Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ба амал баровардани ҳуқуқи истифодаи замин"
Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 1998 № 1021 "Дар бораи ба амал баровардани ҳуқуқи истифодаи замин" ва ба мақсади ташкил намудани шароити муфид барои ривоҷи ҳамагуна шаклҳои моликият ва хоҷагидорӣ дар замин, ҳамчунин ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шаклҳои замимашудаи Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва Шаҳодатнома ба саҳми замин тасдиқ карда шаванд.
2. Кумитаи захира ва танзими замини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва Шаҳодатнома ба саҳми заминро тайёр намояд;
ҳаҷми пардохти арзиши фурӯши Сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро муайян карда, бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мувофиқат намояд;
таҷдиди (аз нав таҷдид намудани) Сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро дар бланкҳои намунаи муқарраршуда аз 1 сентябри соли 1998 сар кунад;
доир ба ҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва фурӯши Сертификатҳои ҳуқуқи истифодаи замин то 15 августи соли 1998 дастуруламал тайёр карда, онро тасдиқ намояд;
то 15 августи соли 1998 лоиҳаи Низомномаро дар бораи тартиби ба расмиятдарорӣ ва супоридани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва Шаҳодатнома ба саҳми заминро таҳия намояд ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад.
3. Кумитаи захира ва танзими замини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, якҷоя бо мақомоти ҳокимиятҳои иҷроия дар маҳалҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табдили додани корхонаҳои кишоварзӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва баъдан сарҷамъ намудани онҳо дар ассосиасияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) мувофиқи замимаи пешниҳодшуда шурӯъ намоянд.
4. Дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 1996 № 422 "Масъалаҳои Кумитаи захира ва заминсози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағироту иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
дар сархати дувуми банди 4 калимаҳои "30 воҳид" ба калимаҳои "40 воҳид" иваз карда шаванд;
...