пешбинишударо иҷро намояд.

110. Намояндаги бо бонк тавозуни ягона дорад ва номи он низ бо номи бонк комилан мувофиқ аст, танҳо ба он калимаи "намояндаги" илова мегардад.

111. Ҳангоми кушодани намояндагии бонк дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати дигар, бонк вазифадор аст дар ин хусус ба Бонки миллии Тоҷикистон огоҳинома фиристад.

Огоҳинома дар бораи кушодани намояндаги (замимаи 12) бояд маълумот дар хусуси мақсадҳои таъсиси он, таърихи кушодан, ҷойи воқеъ гардидани намояндаги, рақами телефону факсҳо, номи бонке, ки дар он ҳисоби ҷории вай кушода шудааст ва роҳбари онро дарбар гирад.

Бонк ба огоҳинома ҳуҷҷатҳои зеринро замима менамояд:

- қарори мақоми дахлдори идораи бонк дар бораи кушодани намояндаги;

- низомномаи намояндаги, ки маълумот дар бораи ном ва ҷойи вокеъгарди, мақсади таъсиси он ва нишондоди навъҳои фаъолиятро дарбар мегирад;

- маълумот дар бораи роҳбар ва муовини он (замимаи №10);

- нусхаи супоришномаи пардохт, бо қайди маркази ҳиссоббаробаркунии Бонки миллии Тоҷикистон дар хусуси пардохти боҷ барои кушодани намояндагии бонк дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пардохт аз ҳисоби корпардозии бонк амали карда мешавад.

112. Барои кушодани намояндагии бонк дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба андозаи баробар ба 1000 доллар, барои ҳар як намояндагии бақайдгирифташаванда ҷудогона, боҷ ситонида мешавад.

113. Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи) дар муддати як моҳ, аз лаҳзаи гирифтани огоҳинома:

- ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо барраси менамояд;

- масъалаи кушодани намояндагии бонк дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати дигарро ҳаллу фасл менамояд.

114. Дар сурати ҳалли мусбати ин масъала Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи) дар давоми панҷ рӯзи кори:

- дар феҳристи бақайдгирии намояндагии бонкҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси кушодани намояндагии бонк сабт ворид менамояд, ки дар он инҳо нишон дода мешаванд: номи намояндагии бонк; рақами бақайдгирии он ва таъхири бақайдгири; ҷойи вокеъ гардидани намояндагии бонк; рақами телефону факсҳо; маълумот дар бораи роҳбар ва муовинони намояндагии бонк; номи бонке, ки онро кушодааст; ҷойи воқеъгардии он; рақами телефон ва маълумот дар бораи роҳбари бонк; муассисаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар он ҳисоби ҷории намояндаги кушода шудааст. Агар дар бораи кушодани намояндагии бонк дар хориҷи кишвар иҷозат дода шуда бошад, бе нишон додани муассисаи минтақави (территорияви), дар феҳристи ҳисобгирии намояндагиҳои бонкҳо дар каламрави давлатҳои дигар маълумоти дар боло номбаршуда сабт мегарданд:

- ба бонк дар бораи ба қайдгирии намояндаги ва агар намояндаги дар хориҷа кушода шавад дар хусуси иҷозат ба таври хатти иҷозат медиҳад;

- агар намояндаги дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шуда бошад, дар ин маврид ба муассисаи минтақавии (территориявии) ҷойи воқеъгардии намояндагии бонк дар хусуси ба қайдгирии намояндагии бонк ва маълумот дар бораи роҳбар ва муовинони он иттилоия мефиристад.

115. Ба намояндагии бонк, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шудааст, ҳангоми бақайдгири рақам дода мешавад, ки он аз ду қисм иборат аст;

- рақами бақайдгирии бонк ва баъд аз тире рақами тартибии намояндаги.

116. Баъд аз бақайдгирии намояндагии бонк дар қаламрави давлати дигар, бонк вазифадор аст дар муддати се рӯз дар ин хусус ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳад ва таърихи бақайдгири ва рақами бақайдгирии намояндагиро нишон бидиҳад.

117. Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи) ин маълумотро ба феҳристи ҳисобгирии намояндагиҳои бонкҳо дар қаламрави давлатҳои дигар дохил менамояд..

118. Фаъолияти намояндагии бонке, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст, мумкин аст аз лаҳзаи бақайдгирии он оғоз ёбад, вале на дертар аз се моҳи баъди бақайдгири ва мутобиқи қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон амали карда мешавад.

Дар акси ҳол Бонки миллии Тоҷикистон сабт дар бораи бақайдгирии намояндагии бонк дар феҳристи бақайдгирии намояндагиҳои бонкҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси таъхири оғози фаъолияти дар Низомномаи намояндаги пешбинишуда бекор менамояд.

119. Бонки миллии Тоҷикистон агар муқаррар намояд, ки фаъолияти намояндаги хилофи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва ҳамчунин, дар ҳолати ошкор намудани вайронсозии талаботи қонунгузории бонки ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба кушодани намояндаги монеъ мегарданд, метавонад ба бонк дар бораи таъсиси намояндаги дар қаламрави давлати дигар иҷозат надиҳад.

120. ҳангоми ошкор намудани вайронсозии талаботи қонунгузории бонки ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба кушодани намояндаги монеъ мегарданд, Бонки миллии Тоҷикистон дар ин хусус ба бонк ба таври хатти хабар медиҳад.

121. Бастани намояндагии бонк дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлатҳои дигар бо қарори мақоми дахлдори идоракунии бонк, ки ин ҳуқуқ мутобиқи оинномаи бонк ба вай дода шудааст, амали карда мешавад.

122. Дар ҳолати қабул гардидани қарор дар бораи бастани намояндаги, бонк дар давоми панҷ рӯз дар ин бора ба Бонки миллии Тоҷикистон огоҳинома (замимаи №12) мефиристад.

Ба огоҳинома пайнавишти мақоми дахлдори идоракунии бонк бо қарор дар бораи бастани намояндагии бонк дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон илова карда мешавад.

ҳангоми бастани намояндаги дар қаламрави давлати дигар, бонк дар ин хусус ба Бонки миллии Тоҷикистон ба таври хатти хабар медиҳад ва ба он пайнавишти мақоми дахлдори идораи бонкро бо қарор дар бораи бастани намояндагии бонк дар қаламрави давлати дигар илова менамояд.

123. Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи) дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда:

- намояндагии бонкро дар феҳристи бақайдгирии намояндагиҳои бонкҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё агар намояндагии бонк дар хориҷа кушода шавад, аз феҳристи ҳисобгирии намояндагиҳои бонкҳо дар қаламрави давлатҳои дигар хориҷ менамояд,

- агар намояндаги дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шуда бошад, дар ин маврид Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи бастани намояндаги ва ҳисобҳо дар муассисаи минтақавии (территориявии) ҷойи вокеъгардии намояндаги ба таври хатти хабар медиҳад;

- дар ин бора ҳамчунин ба бонк хабар медиҳад.

124. Хабар дар бораи кушодани намояндагии бонк ё бастани он дар "Ахбори Бонки миллии Тоҷикистон" интишор мегардад.

Боби 12. Тартиби васеъ намудани доираи амалиёти иҷрошаванда

125. Бонк метавонад доираи амалиёти иҷрошавандаро бо роҳи аз Бонки миллии Тоҷикистон гирифтани иҷозатномаҳои иловаги васеъ намояд:

- иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки (дар банди 2, моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" номбар шудаанд) бо асъори хориҷи;

- иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки, мутобиқи бандҳои 3 ва 4, моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ".

126. Иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки бо асъори хориҷи, ки дар банди 2, моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" номбар шудаанд, баъд аз як соли оғози фаъолияти бонк ва дар ҳолати мавҷуд будани воситаҳои ҳозиразамони алоқаи байналхалқи ва мутахассисони дахлдор, бо тартиби муайяннамудаи Дастурамали "Қоидаи ба бонкҳои тиҷорати додани иҷозатнома барои иҷрои амалиёт бо асъори хориҷи" дода мешавад.

127. Бонки амалкунанда барои гирифтани иҷозатномае, ки доираи амалиёти аз тарафи вай иҷрошавандаро васеъ менамояд, бояд ба андозаи дар давраи дахлдор муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон сармояи ҳадди ақал ва вазъи молиявии устуворро дошта бошад, ҳамаи талаботи дар ин Дастурамал баёншударо риоя намоянд ва ҳуҷҷатҳои зеринро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод созад:

- дархостнома бо имзои раиси Шӯрои бонк дар бораи васеъ намудани доираи амалиёти бонкии иҷрошаванда;

- асосноккунии иқтисодии омодагии бонк барои иҷрои чунин амалиёт;

- ҳисоботи солонаи интишоргардида, ки аз тарафи аудитор тасдиқ шудааст;

- тавозун дар таърихи охирини додани ҳисобот;

- ҳисобу китоби меъёрҳои иқтисоди;

- ҳуҷҷатҳои дигаре, ки ин Дастурамал дар хусуси иҷозатномаи бонки мукаррар намудааст.

128. Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати на зиёда се моҳи баъди гирифтани дархостномаи бонк дар хусуси васеъ намудани доираи амалиёти бонкии иҷрошаванда маълумоти пешниҳодшударо барраси менамояд.

ҳангоми баррасии масъалаи ба бонк додани иҷозатномаҳои иловаги, Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи назорати бонки) дар он ба тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон тафтиши бозрасии мӯҷтамаъ мегузаронад.

129. Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда дар бораи имконпазирии ба бонк додани иҷозатномаи мавриди дархост қарор қабул мекунад ва Идораи назорати бонки дар давоми 10 рӯзи кори:

- дар феҳристи иҷозатномаҳои ба бонк додашуда дар хусуси додани иҷозатномае, ки бонк дархост мекунад, сабти дахлдор мекунад;

- нусхаи якуми иҷозатномаро бо забонхат ба Раиси Шӯрои бонк ё шахси дигари ваколатдор медиҳад.

130. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, дар ҳолатҳои дар моддаи 26 Конуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонки" нишододашуда, чунин иҷозатномаро аз бонк боз хонад.

131. Хабар дар бораи додан ё бозхонди иҷозатнома барои амалиёти мушаххаси бонки дар "Ахбори Бонки миллии Тоҷикистон" нашр мегардад.

ФАСЛ IV. БАҚАЙДГИРӢ ВА ДОДАНИ ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКҲО БО ИШТИРОКИ САРМОЯИ ХОРИҶӢ, БАХШҲО ВА НАМОЯНДАГИҲОИ БОНКҲОИ ХОРИҶӢ, ДАР ҚАЛАМРАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

132. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бо мувофиқати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бонкҳо бо иштироки сармояи хориҷи ва бахшҳои бонкҳои хориҷи дар иҷрои амалиёти бонки маҳдудиятҳо муқаррар намояд, агар дар давлатҳои хориҷи дахлдор нисбати бонкҳо бо иштироки сармояи Тоҷикистон ва бахшҳои бонкҳои Тоҷикистон дар мавриди таъсис ва фаъолияти онҳо маҳдудиятҳо татбиқ карда шаванд.

133. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ба тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" нисбати бонкҳо бо иштироки сармояи хориҷи ва бахшҳои бонкҳои хориҷи дар масъалаи меъёрҳои ҳатми, тартиби пешниҳоди ҳисобот, тасдиқи ҳайати роҳбарият, феҳристи амалиёти бонкии иҷрошаванда ва ҳамчунин, дар хусуси ҳадди ақалли сармояи оинномавии бонкҳои навтаъсисшаванда бо сармояи хориҷи ва ҳадди ақалли сармояи бахшҳои нав ба қайд гирифташавандаи бонкҳои хориҷи талаботи иловаги муқаррар намояд.

Боби 13. Муассисони бонк бо иштироки сармояи хориҷӣ

134. Инҳо метавонанд муассисони бонк бо иштироки сармояи хориҷи бошанд:

- ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шахсони ҳуқуқи-резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зиёда аз панҷоҳ фоизи саҳмияи (маблағи гузоштаи муассисон) онхо дар ихтиёрдори, моликият ва идораи ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсони ҳуқуқии ҳаммонанди онҳо - резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;

- резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ихтиёрдори воситаҳои (шахсони ваколатдори) ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсони ҳуқуқи-резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Боби 14. Ҳуҷҷатҳое, ки барои ба қайдгирии бонк бо иштироки сармояи хориҷи ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд

135. Барои бақайдгирии давлатии бонк бо иштироки сармояи хориҷи ва ба он додани иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки, ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар боби 2, фасли I ҳамин Дастурамал нишондодашуда, ба таври иловаги ҳуҷҷатҳои зерин, ки ба таври лозима ба расмият дароварда шудаанд, пешниҳод мегарданд:

а) розигии хаттии бонки давлатии (марказии) давлати хориҷи дар хусуси иштироки бонки хориҷи, муассис, дар таъсиси бонк бо иштироки сармояи хориҷи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) барои шахсони ҳуқуқи-ғайрирезидентҳо:

- қарори шахси ҳуқуқии хориҷи дар бораи иштироки он дар таъсиси бонк дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон,

- санаде, ки бақайдгирии шахси ҳуқуқи ва тавозуни онро дар се соли гузашта тасдиқ менамояд ва он бо хулосаи аудитори тасвиб гардидааст,

- розигии хаттии мақоми назорати дахлдори кишваре, ки вай ба он ҷо меояд, барои иштирок дар таъсиси бонк дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) барои шахсони воқеъи - ғайрирезидентҳо:

- тасдиқи бонки хориҷии якумдараҷа (мувофиқи амалияи байналхалқи) доир ба қобили пардохт будани худ,

- тавсияномаи на камтар аз ду шахси ҳуқуқию воқеъии хориҷи, ки қобилияти хуби пардохт доранд.

136.Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми зарурат метавонад пешниҳоди тавсияномаҳои бонкҳои хориҷии якумдараҷаро, ки қобили пардохт будани бонки муассисро тасдиқ мекунанд, дархост намояд.

Боби 15. Сармояи оинномавии бонк бо иштироки сармояи хориҷӣ

137. ҳадди ақалли сармояи оинномави барои бонки аз нав ташкилшуда бо иштироки сармояи хориҷи аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад, ки он бояд аз оғози фаъолияти бонк аз ҷониби муассисон пардохта шавад.

138. Сармояи оинномавии бонк бо иштироки сармояи хориҷи мутобиқи бандҳои 20-25, боби 3, фасли I ҳамин Дастурамал ташкил карда мешавад.

Боби 16. Тартиби мувофиқати харидории зиёда аз 20 фоизи ҳиссаҳо (саҳмияҳо)-и бонк бо иштироки сармояи хориҷӣ

139. Харидории зиёда аз 20 фоизи ҳиссаҳои (саҳмияҳои) бонк бо иштироки сармояи хориҷи аз ҳисоби маблағҳои ғайрирезидентҳо мутобиқи бандҳои 26-32, боби 4, фасли I ҳамин Дастурамал амали карда мешавад.

Агар пешаки розигии Бонки миллии Тоҷикистонро нагирифта, зиёда аз 20 фоизи ҳиссаҳои (саҳмияҳои) бонк бо иштироки сармояи хориҷи харидори шавад, ин харидуфурӯш беэътибор мебошад.

140. Бонк вазифадор аст барои афзун намудани сармояи оинномавии худ аз ҳисоби маблағҳои ғайрирезидентҳо, барои содир намудани (аз ҷумла, фурӯхтани) саҳмияҳои (ҳиссаҳои) худ ба фоидаи ғайрирезидентҳо ва иштирокдорони бонк-резидентҳо бошанд, вазифадоранд барои содир намудани саҳмияҳои (хиссаҳои) ба онҳо тааллуқдоштаи бонк ба фоидаи ғайрирезидентҳо, пешаки аз Бонки миллии Тоҷикистон иҷозат гиранд.

Муомилаҳои номбурдаи ба ғайрирезидентҳо додани саҳмияҳо (ҳиссаҳо), ки бе иҷозати Бонки миллии Тоҷикистон амали карда шудаанд, беэътибор мебошанд.

141. Ариза дар бораи нияти афзун намудани сармояи оинномавии бонк бо иштироки сармояи хориҷи аз ҳисоби маблағҳои ғайрирезидентҳо ва дар хусуси содир намудани саҳмияҳо (ҳиссаҳо) ба фоидаи ғайрирезидентҳо аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати ду моҳ аз рӯзи додани ариза барраси карда мешавад.

142. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад афзун намудани сармояи оинномавии бонк аз ҳисоби маблағҳои ғайрирезидентҳо ва барои содир кардани ҳиссаҳо (саҳмияҳо) ба фоидаи ғайрирезидентҳоро манъ намояд, агар амали мазкур боиси аз ҳадди меъёр (квота) гузаштани ҳиссаи сармояи хориҷи дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардад, ҳамчунин барои анҷоми муомилаи хариду фурӯши бештар аз 20 фоизи ҳиссаҳо (саҳмияҳо)-и бонк, агар ба ақидаи ӯ захираҳои молиявии бадасторандагони ҳиссаҳо (саҳмияҳо) ба қадри кофи нестанд ё манбаъи ҳамешагии ҷуброн надоранд, ҳамчунин ҳангоми вайрон кардани қоидаҳои зиддиинҳисори ва дигар ҳолатҳо, ки дар қонунгузори пешбини шудаанд, розиги надиҳад.

Боби 17. Тартиби бақайдгири ва додани иҷозатнома барои фаъолияти бонки ба бонки аз нав ташкилшуда бо иштироки сармояи хориҷӣ

143. Бақайдгирии бонк бо иштироки сармояи хориҷи мутобиқи бандҳои 33-43, боби 5, фасли I ҳамин Дастурамал амали карда мешавад.

144. Барои бақайдгирии бонк бо иштироки сармояи хориҷи ба андозаи 0,5 фоизи сармояи оинномавии эълоншуда боҷ ситонида мешавад.

145. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бо асосҳои дар сарсатри чоруми моддаи 20 ва дар моддаи 21-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" зикршуда, бақайдгирии давлатии бонкро рад намояд.

146. Хабар дар бораи бақайдгирии давлатии бонк бо иштироки сармояи хориҷи ё дар хусуси бекор намудани ин қарор дар "Ахбори Бонки миллии Тоҷикистон" нашр мегардад.

147. Баъд аз бақайдгирии бонк бо иштироки сармояи хориҷи, муассисони он бояд дар муддати се моҳ сармояи оинномавии эълоншударо 100 фоиз пардохт намоянд.

148. Тасдиқи пардохти сармояи оинномавии бонк бо иштироки сармояи хориҷи мутобиқи бандҳои 48-50, боби 6, фасли I ҳамин Дастурамал амали карда мешавад.

149. Тартиби ба бонк бо иштироки сармояи хориҷи додани иҷозатнома барои фаъолияти бонки мутобиқи бандҳои 51-55, боби 7, фасли I ҳамин Дастурамал амали карда мешавад.

150. Ба бонк бо иштироки сармояи хориҷи, дар ҳолати мавҷуд будани воситаҳои ҳозиразамони алоқаи байналхалқи ва мутахассисони дахлдор, иҷозатномаи иловаги барои иҷрои амалиёти бонки бо асъори хориҷи баъд аз се моҳи таъсиси он мувофиқи моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" ва Дастурамали "Қоидаи ба бонкҳои тиҷорати додани иҷозатнома барои иҷрои амалиёт бо асъори хориҷи" дода мешавад.

151. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои дар моддаи 26-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" нишондодашуда, иҷозатномаи бонкро барои иҷрои амалиёти бонки бозхонад.

152. Хабар дар бораи додани иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки ё бозхонди он дар "Ахбори Бонки миллии Тоҷикистон" нашр мегардад.

Боби 18. ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирии бахши бонки хориҷиба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд

153. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодани бахшҳои бонкҳои хориҷи, ки вазъи молиявии устувор доранд ва бо кори бенуқсони худ машҳуранд, иҷозат дода мешавад.

154. Бонки хориҷи барои бахш амвол ҷудо мекунад ва бо он сармояи оинномави ва тавозуни ягона дорад, ҳамчунин номи бахш низ бо номи бонк комилан мувофиқ аст, танҳо калимаи "бахш" илова мегардад.

155. Бахши бонки хориҷи бояд ҳатман мақоми (статуси) шахси ҳуқуқи дошта бошад.

156. Бонки ғайрирезидент ба бахше, ки аз ҷониби вай дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода мешавад, ба андозаи ҳадди ақал сармояи оинномави ҷудо менамояд, ки онро Бонки миллии Тоҷикистон муайян менамояд.

Сармояи оинномави бояд то оғози фаъолияти бахш аз тарафи бонки хориҷи ба андозаи 100 фоизи ҳадди ақал пардохта шавад.

157. Бонки ғайрирезидент, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бахш кушодааст, ғайр аз риояи талаботи умуми, бонк бо иштироки сармояи хориҷи, вазифадор аст:

- барои ҷойгирсозии бахши худ дорои бино бошад (бино бояд моликияти бонк бошад ва ба талаботи дар зербанди 1, банди 17, боби 2, фасли I ҳамин Дастурамал ҷавоб диҳад);

- ба вазифаи роҳбарону сармуҳосибони бахшҳои бонкҳои хориҷи ва муовинони онҳо шахсонеро таъйин намояд, ки ба талаботи дар моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" баёншуда ҷавобгӯ бошанд.

158. Барои бақайдгирии давлатии бахши бонки хориҷи ва иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки гирифтани он, бонки ғайрирезидент ба Бонки миллии Тоҷикистон дархостнома дар бораи кушодани бахш (замимаи №13) ирсол менамояд.

Якҷоя бо дархостнома ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои ба таври зарури ба расмият даровардашудаи зерин пешниҳод карда мешаванд:

- розигии хаттии бонки давлатии (марказии) давлати хориҷи дар хусуси аз тарафи бонки хориҷи кушодани бахш дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- нусхаи оинномаи бонки хориҷи;

- низомномаи бахш, ки аз тарафи бонки асоси тасдиқ шудааст ва инҳоро дарбар мегирад: номи пурраи расмии бахши бонк ва номи мухтасари он, барои истифода дар ҳуҷҷатҳои пардохт бо забонҳои давлати ва хориҷи. Номҳои пурра ва мухтасар бояд дар мӯҳри бахши бонк инъикос гарданд; маҳалли воқеъгардии (нишонии почтавии) бахши бонк, ҳамчунин он амалиёт ва муомилаҳои бонкие, ки иҷрои онҳо ба бахш иҷозат дода шудааст (2-нусха);

- қарори бонки асоси дар бораи сармояи оинномавии бонк;

- асосмандии иқтисодии кушодани бахш дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- маълумот дар бораи номзадҳо ба вазифаи роҳбару сармуҳосиби бахш ва муовинони онҳо, мутобиқи талаботи зербанди 12, банди 17, боби 2, фасли I ҳамин Дастурамал;

- нусхаи супоришномаи пардохт, бо қайди маркази ҳисоббаробаркунии Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи пардохти боҷ барои кушодани бахши бонки хориҷи. Пардохт аз ҳисоби муросилотии бонк амали карда мешавад.

Ҳамаи ҳуҷҷатҳо бояд дар ду нусха пешниҳод гарданд. ҳуҷҷатҳое,ки бо забони хориҷи таҳия шудаанд, бояд ба забони давлати тарҷума шаванд ва аз тарафи идораи нотариали тасдиқ гарданд.

159. Барои бақайдгирии бонки фаръи ва бахши бонки хориҷи ба андозаи 0,5 фоизи сармояи оинномавии пардохташуда, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда шудааст, дар рӯзи бақайдгири боҷ ситонида мешавад.

160. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолати зарурат метавонад пешниҳоди тавсияномаҳои бонкҳои беҳтарини хориҷиро, ки қобилияти пардохти бонки ғайрирезидентро тасдиқ мекунанд, дархост намояд.

Боби 19. Тартиби кушодан ва бастани бахши бонки хориҷӣ

161. Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи) дар муддати се моҳ, аз лаҳзаи гирифтани дархостнома, ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо барраси мекунад ва мутобиқи бандҳои 84-88, боби 10, фасли III ҳамин Дастурамал амал менамояд.

162. Ба бахши бонки хориҷи ҳангоми бақайдгири рақам дода мешавад, ки он танҳо аз рақами сабт иборат аст.

163. Барои ҳар як бахше, ки бонки хориҷи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мекушояд, иҷозатномаи ҷудогонаи Бонки миллии Тоҷикистон талаб карда мешавад.

164. Ба бахши бонки хориҷи мувофиқи моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" ва "Қоидаи ба бонкҳои тиҷорати додани иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонки бо асъори хориҷи", дар ҳолати мавҷуд будани воситаҳои ҳозиразамони алоқаи байналхалқи ва мутахассисони марбута, иҷозатномаи иловаги барои иҷрои амалиёти бонки бо асъори хориҷи, баъди се моҳи таъсиси он дода мешавад.

165. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодани бахш танҳо ба он бонкҳои ғайрирезиденте иҷозат дода мешавад, ки вазъи молиявии устувор ва шӯҳрати кори бенуқсон доранд.

166. Мутобиқи қонунгузори дар бораи масъулияти шахси ҳуқуқи доир ба ӯҳдадориҳои бахшҳои он, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд, бонки ғайрирезидент ҳангоми кушодани бахш дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ба ҳуҷҷатҳое, ки дар банди 158-и ҳамин боби ин Дастурамал пешбини шудаанд, ба Бонки миллии Тоҷикистон ӯҳдадории ҳатмии ҷавобгари барои қарзҳои бахши кушодаи худро низ пешниҳод менамояд.

167. Дар ҳолати бад шудани вазъи молиявии бонки ғайрирезидент ва вобаста ба ин ғайриқобили пардохт гаштани бахши он дар назди қарздиҳандагон ва амонатгузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад аз тарафи ин бонк иҷро гаштани амалиётеро, ки имкониятҳои (дурнамоҳои) аз ҷониби бахш иҷро намудани ӯҳдадориҳо дар назди қарздиҳандагон ва амонатгузорони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бадтар месозанд (ҳамчунин, ба хориҷа, ба идораи асоси интиқол додани воситаҳои пулии бахшро), манъ намояд.

168. Фаъолияти бахши бонки хориҷи, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст, мутобиқи банди 90, Боби 10, Фасли III ҳамин Дастурамал амали карда мешавад.

169. ҳангоми ошкор намудани вайронсозии талаботи қонунгузории бонки ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба кушодани бахш монеъ мегарданд, Бонки миллии Тоҷикистон ба таври хатти ба бонк дар бораи имконпазирии оғози фаъолияти бахши он ва ба он додани рақами сабт хабар медиҳад.

170. Қарор дар бораи бастани бахши бонки хориҷи аз тарафи мақоми дахлдори идораи бонки ғайрирезидент қабул карда мешавад, ки ин ҳуқуқ мутобиқи оинномаи бонк ба вай дода шудааст.

ҳангоми бастани бахш бонки ғайрирезидент вазифадор аст дар хусуси ин қарор ба ҳамаи мизоҷон ва қарздиҳандагоне, ки дар бахши басташаванда ба онҳо хизмат расонида мешуд, хабар диҳад, барои бозпардохти қарзи кредитории мӯҳлатгузашта чораҳо андешад, ҳанчунин пардохтҳои ҳатмии аз бахш ба буҷет ва фондҳои ғайрибуҷети воридщавандаро таъмин намояд.

171. Баъд аз гузаронидани чорабиниҳои зарури доир ба иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди мизоҷон ва қарздиҳандагоне, ки дар бахши басташавандаи бонки хориҷи ба онҳо хизмат расонида мешуд, пардохти андоз, ба тавозуни бонки ғайрирезидент гузаронидани активу пассивҳои бахши хориҷи, бонки ғайрирезидент дар хусуси ба итмом расонидани баргузории чорабиниҳои номбурда ва бастани бахши худ дар муддати 5 рӯзи тақвими ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад (замимаи №13).

Дар ин маврид, бонки ғайрирезидент ба таври иловаги ба Бонки миллии Тоҷикистон инҳоро низ пешниҳод менамояд:

- пайнавишти мақоми дахлдори идораи бонк бо қарор дар бораи бастани бахши худ;

- санади супурд;

- тасдиқномаи хадамоти андози маҳалли воқеъгардии бахши бонки ғайрирезидент дар хусуси қарздор набудан доир ба пардохти андоз ба буҷет.

172. Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи) дар муддати си рӯзи кори, дар асоси маводи пешниҳодшуда, бахши бонки хориҷиро аз Китоби ҷумҳуриявии бақайдгирии бахшҳои бонкҳои тиҷорати хориҷ менамояд.

173. Бонки миллии Тоҷикистон ба муассисаи минтақавии маҳалли воқеъгардии бахши бонки хориҷи ва бонки ғайрирезидент дар хусуси ин масъала ва бастани зерҳисоби муросилоти хабарнома мефиристад.

174. Хабар дар бораи кушодани бахши бонки хориҷи ё бастани он дар "Ахбори Бонки миллии Тоҷикистон" нашр мегардад.

Боби 20. Тартиби кушодан ва бастани намояндагии бонкҳои хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон

175. Таҳти мафҳуми намояндагии бонки хориҷи воҳиди ҷудогонаи бонки хориҷи фаҳмида мешавад, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шуда, мутобиқи қонунгузории ҷории бонки ва ҳамин Дастурамал, Рухсатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро барои кушодани намояндагии бонки хориҷиро гирифтааст.

176. Намояндагии бонки хориҷи бо мақсади омӯзиши ҳолату вазъияти иқтисоди дар сектори бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои расонидани хадамоти машварати ба мизоҷони худ, нигоҳдори ва вусъатбахшии муносибот бо бонкҳои резидент ва рушду инкишофи ҳамкории байналхалқи таъсис дода мешавад.

177. Намояндагии бонки хориҷи шахси ҳуқуқи намебошад ва ҳуқуқ надорад ба фаъолияти тиҷорати машғул шавад, он аз ном ва бо супориши бонке, ки онро намояндаги мекунаду номи вай дар Рухсатнома барои кушодани намояндагии бонки хориҷи нишон дода шудааст, баромад менамояд.

178. Намояндагии бонки хориҷи субъекти хоҷагидори намебошад ва аз фаъолияти худ фоида намегирад. Хароҷоти намояндагии бонки хориҷи аз тарафи бонки хориҷи маблағгузори карда мешавад. Намояндагии бонки хориҷи бо бонки ғайрирезидент тавозуни ягона дорад, ҳамчунин номи он низ бо номи бонки ғайрирезидент комилан мувофиқ аст, танҳо ба он калимаи "намояндаги" илова мегардад.

179. Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи аризаи (замимаи №12) бонки хориҷие, ки дар кишвари худ на камтар аз панҷ сол фаъолият намуда, худро дар низоми бонкии мамлакати худ хеле хуб муаррифи намудааст ва вазъи молиявии устувор дорад, барои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодани намояндагии бонки хориҷи рухсатнома медиҳад. Маълумоти мазкурро мақоми назоратии кишваре, ки бонки хориҷи дар он ҷойгир шудааст, пешниҳод менамояд.

ҳангоми қабули қарор дар бораи кушодани намояндагии бонки хориҷи бояд хусусияти (характери) муносибатҳои дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишваре, ки бонки хориҷи дар он ҷойгир шудааст, ба назар гирифта шавад.

180. Бонки хориҷие, ки манфиатдори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодани намояндагии худ мебошад, ба Бонки миллии Тоҷикистон ариза ба номи Раиси бонки миллии Тоҷикистонро пешниҳод менамояд, ки дар он мақсади кушодани намояндаги баён мегардад.

Ба ариза бояд илова гарданд:

а) нусхаи оинномаи бонки хориҷи;

б) нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии бонки хориҷи ё беруннавис аз феҳристи бонки;

в) розигии мақоми назоратии кишваре, ки бонки хориҷи дар он воқеъ гардидааст;

г) ваколатномаи бонки хориҷи ба шахсе, ки доир ба масъалаи кушодани намояндаги гуфтушунид менамояд;

д) пурсишнома (замимаи №10), тарҷумаи ҳоли роҳбари намояндагии бонки хориҷи ва муовини вай;

е) тавсияномаи на камтар аз ду бонкҳои резидент;

ж) ҳисоботи солонаи охирини бонки хориҷи;

з) маълумот дар бораи сохтори мақомоти роҳбарии бонки хориҷи;

и) розигии иҷорадеҳ дар бобати ба сифати коргоҳ (офис) ба намояндагии бонки хориҷи иҷора додани бино (шартномаи иҷора-нусха);

к) низомномаи намояндагии бонки хориҷи, ки феҳристи навъҳои фаъолияти анҷомдиҳандаи намояндагиро дарбар мегирад;

л) нусхаи супоришномаи пардохт дар хусуси барои додани рухсатнома ба ҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон гузаронидани маблағ.

ҳамаи ҳуҷҷатҳои бояд дар ду нусха пешниҳод гарданд. ҳуҷҷатҳое,ки бо забони хориҷи таҳия шудаанд, бояд ба забони давлати тарҷума шаванд ва аз тарафи идораи нотариали тасдиқ гарданд.

181. Барои бақайдгирии намояндагии бонки хориҷи ба маблағи баробар ба 1 ҳазор доллари ИМА боҷ ситонида мешавад.

182. Дар қаламрави муассисаҳои дипломати кушодани намояндагии бонки хориҷи манъ аст.

183. Роҳбари намояндагии бонки хориҷи ва муовини ӯ вазифадоранд, мутобиқи банди 39, боби 5, фасли I ҳамин Дастуруламал, дар Бонки миллии Тоҷикистон аз комиссияи тахассуси гузаранд.

Номзадҳо ба вазифаи роҳбар ва муовини намояндагии бонки хориҷи бояд маълумоти олии иқтисоди ё ҳуқуқи, дар соҳаи бонки на камтар аз 2 сол таҷрибаи дошта бошанд кори ва забони давлатиро донанд.

184. Ба роҳбари намояндагии бонки хориҷи ва муовини вай иҷозат дода намешавад, ки ҳамзамон дар бонки резиденте, ки бо иштироки бонки хориҷии намояндагии мазкурро кушода ташкил шудааст, кор кунанд.

185. Баъди гирифтан ва тафтиши ҳамаи ҳуҷҷатҳои талабшаванда Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи барои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар масъалаи кушодани намояндагии бонки хориҷи ҳуҷҷатҳо тайёр мекунад.

186. ҳангоми ҳалли мусбати ин масъала, аз ҷониби Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ё Муовинони ӯ Рухсатнома барои кушодани намояндагии бонки хориҷи ба имзо расонида мешавад.

Дар Рухсатнома нишон дода мешавад:

а) номи пурра ва мухтасари бонки хориҷи бо забонҳои давлати ва хориҷи;

б) мӯҳлате, ки дар он Рухсатнома дода мешавад;

в) шумораи кормандони намояндаги аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷи;

г) таърихи додани рухсатнома, рақам.

187. Рухсатнома ба муҳлати се сол дода мешавад.

Шумораи кормандони хориҷии намояндаги, чун қоида, бояд аз ду нафар зиёд набошад. Агар ба намояндагии бонки хориҷи аз ин миқдор зиёдтар кормандони хориҷи лозим бошанд, зарурати ин бояд дар аризае, ки бар асоси он қарор кабул мегардад, асосманд карда шавад.

188. Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи) дар давоми панҷ рӯзи кори:

- дар феҳристи намояндагиҳои бонкҳои хориҷи сабти дахлдор менамояд, ки дар он маълумоти зерин нишон дода мешаванд: номи бонке, ки намояндагиро кушодааст, таърихи кушодани (бастани) он, маҳалли вокеъгарди, маълумот дар бораи кормандони роҳбарикунанда, рақами телефонҳои онҳо ва номи бонке, ки суратҳисоби намояндагии бонки хориҷи дар он кушода шудааст;

- ба бонк дар хусуси бақайдгирии намояндаги ба таври хатти хабар медиҳад;

- ба муассисаи минтақавии (территориявии) маҳалли воқеъгардии намояндагии бонк дар хусуси бақайдгирии намояндагии бонк ва дар бораи роҳбар ва ҷонишини вай хабарнома мефиристад.

189. Тағйири ном, маҳалли воқеъгарди ва навъҳои фаъолияти намояндагии бонки хориҷи имкон дорад танҳо баъд аз Бонки миллии Тоҷикистонро хабардор намудан, мутобиқи ин Дастуруламал, амали карда шавад.

190. Додани Рухсатнома барои кушодани (дароз кардани мӯҳлати амали Рухсатномаи) намояндагии бонки хориҷи мумкин аст рад карда шавад, дар ҳолатҳое, ки агар:

а) ҳуҷҷатҳои зарури пешниҳод нашуда бошанд;

б) маълумоти пешниҳодшуда ба ҳақиқат мутобиқат накунанд;

в) Бонки миллии Тоҷикистон дар ин бора қарор қабул намояд.

191. Агар намояндагии бонки хориҷи воқеан дар муддати се моҳи баъди додани Рухсатнома ба кор шурӯъ накарда бошад, Рухсатнома эътибори худро гум мекунад.

192. Бастани намояндагии бонки хориҷи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори мақоми дахлдори идораи бонки хориҷи, ки мутобиқи оинномаи бонк ин ҳуқуқ ба вай дода шудааст, амали карда мешавад.

193. Дар ҳолати қабул гардидани қарор дар бораи бастани намояндаги, бонки ғайрирезидент дар муддати ду моҳ дар ин хусус ба Бонки миллии Тоҷикистон ариза (замимаи №12) ирсол менамояд.

Ба ариза пайнавишти мақоми дахлдори идораи бонки ғайрирезидент, ки қарор дар бораи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бастани намояндагиро дарбар мегирад, илова карда мешавад.

194. Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи) дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда:

- намояндагии бонки хориҷиро аз феҳристи сабти намояндагиҳои бонкҳои хориҷи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ менамояд;

- дар хусуси бастани намояндагии бонки хориҷи ва ҳисобҳо дар муассисаи минтақавии маҳалли воқеъгардии намояндаги хабарнома мефиристад;

- дар ин бора ба бонки ғайрирезидент хабар медиҳад.

195. Фаъолияти намояндагии бонки хориҷи дар ҳолатҳои зерин низ қатъ карда мешавад:

а) дар ҳолати анҷом ёфтани мӯҳлати эътибори Рухсатнома;

б) дар сурати бозхонди иҷозатнома барои фаъолияти бонкии бонки ғайрирезиденте, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаги дорад;

в) дар ҳолате ки фаъолияти намояндагии бонки хориҷи хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;

г) бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон, бидуни нишон додани сабаб.

196. Хабар дар бораи кушодани намояндагии бонки хориҷи ё бастани он дар "Ахбори Бонки миллии Тоҷикистон" нашр мегардад.

Боби 21. Фаъолият ва ҳисоботдиҳии намояндагии бонки хориҷи дар назди Бонки миллии Тоҷикистон

197. Намояндагии бонки хориҷи кори худро мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон ташкил мекунад.

198. Баъди гирифтани рухсатнома намояндагии бонки хориҷи ба тартиби муқарраршуда дар Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешавад.

199. Намояндагии бонки хориҷи дар як сол ду бор дар хусуси фаъолияти худ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот медиҳад. ҳисоботи солона 15-уми январи соли оянда ва ҳисоботи нимсолаи аввал то 15-уми июли соли ҷори ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

Дар ҳисобот нишон дода мешавад:

а) маълумот дар бораи сохтори намояндагии бонки хориҷи;

б) тавсифи мухтасари лоиҳаҳои асосие, ки аз тарафи бонки ғайрирезидент дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амали карда мешаванд, бо нишон додани мӯҳлат, ҳаҷм ва ҳамкорикунандагон;

в) маълумот дар бораи ҳамкори бо Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои резидент.

200. Роҳбари намояндагии бонки хориҷи ё ҷонишини он дар хусуси тағйироти ҷадвали вазифаи (штати) кормандони хориҷи, ҳамчунин дар бораи ҳодисаҳои фавқулодае, ки ба фаъолияти намояндагии бонки хориҷи ва кормандони он вобастаанд, сари вақт ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳанд.

201. Корманди Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи соле на камтар аз як бор бо мақсади тафтиши вазъи корҳо ба намояндагии бонки хориҷи меравад.

202. Ҳангоми мавҷуд будани асосҳое, ки аз тарафи намояндагии бонки хориҷи вайрон карда шудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё санадҳои меёрии Бонки миллии Тоҷикистон ва фаъолияти ба мақоми (статуси) он номувофиқро тасдиқ менамояд, имкон дорад бо дастури роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон кормандони воҳидҳои дигари Бонки миллии Тоҷикистон низ ба чунин тафтиш ҷалб карда шаванд.

Боби 22. Тамдиди мӯҳлати амали рухсатномаи намояндагии бонки хориҷӣ

203. Дар ҳолати аз тарафи роҳбарияти бонки ғайрирезидент қабул гардидани қарор дар бораи тамдиди мӯҳлати фаъолияти намояндагии бонки хориҷи, ба Бонки миллии Тоҷикистон ариза ба номи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва нусхаи супоришномаи пардохт дар хусуси гузаронидани маблағ барои тамдиди мӯҳлати амали Рухсатнома фиристода мешавад.

204. Барои тамдиди мӯҳлати амали Рухсатнома ба маблағи баробар ба 500 доллари ИМА боҷ ситонида мешавад.

205. Масъалаи тамдиди мӯҳлати амали Рухсатнома аз тарафи Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи барраси мегардад ва бо роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқат карда мешавад.

206. Дар холатҳои махсус масъалаи тамдиди мӯҳлати амали Рухсатнома мумкин аст ба муҳокимаи Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон вогузор карда шавад.

207. Дар ҳолатҳои дар банди 191, боби 20, фасли IV ҳамин Дастурамал нишондодашуда, мӯҳлати амали Рухсатномаи намояндагии бонки хориҷи тамдид карда намешавад.

ФАСЛИ V. БАҚАЙДГИРИИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО

208. ҳамаи тағйироту иловаҳое, ки ба оинномаи бонк, ба ҳайати иштирокдорони он ва роҳбарони (раис ва сармуҳосиб) бонк ва воҳидҳои онҳо ё ташкилоти кредитии дигар дохил карда мешаванд, бояд дар Бонки миллии Тоҷикистон ба қайд гирифта шаванд.

Дар ин маврид бонк вазифадор аст дар давоми як моҳ аз рӯзи қабул гардидани қарор дар бораи дохил намудани тағйирот ва дар мӯҳлати ду рӯз дар бораи тағйирот дар ҳайати роҳбарони бонк (воҳидҳои бонк) ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳад.

209. Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати як моҳ аз рӯзи пешниҳоди ҳамаи ҳуҷҷатҳои ба таври зарури ба расмият даровардашуда, онҳоро барраси менамояд ва дар бораи бақайдгирии тағйироту иловаҳо дар оинномаи бонк қарор кабул мекунад. Дар ҳолати тасдиқи номзадҳо ба вазифаҳои роҳбарикунандаи бонк ва воҳидҳои он, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад мӯҳлати баррасии ҳуҷҷатҳоеро, ки барои санҷиши коршоямии касбии номзадҳо дар комиссияи тахассусии Бонки миллии Тоҷикистон заруранд, тамдид намояд.

Боби 23. Бақайдгирии тағйироту иловаҳое, ки ба оинномаи бонк дохил карда мешаванд

210. Зери мафҳуми тағйироту иловаҳои ба оинномаи бонк дохилшаванда, бо Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқат намудани онҳо дар назар дошта мешавад.

211. Барои бақайдгирии тағйироту иловаҳое, ки ба оиннома дохил карда мешаванд, ғайр аз тағйири миқдори сармояи оинномави, бонк дар муддати як моҳ аз рӯзи аз тарафи маҷлиси умуми қабул гардидани қарори дахлдор ҳуҷҷатҳои зеринро ба Бонки миллии Тоҷикистон ирсол менамояд:

- дархостнома дар хусуси бақайдгирии тағйироту иловаҳое, ки ба оиннома дохил карда мешаванд (бо имзои шахси ваколатдоре, ки номи хонаводаги, ном ва номи падарии вай бояд дар пайнавишти дахлдори маҷлиси иштирокдорони бонк мавҷуд бошад);

- пайнавишти маҷлиси иштирокдорони бонк бо қарор дар бораи ба оинномаи он дохил намудани тағйироту иловаҳо;

- дар ду нусха матни тағйироти ба оиннома дохилшаванда, ки аз ҷониби шахси ваколатдор имзо шудааст (замимаи №14).

ҳангоми ба таври иловаги баровардани саҳмияҳо, бонки дар шакли ҷамъияти саҳоми ташкилшуда ба оиннома тағйироту иловаҳое дохил менамояд, ки инҳоро инъикос менамоянд:

- дараҷа, навъ, миқдор, арзиши исмии саҳмияҳои эълоншуда ва ҳуқуқҳое, ки онҳо ифода менамоянд.

212. Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо барраси менамояд ва агар онҳо ба талаботи қонунгузории ҷори ҷавобгӯ бошанд, онҳоро мувофиқат менамояд.

213. Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми панҷ рӯзи кори, баъди рӯзи мувофиқати тағйироту иловаҳо дар оинномаи бонк, ҳуҷҷатҳои зеринро ба бонк мефиристад:

- огоҳинома дар хусуси зарурати ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намудани нусхаи оинномаи бонк, барои ба варақаи унвони он дохил намудани сабт дар бораи бақайдгирии тағйироту иловаҳо (замимаи №15).

214. Баъди аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дар варақааи оинномаи бонк дохил намудани сабт дар бораи мувофиқати тағйироту иловаҳо, нусхаи оиннома ба замимаи тағйироту иловаҳо ба оинномаи бонк, ки бо Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқат шудааст, ба бонк баргардонида мешавад ва ҳамзамон тағйироту иловаҳо ба Китоби бақайдгирии давлатии бонкҳо низ ворид карда мешаванд.

215. Тағйироту иловаҳое, ки ба оинномаи бонк дохил карда мешаванд, аз рӯзи мувофиқати онҳо бо Бонки миллии Тоҷикистон эътибор пайдо мекунанд.

216. Тағйироту иловаҳо ба оиннома, ки мувофиқат шудаанд, қисми ҷудонопазири он мебошанд ва баъди аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дар варақаи унвони оинномаи бонк дохил намудани сабти дахлдор дар хусуси мувофиқати ин тағйироту иловаҳо, якҷоя бо нусхаи оиннома ба бонк баргардонида мешаванд.

217. Барои даровардани тағйирот ба сармояи оинномави дар шартномаи таъсиси 0,03 фоиз аз маблағи зиёдшудаи сармояи оинномавии бонк, боҷ ситонида мешавад.

Боби 24. Хусусиятҳои бақайдгирии тағйироти андозаи сармояи оинномавии бонк

218. ҳангоми мувофиқати тағйири миқдори сармояи оинномавии бонк, Бонки миллии Тоҷикистон қонунмандии иштирок ва аз тарафи иштирокдорон пардохта шудани ҳиссаҳои худро ба тартибе, ки барои бонкҳои аз нав ташкилёбанда пешбини шудааст, назорат менамояд.

219. Бақайгирии тағйири андозаи сармояи оинномави дар оинномаи бонк, баъди аз тарафи иштирокдорон комилан пардохта шудани ҳиссаҳои (саҳмияҳои) худ амали карда мешавад.

Аз ҷониби бонк қабул карда шудани қарор дар бораи афзун намудани сармояи оинномавии он, танҳо баъди бақайдгирии тағйири пешинаи ҳаҷми сармояи оинномави дар оинномаи бонк роҳ дода мешавад.

220. Афзоиши андозаи сармояи оинномавии бонк танҳо дар қисми пули аз ҳисоби маблағҳои пулии муассисон (иштирокдорон, саҳмдорон)-и бонк, ин чунин бо роҳи афзудани арзиши исмии саҳмияҳои бонк ва барориши иловагии саҳмияҳо иҷозат дода мешавад.

Афзоиши андозаи сармояи оинномави аз ҳисоби воситаҳои асоси ва дигар активҳои моли манъ аст. Афзоиши андозаи сармояи оинномавии бонк барои пӯшонидани зарари ба он расонидашуда манъ аст.

221. Маблағи афзоиши андозаи сармояи оинномавии бонк бо пули милли, баробар ба нархи (курси) қабулшудаи доллари ИМА дар рӯзи қабули қарори мазкури Маҷлиси умумии иштирокдорони бонк муқаррар карда мешавад.

222. Барои дар оиннома қайд кардани тағйиротҳои ҳаҷми сармояи оинномави, бонк ба ғайр аз тавсиянома ва шаклҳои дахлдор (замимаи №14), ки матни тағйироти даровардашударо дар бар мегирад, ба Бонки миллии Тоҷикистон ба таври иловаги ҳуҷҷатҳои зеринро ирсол менамояд;

- пайнавишти ҷаласаи Маҷлиси умумии иштирокдорони бонк, ки дар он қарор дар бораи тағйири сармояи оинномави дар шакли ҳақгузории пулии муассисон(иштирокдорон, саҳмдорон) инъикос ёфтааст;

- рӯйхати муассисон (иштирокдорон, саҳмдорон)-и бонк. Рӯйхат бояд номгӯи пурраи иштирокдорони бонкро дар бар мегирад;

- огоҳинома дар бораи аз тарафи иштирокдор (иштирокдорон)-и бонк, дар натиҷаи як ё якчанд муомила аз ҷониби як шахси ҳуқуқи ё воқеи, ё худ гурӯҳ шахсони ҳуқуқи ё воқеи, ки байни худ робитаи шартномави доранд, ё худ гурӯҳи шахсони ҳуқуқи, ки нисбати якдигар робитаи фаръи ё вобастаги доранд, ба даст овардани бештар аз 5, вале на зиёда аз 20% ҳисса (саҳмияҳо)-и бонк (замимаи №5), ки ризояти пешакии Бонки миллии Тоҷикистонро талаб мекунад:

- иттилооте, ки қонуни будани пардохти сармояи оинномавии ӯро тасдиқ намояд.

Зери мафҳуми қонуни будани пардохти сармояи оинномави фаҳмида мешавад;

а) агар пардохтгар бошад, он гоҳ ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зарин пешниҳод карда мешавад:

- тавозуни барои таърихи охирин;

- супоришномаи пардохт, ки дар он аз кадом ҳисоб ба кадом ҳисоб пардохти афзунгардии сармояи оинномави (танҳо воситаҳои хусуси, қисми модди мумкин нест) ишора шудааст.

Бонки дар шакли ширкати саҳоми ташкилёфта ҳуҷҷатеро, ки қайди барориши қоғазҳои қиматнокро тасдиқ мекунад, пешниҳод менамояд;

б) агар пардохтгар шахси ҳуқуқи бошад, он гоҳ ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад:

- маълумотнома дар бораи вазъи молияви (хулосаи аудитори);

- тавозун барои таърихи охирини воридгардии маблағҳо (картотека набояд бошад);

- супоришномаи пардохт, ки дар он аз кадом ҳисоб ба кадом ҳисоб пардохти афзунгардии сармояи оинномави сурат мегирад.

Иштирокдорон-шахсони ҳуқуқи, гирандагони камтар аз 5 фоизи ҳиссаҳо (саҳмияҳо)-и бонк вазифадор нестанд, ки аз бозрасии андоз оид ба набудани қарздори дар назди буҷет маълумот пешниҳод намоянд. Бонк, мустақилона аз рӯи пардохти қонунии сармояи оинномавии иштирокдорони худ, ки то 5 фоизи (маҷмӯан) ҳисса (саҳмия)-и бонкро дар ихтиёр доранд назорат мебарад;

в) агар пардохт аз тарафи шахси воқеи сурат гирад, онгоҳ, ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- баённома аз Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

- маълумотнома аз ҷойи кор барои як сол,

- маълумотнома аз бонк дар бораи ҳисоби ӯ,

223. Ризояти кам кардани сармояи оинномавии бонк аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон, дар асоси қарори маҷлиси умумии иштирокдорони бонк на бештар аз се моҳи баъди огоҳсозии тамоми кредиторон (аз ҷониби бонк) дар бораи эҳтимолияти кам кардани сармояи оинномавии он ва ба шарте , ки бонк ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида ва нусхаи хулосаи дорои маълумот дар бораи сабабҳои камшавии сармояи оинномави ва чораҷӯиҳои бонк оид ба зиёдшавии он, рафъи ҳолатҳое, ки ба пастравии сармояи оинномавии бонк мусоидат менамоянд ва мактубҳои ба унвони кредиторон навиштаашро пешниҳод намояд, сурат мегирад.

224. Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати панҷ рӯзи кори, баъд аз санаи мувофиқати тағйиротҳо ба оинномаи бонк, ки ба ҳаҷми сармояи оинномавии ӯ тааллуқ доранд, ба бонк ҳуҷҷатҳои зеринро мефиристад:

- огоҳинома дар бораи зарурияти ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намудани нусхаи оинномаи бонк баҳри дар варақаи унвони он даровардани қайдҳо оиди сабти тағйироту иловаҳо (замимаи №15).

225. Пас аз он, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба оинномаи бонк дар бораи тағйиротҳои сармояи оинномавии бонк қайдҳо медарорад, нусхаи оинномаи бонкро бо замимаи иловаҳо ба бонк бармегардонад. Дар ин маврид Бонки миллии Тоҷикистон ба бонк нусхаи рӯйхати иштирокдорони бонкро, ки ба он мувофиқат карда шудааст, медиҳад.

ҳамзамон бо ин Бонки миллии Тоҷикистон оид ба тағйироту иловаҳо дар китоби қайди давлатии бонкҳо маълумот ворид менамояд.

Боби 25. Хусусиятҳои бақайдгирии тағйири номи бонк

226. Баррасии масъалаи тағйири номи бонк ва ивази он ва дар ин асос додани иҷозатнома барои гузаронидани амалиётҳои бонки дар Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.

227. Номи эҳтимолии нави бонк бояд пешаки бо Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқат кунонида шавад.

228. Бонк ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳоро дар бораи номи пураи эҳтимоли, ки сохти ташкиливу ҳуқуқии бонк ва номи ихтисоршудаи онро дар бар мегирад, мефиристад.

229. Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати панҷ рӯзи кори, баъди қабули чунин ҳуҷчат ба бонк мактуб (барқия) оиди розигии номи бонк маълумотнома мефиристад.

230. Баъд аз қабули мактуб (барқия) оид ба мувофиқати пешакии Бонки миллии Тоҷикистон иштирокдорони бонк корҳои зеринро ба анҷом мерасонанд:

- дар хусуси тағйири номи бонк дар маҷлиси умуми қарор қабул менамоянд;

- оид ба тағйири номи бонк ба ҳамаи кредиторон огоҳинома мефиристанд.

231. На дертар аз як моҳи пас аз фиристодани охирин огаҳинома бонк ба Бонки миллии Тоҷикистон дархостномаи дахлдор мефиристад. Дар ин дархостнома маълумот дар бораи огаҳсозии қарздорҳои бонк, тағйири номи бонк, пайнавишти маҷлиси иштирокдорони бонк бо қарори тағйири номгузори ва ду нусхаи тағйиротҳо ба оинномаи бонк, ки ба тағйири номи бонк тааллуқ доранд (замимаи №16) гирд оварда мешавад.

Бонк барои пешниҳоди маълумотҳои нодуруст ҷавобгар аст.

232. Бонки миллии Тоҷикистон тағйири номи бонкро оинномаи он мувофиқат мекунонад ва оид ба додани иҷозатнома бо номи нав қарор мебарорад.

233. Бонки миллии Тоҷикистон ба бонк оиди зарурияти ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намудани нусхаи оинномааш, барои дар варақаи унвони гузоштани қайди мувофиқат ба номи нави бонк (замимаи №15), огоҳинома мефиристад.

234. Пас аз гузоштани чунин қайд дар варақаи унвони оинномаи бонк, Бонки миллии Тоҷикистон нусхаи оиннома, нусхаи тағйири номгузории бонк, ки онро Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқат кардааст ва нусхаи иҷозатномаро дар бораи гузаронидани амалиётҳои бонки бо номи нав, ба бонк бармегардонад.

235. Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи) дар Китоби бақайдгирии ҷумҳуриявии бонкҳо сабт мекунад ва дар "Ахбори Бонки миллии Тоҷикистон" иттилооти дахлдор ба нашр мерасонад.

Боби 26. Хусусиятҳои бақайдгирии тағйири маҳалли воқеъгардии бонк

236. Тағйири маҳалли воқеъгарди (нишонии почтави)-и бонк аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешавад.

237. Тағйири маҳалли воқеъгарди (нишонии почтави)-и бонк метавонад ба ин боис гардад:

- тағйири нишонии почтави бо нигоҳдории ҳисоби муросилоти дар ҳамон муассисаи Бонки миллии Тоҷикистон;

- тағйири нишонии почтавии муассисаи Бонки миллии Тоҷикистон.

238. Тағйири маҳалли воқеъгарди (нишонии почтави) вобаста ба гузариш ба муассисаи дигари Бонки миллии Тоҷикистон, бояд қаблан танзими масъалаҳои мутааллиқ ба муносибатҳои байниҳамдигарии кредитиву ҳисоббаробаркунии бонк ба Бонки миллии Тоҷикистонро дарбар гирад.

239. Тағйири маҳаллии вокеъгарди (нишонии почтави)-и бонк, ки бо тағйири нуқтаи аҳолинишин вобаста нест, ивази иҷозатномаро талаб намекунад ва Бонки миллии Тоҷикистон танҳо дар Китоби бақайдгирии ҷумҳуриявии бонкҳо дар ин хусус тағйирот ворид мекунад.

Тағйири маҳалли воқеъгарди (нишонии почтави)-и бонк, ки ба тағйири нуқтаи аҳолинишин алоқаманд аст, зарурияти ивази иҷозатномаро ба миён мегузорад ва дар Бонки миллии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешавад.

240. Барои бақайдгирии тағйиротҳои дар оиннома даровардашуда, ки ба маҳалли воқеъгарди (нишонии почтави) дахл доранд бонк дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи қабули қарори дахлдори маҷлиси умми ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

- дархостнома дар бораи бақайдрии тағйироту иловаҳо, ки дар оинномаи бонк ворид карда шудааст, бо имзои шахси ваколатдор, ки ному номи хонаводагияш бояд дар пайнавишти дахлдори маҷлиси иштирокдорони бонк дарҷ шуда бошад;

- пайнавишти маҷлиси иштирокдорони бонк бо қарор дар хусусиворид кардани тағйироту иловаҳо дар оинномаи он;

- матни тағйиротҳое, ки дар оинномаи бонк дохил карда шудааст ва аз тарафи шакли ваколатдор (замимаи №16) дар ҳаҷми ду нусха ба имзо расидааст;

- иттилоот (нусхаи мактубҳо) дар бораи огоҳсозии кредиторҳо ва амонатгузорон оиди тағйири маҳалли воқеъгарди (нишонии почтави)-и бонк;

- тасдиқи Мудирияти ҳисоббаробаркуни ва муассисаи Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи қарздор набудани бонк дар ҳамон лаҳза қарз (фоизи қарз) дар назди Бонки миллии Тоҷикистон, дар назди буҷет ва бақияи дебет (салдои дебет) аз рӯи ҳисоби корпардози;

- маълумот дар бораи он, ки бинои бонки нав ба талаботи таҷҳизоти техникии бинои бонки ҷавобгӯ аст ва устувор сохтани маркази кассави мувофиқи Низомнома "Талаботи техники барои лоиҳакаши ва устуворсозии маркази кассави дар биноҳо, муассисаҳои бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон".

241. ҳангоми қабули қарори мусбат, Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати панҷ рӯзи кори, пас аз санаи мувофиқат кардани тағйири маҳалли воқеъгарди дар оинномаи бонк, ҳуҷҷатҳои зерин мефиристад:

- огоҳинома ба муассисаи Бонки миллии Тоҷикистон оиди маҳалли пешинаи хизматрасонии бонк ва оид ба мувофиқат кардани онҳо ба маҳалли воқеъгарди (нишонии почтави)-и нав бо ишора намудани мушаххасоти бонкии нав ба ӯ додашуда ва бо иттилоот дар бораи имкони бастан ва интиқоли боқимондаи маблағ аз ҳисоби муросилоти ба воситаи супоришномаи пардохт ба муассисаи Бонки миллии Тоҷикистон ба маҳалли нави воқеъгардии бонк;

ба бонк;

- огоҳинома дар бораи зарурияти ба нишонии Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намудани нусхаи оинномаи бонк баҳри дар варақаи унвони он ворид кардани сабти дахлдор оид ба бақайдгирии тағйири маҳалли воқеъгарди (нишонии почтави)-и бонк дар оиннома (замимаи №15).

242. Бонки миллии Тоҷикистон на дертар аз се рӯзи баъди дар оинномаи бонк ворид кардани қайди мувофиқат кардани тағйири маҳалли воқеъгарди (нишонии почтави)-и он ва баргардонидани нусхаи оинномаи бонк дар варақаи унвони нусхаи оинномаи бонк, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон мавҷуд аст, қайди дахлдор мекунад.

243. Агар тағйири маҳалли воқеъгарди (нишонии почтави)-и бонк ба даровардани тағйирот дар варақаи унвони оиннома боис шавад, он гоҳ иҷозатнома дар бораи гузаронидани амалиётҳои бонки, бо риояи шартҳои дар бандҳои 241 ва 243, боби 26, фасли V-и ҳамин дастурамал бо тартиби зайл иваз карда мешавад:

Бонк ба Бонки миллии Тоҷикистон 2 нусха дар хусуси тағйири маҳалли воқеъгарди (нишонии почтави) дар оинномаи бонк (замимаи №16), нусхаи мактубҳои бонк барои огоҳсозии ҳамаи кредиторон ва амонатгузорон дар бораи тағйири маҳалли воқеъгарди (нишонии почтави)-и бонк ва хулосаи мусбати муассисаи ҳудудии Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи маҳалли нави хизматгузории бонкро мефиристад, ки маълумоти муфассали зеринро дарбар мегирад:

- бонк аз рӯи қарзҳо (фоизҳои қарз) дар назди Бонки миллии Тоҷикистон, қарз дар назди буҷет ва салдои дебети аз рӯи ҳисоби корпардози қарздор нест;

- бинои нави бонк ба ҳамаи талаботи таҷҳизоти зарурии техникии бинои бонки ва устувор сохтани маркази кассави мувофиқи Низомномаи "Талаботи техники барои лоиҳакаши ва устуворсозии маркази кассави дар биноҳо, муаассисаҳои бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷавобгӯ мебошад.

244. Бонки миллии Тоҷикистон тағйири маҳалли воқеъгардии бонкро дар оинномаи он мувофиқат мекунад ва дар хусуси додани иҷозатнома бо ишораи маҳалли нави воқеъгарди бо тартибидар бандҳои 233-236, боби 25, фасли V ҳамин Дастурамал муқарраршуда, қарор қабул мекунад.

245. Иттилоот дар бораи тағйири маҳалли воқеъгарди (нишонии почтави)-и бонк дар "Ахбори Бонки миллии Тоҷикистон" нашр карда мешавад.

Боби 27. Мувофиқ намудани тағйироте, ки ба ҳайати иштирокдорони бонк дохил карда мешаванд

246. Зери мафҳуми мувофиқат кардани тағйироте, ки ба ҳайати иштирокдорони бонк ворид карда мешаванд, тасдиқи рӯйхати нави иштирокдорони бонк дар Бонки миллии Тоҷикистон фаҳмида мешавад.

247. Ба ҳайати иштирокдорони бонк метавонад тағйирот ворид гардад, ки ба андозаи сармояи оинномави таъсир нарасонад.

248. Пас аз он, ки маҷлиси умуми дар бораи ворид кардани тағйирот ба ҳайати иштирокдорон қарор қабул мекунад,, дар муддати як моҳ аз рӯзи гузаронидани он, бонк барои ба қайдгирии ин тағйиротҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро мефиристад:

- дархостнома дар бораи бақайдгирии тағйироте, ки ба рӯйхати иштирокдорони бонк бо имзои шахси ваколатдор, ки ному номи хонаводагияш дар пайнавишти дахлдори маҷлиси ишторокдорони бонк бояд мавҷуд бошанд, дохил карда мешавад;

- пайнавишти маҷлиси иштирокдорони бонк бо қарор дар бораи ворид кардани тағйироту иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисдиҳандаи бонк;

- Рӯйхати муассисон (иштирокдорон, саҳмдорон)-и бонк (замима №9) дар ду нусха, дар ин ҳолат рӯйхат бояд номгӯи пурраи иштирокдорони бонкро дарбар мегирад;

- маълумот дар бораи иштирокдорони бонк, ки ҳиссаашон дар сармояи оинномави аз 5 фоиз кам аст;

- нусхаи огоҳинома дар бораи аз тарафи иштирокдор (иштирокдорон)-и бонк, дар натиҷаи як ё якчанд муомила аз ҷониби як шахси ҳуқуқи ё воқеъи, ё худ гурӯҳи шахсони ҳуқуқи ё воқеъи, ки байни худ робитаи шартномави доранд, ё ин ки гурӯҳи шахсони ҳуқуқи, ба даст овардани аз 5 то 20 фоизи ҳисса (замимаи №5).

249. Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати панҷ рӯзи кори аз санаи мувофиқат намудани тағйири рӯйхати иштирокдорони бонк, рӯйхати тағйир додашудаи иштирокдоронро, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ба бонк мефиристад (замимаи №9).

250. Бонки миллии Тоҷикистон иттилоотро дар бораи тағйири ҳайати иштирокдорони бонк ба китоби бақайдгирии давлатии бонкҳо ворид месозад.

Боби 28. Тартиби даровардани тағйирот ба низомномаи бахши бонк

251. Барои назорати қонунияти гузаронидани амалиётҳои бонкии бахш, ки дар иҷозатномаи бонк пешбини шудааст, бонк оид ба тағйироти ба низомномаи бахш воридкардашуда, ба воситаи ирсоли таҳрири нави низомнома ба Бонки миллии Тоҷикистон ва муассисаи Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи маҳалли воқеъгардии бахши бонк, дар мӯҳлати даҳ рӯзи баъд аз қабули қарори дахлдор барои мувофиқат кардани он огоҳ месозад.

252. Дар ҳолати тағйир ёфтани маҳалли воқеъгарди (нишонии почтави)-и бахш, бонк дар ин хусус ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, Бонки миллии Тоҷикистон бошад, муассисаи Бонки миллии Тоҷикистонро аз маҳалли воқеъгардидаи бахш хабардор мекунад.

253. Бонки миллии Тоҷикистон пас аз он, ки аз бонк дар бораи мувофиқ будани бинои нави бахш, мутобиқи талаботи Низомномаи "Талаботи техники барои лоиҳакаши ва устуворсозии маркази кассави дар биноҳо, муаассисаҳои бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" маълумот мегирад, тағйироти дахлдори оинномаи бонкро ба қайд мегирад.

Боби 29. Тартиби мувофиқат намудани тағйирот дар ҳайатироҳбарони мақомоти иҷроия бонк, муовинони онҳо, роҳбарон ва муовинони бахши он

254. Тағйирот дар ҳайати роҳбарияти мақомоти иҷроияи бонк (бахш) бо ризоияти Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқат карда мешавад.

255. Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" вазифаҳои холии кормандони роҳбарикунанда бояд дар мӯҳлати се моҳ пурра карда шаванд.

Шахсони алоҳида метавонанд ба мансаби иҷрокунандаи вазифаи кормандии роҳбари бонк (шӯъбаи бонк) ба мӯҳлати на бештар аз се моҳ таъйин шаванд, дар ин ҳолат, бонк вазифадор аст, ки аз таъйини роҳбари муваққати ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳад.

56. ҳангоми қабули қарор дар бораи тағйирот дар ҳайати раҳбарияти мақомоти иҷроияи бонк, дар мӯҳлати ду рӯз, аз рӯзи қабули чунин қарор бо нишон додани сабабҳои ин тағйирот Бонки миллии Тоҷикистонро хабардор намояд ва ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунад:

- дархостномаи мақоми ваколатдори бонк дар бораи мувофиқат намудани номзадҳои нав. Дархост бояд иттилоот дар бораи аз вазифа сабукдӯш шудани роҳбарони собиқи бонк (бо зикр намудани сабабҳо)-ро дарбар гирад;

- пайнавишти ҷаласаи мақоми ваколатдори бонк, ки дар он қарор дар бораи аз вазифа озод намудани роҳбарон ва дар хусуси бо Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқат намудани номзадии роҳбарони нав дарҷ гардидааст;

- пурсишномаи номзад (замимаи №10), ки тавсифи муфассали иҷрои вазифа дар ҷои кори охирин ва сабаби сабукдӯш шудан аз онро дарбар мегирад;

- шарҳи ҳоли номзад ба вазифаи роҳбар, сармуҳосиби бонк (шӯъба) ва ё муовинони онҳо, ки шахсан аз тарафи худи номзад навишта шудааст;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи диплом дар бораи маълумот ва ё ҳуҷҷати ивазкунандаи он;

- нусхаи дафтарчаи меҳнати.

ҳуҷҷатҳое, ки нусхабардори шудаанд бояд аз тарафи идораи нотариали ё аз ҷониби раиси Шӯрои бонк (агар ксерокопия бошад) тасдиқ шуда бошанд.

Номзадҳои ба вазифаи роҳбар ё сармуҳосиби бонк (бахш) муовинони онҳо, пешниҳодшаванда бояд ба талаботҳои тахассусии моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" мувофиқат кунанд.

257. Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми баррасии масъалаи ҳайати роҳбарии мақомоти иҷроияи бонк (бахш) бояд маҳорати кории номзадҳо ба вазифаи роҳбарияти бонкро ба назар гирад.

258. Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ба тартиби зарури ба расмият дароварда:

- аз натиҷаи баррасии масъалаи мувофиқат намудани номзадҳои нав ба бонк хабар дода ба нишонии он мактуби дахлдор равон мекунад. Бонк дар асоси мактуб ба вазифаи роҳбаи мақомоти иҷроия номзади мувофиқшударо тасдиқ мекунад (рад кардани номзад бояд асоси чунин қарорро дошта бошад);

- ба идораи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон (маркази ҳисоббаробаркунии кассави) маҳалли ҷойгиршавии бонк (бахш) дар бораи қабули кортҳои намунаи имзои роҳбарон, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқа шудаанд фармоиш равон мекунад.

259. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад мӯҳлати баррасии ҳуҷҷатҳоро барои тафтиши маҳорати касбии номзад дар комиссияи тахассусии Бонки миллии Тоҷикистон дароз кунад.

260. Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи) маълумот дар бораи тағйироти ҳайати шахсии иҷроияи бонкро (бахшро) дар Китоби ҷумҳуриявии бақайдгирии бонкҳои тиҷорати ва бахшҳо ба ҳисоб мегирад.

ФАСЛИ VI. АЗ НАВ ТАШКИЛ ДОДАНИ БОНКҲО

Дар ин фасл мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

а) муттаҳидсози - ду бонк №1 ва №2 ҳастанд, ки муттаҳид (якҷоя) шаванд. Дар натиҷа бонки нави №3 таъсис шуда, бонкҳои №1 ва №2 фаъолияташонро қать мекунанд.

б) ҳамроҳгарди - ба бонки №1 бонки №2 ҳамроҳ мешавад. Дар натиҷа бонки №1 мемонад ва фаъолияти бонки №2 қатъ мегардад.

в) ҷудошави - аз бонки №1 бонки №2 ҷудо (алоҳида) мешавад. Дар натиҷа бонки №1 боқи мемонад ва бонки нави №2 фаъолияташро шурӯъ мекунад.

г) тақсим - бонки №1 ба ду бонк №2 ва №3 тақсим 2 мешавад. Дар натиҷа ду бонк №2 ва №3 таъсис меёбанд ва фаъолияти бонки №1 қатъ мегардад.

д) тағйири шакл - бонки №1 ба бонки №2 тағйир дода мешвад (шакли сохторию ҳуқуқии худро тағйир медиҳад). Дар натиҷа бонки нави №2 таъсис ёфта, фаъолияти бонки №1 қать мегардад.

261. Азнавташкилдиҳии (мутаҳидшави, ҳамроҳшави, тақсимшави, ҷудошави, табдилёби) ихтиёрии бонк мумкин аст бо қарори Маҷлиси умумии саҳмдорони (ҳиссадорони) бонк ва бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон ба амал бароварда шавад.

Бонки азнавташкилшаванда ӯҳдадор аст, ки дар муҳлати як моҳ аз рӯзи гирифтани розигии Бонки миллии Тоҷикистон доир ба азнавташкилдиҳи тамоми амонатгузорон, мизоҷон, кредиторон ва дигар шахсони манфиатдорро бевосита хабардор намояд ва ахбори дахлдорро дар рузномаҳо нашр намояд.

Бақайдгирии давлати ё азнавбақайдгирии бонк, ки дар натиҷаи азнавташкилдиҳи ба вуҷуд омадааст, мутобиқи талаботи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал дароварда мешавад.

Тартиби азнавташкилдиҳии ихтиёрии бонк аз он ҷумла тартиби пешниҳод намудани дархост дар бораи гирифтани розигии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба гузаронидани азнавташкилдиҳии ихтиёри ва мӯҳлати баррасии он мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд

262. Барои азнавташкилдиҳии ихтиёрии бонк ҳангоми мавҷуд будани яке аз асосҳои зерин розиги дода намешавад:

1) мавҷуд набудани қарори дахлдори мақоми олии бонки азнавташкилшаванда;

2) дар ҳолати гузаронидани азнавташкилдиҳи вайрон намудани манфиатҳои амонатгузорон ва қредиторҳо;

3) дар ҳолати гузаронидани азнавташкилдиҳи вайрон намудани меъёрҳои иқтисоди ва дигар меъёрҳои ҳатми;

4) дар ҳолати гузаронидани азнавташкилдиҳи вайрон намудани қонунгузории зиддиинҳисори

263. Барои бақайдгири ва додани иҷозатнома ба ташкилоти қарзи, ки дар натиҷаи азнавташкилдиҳии бонк таъсис гардидааст ба андозаи 0,05 % аз сармояи оинномавии эълоншуда боҷ ситонида мешавад

Боби 30. Муттаҳидсозӣ

264. Барои бақайдгирии бонки дар натиҷаи муттаҳидсозии бонк таъсисиёбанда шахсони ваколатдори азнавташкилдиҳандаи бонк ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои дар банди 17, боби 2, фасли I-и ҳамин Дастурамал пешбинишударо пешниҳод менамоянд.

Дар ин сурат маҷлиси муассисони бонки ташкилшаванда ин маҷлиси умумии иштироккунандагони бонкҳои азнавташкилёбанда мебошад.

265. Илова ба ҳуҷҷатҳои дар банди 17, боби 2, фасли I-и Дастурамали мазкур нишондода, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод мегарданд:

- пайнавиштҳои маҷлиси умумии иштирокдорони бонкҳои азнаташкилкунанда, ки дар онҳо оид ба азнавташкил додан ба шакли муттаҳидсози қарор қабул гардидааст ва ҳуҷҷатҳои супурд (як нусха пайнавишти маҷлиси умумии ҳар як бонки мутаҳидшаванда):

- ҳуҷҷатҳои супурди бонкҳои муттаҳидшаванда (як нусхаги пайнавишти маҷлиси умумии ҳар як бонки муттаҳидшаванда);

- ҳуҷҷатҳои супурди бонкҳои муттаҳидшаванда (як нусхаги санади супурди ҳар як бонк);

- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хабардиҳии бонк кредиторони худро дар бораи муттаҳидшави;

- тавозуни бонкҳо дар рӯзи қабули қарор дар бораи муттаҳидшави (як нусхаги тавозуни ҳар як бонк);

- хулосаи муассисаи Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи имконияти азнавташкилсозии бонкҳо бо маълумоти вазъи молявии бонкҳои азнавташкилшаванда, навъи иҷозатномае, ки дар асоси он бонкҳои мазкур фаъолият мекунанд.

ҳамчунин Оинномаи бонки таъсисёбанда дар ду нусха равон карда мешавад.

266. ҳангоми ташкилёби, дар натиҷаи муттаҳидгардии бонк ба шакли ширкати саҳоми, ғайр аз ин, шартномаи муттаҳидсози дар ду нусха, ки дар он тартиб ва шартҳои муттаҳидсози муайян гардидааст, ин чунин тартиби мубодилаи саҳмияҳои ҳар як бонк дар шакли саҳмияҳо ва ё худ дигар коғазҳои қиматнок (ҳиссаҳо)-и бонки нав бояд пешниҳод гарданд.

267. Мувофиқи хулосаҳои баррасии ҳуҷҷатҳо, Бонки миллии Тоҷикистон оид ба бақайдгирии бонк, ки дар натиҷаи муттаҳидсози созмон ёфтааст ва ба он додани иҷозатномаи амалиёти бонки қарор мебарорад.

268. Аз тарафи Идораи назорати бонки дар китоби ҷумҳуриявии бақайдгирии бонкҳои тиҷорати дар бораи бақайдгирии давлатии бонк, ки дар натиҷаи муттаҳидсози созмон ёфтааст, сабт ворид карда мешавад, ҳамчунин оид ба қатъёбии фаъолияти бонкҳои азнавташкилшуда (бо нишон додани вориси ҳуқуқи ва шакли азнавташкилдиҳи) низ қайд гузошта мешавад.

269. Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи) дар бораи бақайдгирии давлатии бонкҳои азнавташкилёфта, аз рӯи маҳалли воқеъгардии бонки созмонёфта, ба муассисаи Бонки миллии Тоҷикистон мактуб мефиристад.

270. Нусхаи аслии Оинномаи бақайдгирифташуда ва иҷозатномаи бонк барои гузаронидани амалиётҳои бонки ба намояндаи бонк дода мешавад.

271. Аз ҳуҷҷатҳои ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод кардашуда, якнусхагии онҳо дар парвандаи ҳуқуқии бонк дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.

272. Маълумот дар бораи дар натиҷаи муттаҳидсози ташкил ёфтани бонк ва қатъи фаъолияти бонкҳои азнавташкилёфта дар "Ахбори Бонки миллии Тоҷикистон" нашр карда мешавад.

Боби 31. Ҳамроҳгардӣ

273. ҳангоми азнавташкилшавии бонкҳо ба шакли ҳамроҳгарди, ба Бонки миллии Тоҷикистон, ки дигар бонк (ҳо) ҳамроҳ мегардад (анд) , ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- дархостномаи бонке, ки ба он ҳамроҳ мешавад, бо имзои раиси Шӯрои он ё дигар шахси ваколатдори он, бо хоҳиши бақайдгирии тағйирот дар оинномаи бонки ҳамроҳшаванда, бо сабаби ба он ҳамроҳ гардидани бонки дигар;

- пайнавиштҳои маҷлисҳои умумии иштирокдорони бонкҳои азнавташкилшаванда, ки дар онҳо оид ба аз нав ташкил шуданашон бо шакли ҳамроҳгарди ва оид ба тасдиқи ҳуҷҷатҳои супурд (якнусхаги аз ҳар як бонк) қарор қабул гардидааст;

- ҳуҷҷати супурд;

- пайнавишти маҷлиси умумии муштараки иштирокдорони, ки дар он ба оинномаи бонк оид ба ҳамроҳгарди тағйироту иловаҳо қабул гардидаанд, ғайр аз ин дар бораи "мубодила"-и саҳмияҳо (ҳиссаҳо)-и бонки ҳамроҳкунанда ба саҳмияҳо ё худ дигар коғазҳои қиматнок (ҳиссаҳои)-и бонки ҳамроҳшаванда;

- шартнома дар бораи ҳамроҳгарди миёни бонки ҳамроҳкунанда ва бонке, ки ба он ҳамроҳшави доир мегардад (ду нусха). Дар шартнома тартиб ва шартҳои ҳамроҳшави, инчунин бонки тартиби мубодилаи саҳмияҳо ва ё худ дигар коғазҳои қиматок (ҳиссаҳо)-и бонке, ки ба он ҳамроҳшави доир мегардад, муайян карда мешавад;

- матни тағйироту иловаҳо ба оинномаи бонки ҳамроҳшаванда (замимаи №14) (2 нусха). Ба оиннома оид ба гузариши ҳуқуқ ва вазифаҳои бонки ҳамроҳкунанда ба ҳамроҳшаванда муқаррарот ворид карда мешавад;

- рӯйхати иштирокдорони бонке, ки ба он бонки дигар ҳамроҳ мешавад, бо ҳисобгирии иштирокдорони бонки ҳамроҳшаванда (2 нусха);

- ҳуҷҷатҳое, ки огаҳиномаи қарздорҳои бонкҳоро дар бораи азнавташкилшави тасдиқ мекунанд;

- тавозуни бонки ҳамроҳкунанда ба рӯзи қабули қарор дар бораи ҳамроҳшави (1 нусха);

- хулосаи муассисаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи имконияти азнавташкилкунии бонкҳо, ки маълумотро дар бораи вазъи молиявии бонки ҳамроҳшаванда ва бонк(ҳо)-и ҳамроҳкунанда, навъи иҷозатномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар асоси он онҳо фаъолият мегузаронанд, дарбар мегирад.

274. Аз рӯи натиҷаҳои дидабароии ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида, Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи қатъи фаъолияти бонк (ҳо)-и ҳамроҳшуда (бо нишон додани вориси ҳуқуқи ва шакли азнавташкилшави) дар Китоби ҷумҳуриявии бақайдгирии бонкҳо қайд мекунад.

275. Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи) аз рӯи маҳалли воқеъгардии бонки ҳамроҳшуда, ба муассисаи Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи тағйироти бақайдгирифташудаи оинномаи бонк мактуб мефиристад.

276. Як нусха тағйироти бақайдгирифташудаи оинномаи бонк, дар якҷояги бо рӯйхати тасдиқгардидаи иштирокдорони бонки ҳамроҳшуда ва мактуб дар бораи бақайдгирии давлатии ҳамроҳшаванда ба намояндаи он дода мешавад.

277. Аз ҳуҷҷатҳои ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳодгардида, як нусхагии онҳо дар парвандаи ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳдори мешавад.

278.Бонки миллии Тоҷикистон ба бонке, ки ба он дигар бонк (ҳо) ҳамроҳ шуд(-аанд), оид ба зарурияти ба унвони Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод кардани нусхаи оинномаи бонк, баҳри дар варақаи унвони он гузаштани қайди дахлдор дар бораи сабти тағйироту иловаҳо (замима №15) гувоҳинома мефиристад.

279. Оид ба азнавташкилшави ва қать гардидани фаъолияти бонк(ҳо)-и ҳамроҳшуда дар "Ахбори Бонки миллии Тоҷикистон" хабарҳо нашр мегарданд.

Боби 32. Тақсим

280. Баҳри бақайдгирии бонкҳои дар натиҷаи тақсимшави ташкилшуда, ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳое, ки дар банди 17, боби 2, фасли I ҳамин Дастурамал пешбини шудаанд, пешниҳод мешаванд.

281. Илова ба ҳуҷҷатҳое, ки дар банди 17, боби 2, фасли I ин Дастурамал зикр шудаанд, ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод мекарданд;

- пайнавишти маҷлиси умумии иштирокдорони бонки азнавташкилшаванда, ки дар оид ба азнавташкилкуни дар шакли ҷудошави қарор баромадааст ва тавозуни тақсими тасдиқ гардидааст (1 нусха);

- тавозуни тақсими (1 нусха);

- ҳуҷҷатҳое, ки огоҳиномаи бонк ба қарздорони дар бораи азнавташкилшави тасдиқ мекунанд;

- тавозуни бонки азнавташкилкунанда ба рӯзи қабули қарор дар бораи тақсимшави (1 нусха);

- хулосаи муассисаи Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи имконияти азнавташкилсозии бонк, бо маълумоти вазъи молиявии он, иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар асоси он бонк фаъолият мекунад.

282. Аз рӯи натиҷаҳои баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида, Бонки миллии Тоҷикистон дар китоби ҷумҳуриявии бақайдгирии бонкҳои тиҷорати бонкҳои ташкилёфта ва қатъи фаъолияти бонки азнавташкилшуда (бо нишон додани вориси ҳуқуқи ва шакли азнавташкилшави) қайдҳо ворид месозад.

283. Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи) ба муассисаи Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи маҳалли воқеъгардидаи бонкҳо, дар бораи бақайдгирии бонкҳои ташкилёфта мактуб мефиристад.

284. Як нусхаи оиннома ва иҷозатнома ба намояндаи бонк дода мешавад.

285. Аз ҳуҷҷатҳои ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳодгардида як нусхагии онҳо дар парвандаи ҳуқуқии бонк дар Бонки миллии Тоҷикистон нигаҳдори карда мешавад.

286. Дар бораи дар натиҷаи тақсим ташкил ёфтани бонкҳо ва оид ба қатьи фаолияти бонки азнавташкилшуда дар "Ахбори Бонки миллии Тоҷикистон" хабар нашр карда мешавад.

Боби 33. Ҷудошавӣ

287. Барои бақайдгирии бонк, ки дар натиҷаи азнавташкилзосии бонк дар шакли ҷудошави ташкил ёфтааст ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои дар банди 17, боби 2, фасли I ин Дастурамал нишондодашуда, пешниҳод карда мешаванд.

288. Илова бар ҳуҷҷатҳои дар банди 288, боби 33, фасли IV ин Дастурамал зикр гардида, ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- пайнавишти маҷлиси умумии иштирокдорони бонки азнавташкилшаванда, ки дар оид ба азкавташкилшави дар шакли ҷудошави, созмон додани бонки нав қарор қабул шудааст ва тавозуни тақсими тасдиқ гардидааст (1 нусха);

- ҳуҷҷатҳое, ки огоҳиномаи бонк ба кредиторони худ дар бораи азнавташкилшави тасдиқ мекунанд;

- тавозуни тақсимии бонк (1 нусха);

- матни тағйирот дар оинномаи бонки азнавташкилшаванда (замимаи

14), ки маълумотро дар бораи азнавташкилшавии бонк дар шакли ҷудошави ва сармояи оинномавии бонк, ки дар натиҷаи азнавташкилшави кам гардидааст, дар бар мегирад (2 нусха);

- хулосаи муассисаи Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи имконияти азнавташкилдиҳии бонк, бо маълумот дар бораи вазъи молявии он, навъи иҷозатномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар асоси он бонк фаъолият мекунад.

289. Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида, дар китоби ҷумҳуриявии бақайдгирии бонкҳои тиҷорати дар хусуси бақайдгирии давлатии бонкҳои дар натиҷаи ҷудошави ташкил ёфта (бонк зикр намудани бонке, ки аз ҷудошави ба вуҷуд омадааст) қайдҳо ворид мекунад.

290. Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи) ба муассисаи Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи маҳҳали воқеъгардии бонки ҷудошуда оид ба бақайдгири мактуб мефиристад.

291. Аз оинномаи бақайдгирифташуда, тағйироти бақайдгирифташудаи оиннома ва иҷозатномаи гузаронидани амалиётҳои бонки якнусхаги ба намояндаи бонк дода мешавад.

292. Аз ҳуҷҷатҳои ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳодгардида, ғайр аз ин ҳуҷҷатҳои ба муассисаи Бонки миллии Тоҷикистон ба бонк фиристодашуда, якнусхаги дар парвандаи ҳуқуқии бонк дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳдори карда мешавад.

293. Бонки миллии Тоҷикистон ба бонке, ки аз он бонки дигар ҷудо гардад, дар бораи зарурияти ба нишонии Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод кардани нусхаи оинномаи бонк, барои дар варақаи унвони он оид ба бақайдгирии тағйироту иловаҳо (замимаи №15) гузоштани қайди дахлдор, огоҳинома мефиристад.

294. Маълумот дар бораи созмондиҳи дар натиҷаи ҷудошавии бонкҳо дар "Ахбори Бонки миллии Тоҷикистон" нашр карда мешавад.

Боби 34. Барҳамдиҳии бонкҳо.

295. Бонк ва дигар ташкилотҳои қарзи дар асоси қарори мақоми олиаш ҳуқуқ дорад барои гирифтани розиги оиди барҳамдиҳии ихтиёри бо дархост ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намояд.

Ба дархост бояд феҳристи чорабиниҳо оиди мӯҳлат ва давраҳои тайёрии бонк ба қатъкунии фаъолияти худ, ки мақоми олии бонк онро тасдиқ намудааст, ҳисоботи тавозуние, ки оиди кифоягии воситаҳои бонк барои пардохти пурраи ӯҳдадориҳои бонк шаҳодат медиҳад ва дигар маълумоти зарури, ки Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ҳамроҳ карда шавад.

Бо гирифтани розигии Бонки миллии Тоҷикистон оиди барҳамдиҳии ихтиёри бонк комиссияи барҳамдиҳиро таъсис медиҳад, ки ба вай тамоми ваколат доир ба идоракунии амвол ва корҳои бонки мегузарад.

Баъди гирифтани розигии барҳамдиҳии ихтиёри бонк ӯҳдадор аст, ки дар ин бора аз тариқи воситаҳои ахбори омма эълон намояд.

Дар ҳолати кофи набудани воситаҳои бонк барои таъмини талаботи тамоми кредиторон ё ғайриимкон будани анҷоми рафти барҳамдиҳии ихтиёри, бонк маҷбуран барҳам дода мешавад.

Тартиби барҳамдиҳи, хусусияти фаъолияти комиссияи барҳамдиҳии бонкҳои ихтиёри, барҳам додашаванда мутобиқи Дастурамали мазкур, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрю ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Барҳамдиҳии маҷбурии бонк дар асоси қарори суд сурат гирифта, мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад

Боби 35. Тағйири шакл

296. Барои бақайдгирии бонки дар натиҷаи азнавташкилдиҳи ба вуҷуд омада, ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳое , ки дар банди 17, боби 2, фасли IV ҳамин Дастурамал зикр гардидаанд, пешниҳод мешаванд.

297. Илова ба ҳуҷҷатҳое, ки дар банди 296, боби 35, фасли IV ҳамин Дастурамал қайд шудаанд, ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ҳуҷҷати супурд (1 нусха);

- ҳуҷҷатҳое, ки гувоҳиномаи ҳамаи қарздорони бонки тағйири шакл кардаро дар бораи азнавташкилшави тасдиқ мекунад (1 нусха);

- як нусха тавозуни дар матбуот нашр гардидаи бонки тағйири шакл карда, бо зикр кардани номи матбуот, рақам ва таърихи нашр.

Дар ин маврид оинномаи бонки дар натиҷаи тағйири шакл бавуҷудомада, дар ду нусха фиристода мешавад.

298. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо дар мӯҳлати се моҳ барраси менамояд.

299. Аз рӯи натиҷаҳои баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида, Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии бонки дар натиҷаи тағйири шакл бавуҷудомада (бо зикр кардани шакли танзимию ҳуқуқи, ки бонк аз рӯи он то тағйири шакл карданаш фаъолият мекард), дар китоби бақайдгирии ҷумҳуриявии бонкҳо қайдҳо медарорад.

300. Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳи) ба муассисаи Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи маҳалли воқегардии бонк дар бораи бақайдгирии давлатии бонки тағйири шакл карда мактуб мефиристад.

301. Аз оинномаи бақайдгирифташуда ва иҷозатномаи бонк дар бораи гузаронидани амалиёти бонки якнусхаги ба намояндаи бонк дода мешавад.

302. Як нусха аз ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардашуда дар парвандаи ҳуқуқии бонк дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳдори карда мешавад.

303. Маълумот оид ба бонки дар натиҷаи тағйири шакл ба вуҷуд омада, дар "Ахбори Бонки миллии Тоҷикистон" нашр мегардад.

Аз рӯзи эътибор пайдо кардани ин Дастурамал ҳуҷҷатҳои зерин эътибори худро гум мекунанд:

- Низомнома аз 4 августи соли 1995 "Дар бораи тартиби ташкили бонкҳои тиҷорати ва қатъи фаъолияти онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- Илова ва тағйироти №1 аз 21 августи соли 1996 ба Низомнома аз 4 августи соли 1995 "Дар бораи тартиби ташкили бонкҳои тиҷорати ва қатъи фаъолияти онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- Илова ва тағйироти №2 аз 23 декабри соли 1996 ба Низомнома аз 4 августи соли 1995 "Дар бораи тартиби ташкили бонкҳои тиҷорати ва қатъи фаъолияти онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- Илова ва тағйироти №3 аз 22 декабри соли 1997 ба Низомнома аз 4 августи соли 1995 "Дар бораи тартиби ташкили бонкҳои тиҷорати ва қатъи фаъолияти онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- Илова ва тағйироти №4 аз 18 феврали соли 1998 ба Низомнома аз 4 августи соли 1995 "Дар бораи тартиби ташкили бонкҳои тиҷорати ва қатъи фаъолияти онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- Илова ва тағйироти №5 аз 2 августи соли 1998 ба Низомнома аз 4 августи соли 1995 "Дар бораи тартиби ташкили бонкҳои тиҷорати ва қатъи фаъолияти онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Идораи назорати бонкӣ ва иҷозатномадиҳӣ