ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки аз онҳо андоз ба таври пардохт барои патент ситонда мешавад ва андозаи пардохт барои патент
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Номгӯи замимашудаи намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки аз онҳо ба таври пардохт барои патент ситонда мешавад ва андозаи пардохт барои патент тасдиқ ва аз 1 марти соли 1997 ба амал карда шавад.
2. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ арзьёбии даромаднокии тамоми намудҳои фаъолияти соҳибкории дар ҳамин қарор зикршударо муайян кунад, корро оид ба ошкор намудани дигар намудҳои фаъолияти соҳибкорие, ки патент нагирифтаанд, анҷом диҳад ва дар бораи натиҷаҳои кор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд.
3. Замимаи № 1 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 маи соли 1995 № 360 "Дар бораи намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки аз онҳо андоз ба таври пардохт барои патент ситонда мешавад, тартиби гирифтани патент ва андозаи пардохт барои патент /дар таҳрири қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 маи соли 1996 № 199/;
банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 маи соли 1995 № 199 "Дар бораи қисман тағьир додани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 маи соли 1995 № 360 "Дар бораи намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки аз онҳо андоз ба таври пардохт барои патент ситонда мешавад, тартиби гирифтани патент ва андозаи пардохт барои патент" аз эътибор соқит дониста шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 18 феврали соли 1997 № 106
ш. Душанбе
аз 18 феврали соли 1997 № 106
ш. Душанбе
...