×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002, № 57 "Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ"

Санаи амалкуни: 02.08.2011

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1095 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 66, аз 30.07.2007 № 289, аз 25.03.2011 № 691, аз 2.08.2011 № 752

(Қонуни ҶТ аз 8.12.2003 № 66, аз 30.07.2007 № 289, аз 25.03.2011 № 691, аз 2.08.2011 № 752

Қонуни мазкур асосҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи махфӣ доштани маълумоти дорои сирри давлатӣ, мӯҳлатҳои махфӣ доштани ин маълумот, инчунин салоҳияти мақомоти ваколатдори соҳаи сирри давлатиро муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752).

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

(Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752)

(Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752)

Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752)

(Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752)

Қонуни мазкур Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатии соҳаҳои мудофиа, иқтисод, робитаҳои берунӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқиро, ки ошкоркунии онҳо метавонад ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад, инчунин мӯҳлати махфӣ доштани ин маълумотро муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 752).

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
...

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ

Қонуни мазкур сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи махфӣ нигоҳ доштани маълумоти дорои сирри давлатӣ муайян мекунад.

БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1.

Ҳамин Қонун Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатии соҳаҳои мудофиа, иқтисод, робитаҳои хориҷӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқиро,ки ошкоркунии онҳо метавонад ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад, инчунин мӯҳлати махфӣ доштани ин маълумотро муқаррар менамояд.

Моддаи 2.

Дар Қонуни мазкур чунин мафҳумҳои асосӣ истифода бурда мешаванд:

"иншооти махсус" - нуқтаҳои идоракунии давлат ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар иншооте, ки фаъолияти мақомоти давлатиро ҳам дар замони осоишта ва ҳам дар шароити ҷанг таъмин менамоянд;

"иншооти ҳарбӣ" - мавзеи ҳарбии қӯшунҳо, нуқтаҳои идоракунӣ, полигонҳо, шӯъбаҳои алоқа, пойгоҳҳо, амборҳо ва дигар иншоотҳои таъиноти ҳарбӣ;

"иншооти таҳти низом (режим) " - иншоотҳои ҳарбӣ ва махсус, қисмҳои ҳарбӣ, корхона, ташкилот ва муассисаҳое, ки барои фаъолияти онҳо чораҳои иловагии амният муқаррар гардидаанд;

"корхона ва ташкилотҳо" - шахсони ҳуқуқие, ки сарфи назар аз шакли моликият, мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд, инчунин баҳшҳо ва намояндагиҳои онҳо;

"қӯшунҳо" - Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо, воҳидҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои махсусе, ки дар замони ҷанг ташкил меёбанд;

"яроқ" - воситаҳое, ки барои маҳви қувваи зинда, техника, иншоот ва дигар объектҳои душман пешбинӣ шудаанд, ҷузъҳои асосии ин воситаҳо ва қисмҳои такмилӣ;

"техникаи ҳарбӣ" - воситаҳои техникие, ки барои таъминоти ҳарбӣ, техникӣ ва ақибгоҳии фаъолияти қӯшунҳо пешбинӣ гардидааст, инчунин таҷҳизот ва дастгоҳ барои назорат ва озмоиши ин воситаҳо, ҷузъҳои асосии ин воситаҳо ва қисмҳои такмилӣ;

"иншооти саноати мудофиа" - корхонаҳои коркард, истеҳсол ва таъмири силоҳу техника ё лавозимоти ҳарбӣ;

"яроқи қатли ом" - яроқи ҳаставӣ, кимиёвӣ, биологӣ ё дигар яроқи дорои иқтидори калони маҳвкунанда, ки истифодаи он боиси талафоти оммавӣ ва (ё) харобӣ мегардад.

Моддаи 3.

Ҳамаи маълумоти тибқи Номгӯи мазкур ба сирри давлатӣ мансуб донисташуда дорои аломатҳои махфии "Фавқулодда муҳим", "Комилан махфӣ" ва "Махфӣ" мебошанд ва мӯҳлати махфӣ доштани ин маълумот дар он зикр мегардад.

Ба маълумоти фавқулодда муҳим бояд маълумоти соҳаҳои мудофиа, иқтисод, робитаҳои хориҷӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, ки ошкоркунии он метавонад ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як ё якчанд соҳаҳои номбаршуда зарар расонад, мансуб дониста шавад.

Ба маълумоти комилан махфӣ бояд маълумоти соҳаҳои мудофиа, иқтисод, робитаҳои хориҷӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, ки ошкоркунии он метавонад ба амнияти вазоратҳо (идораҳо) ё бахши иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як ё якчанд соҳаҳои номбаршуда зарар расонад, мансуб дониста шавад.

Ба маълумоти махфӣ бояд ҳама гуна маълумоти дигари аз ҷумлаи маълумоти дорои сирри давлатиро дохил намуд. Зарар ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин ҳолат зарари ба мудофиа, иқтисод, робитаҳои хориҷӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ расонидашуда ба ҳисоб меравад.

Ҳама гуна маълумоти дигари дар ҳамин Номгӯй пешбининашуда, агар он маълумоти дар Номгӯй мавҷударо фош намояд, бояд дорои ҳамон дараҷаи махфият бошад.

БОБИ II. Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ

Моддаи 4.

Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи мудофиа:

1.Маълумоте, ки нақшаҳои стратегии истифодаи қӯшунҳо, нақшаҳои оперативӣ, ҳуҷҷатҳои идоракунии ҷангӣ, ҳуҷҷатҳои ба дараҷаҳои гуногуни омодагии ҷангӣ гузаронидани қӯшунҳоро ошкор месозад;

2.Маълумот дар хусуси ба таври стратегӣ ва оперативӣ рӯ ба ҷабҳа овардани қӯшунҳо;

3.Маълумот дар бораи нақшаи сохтмон, рушд, шумора, ҳайати ҷангӣ ё теъдоди қӯшунҳо, омодагии ҷангии онҳо, инчунин дар бораи ҳолатҳои ҳарбию сиёсӣ ва (ё) оперативӣ;

4.Маълумоте, ки ҳолатҳои омодагии оперативии (ҷангии) қӯшунҳо, таъмини фаъолияти онҳо, ҳайат ва (ё) ҳолати системаи идоракунии қӯшунҳоро ошкор месозад;

5.Маълумот оид ба ҷойгиршавӣ, номи ҳақиқӣ, сохтори ташкилӣ, силоҳ, теъдоди қӯшунҳо, ки мутобиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд эълон нашавад;

6.Маълумот оид ба сафарбарии рӯ ба ҷабҳа овардани қӯшунҳо, омодагии сафарбарии онҳо, оид ба таъсис ва истифодаи захираҳои сафарбарӣ, системаи идоракунии сафарбарии рӯ ба ҷабҳа овардан ва (ё) оид ба имконпазирии такмили қӯшунҳо бо ҳайати шахсӣ, таъминот бо аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва дигар воситаҳои моддию молиявӣ, инчунин боркашониҳои ҳарбӣ;

Маълумоте, ки ҳолати таҷҳизот, бо мақсадҳои ҳарбӣ омода сохтани шабакаҳои нақлиёт, воситаҳои нақлиёт, ҳаҷми боркашониҳои ҳарбӣ ва самти интиқоли аслиҳа ва техникаи ҳарбиро ошкор месозад;

7.Маълумоте, ки самт, дурнамои дарозмуддат ё нақшаи инкишофи аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, мӯҳтаво ё натиҷаҳои иҷрои барномаҳои мақсаднок, корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкториро вобаста ба таҳия ё навсозии (модернизатсияи) намунаҳои силоҳ ва техникаи ҳарбӣ, инчунин таснифоти тактикию техникии онҳоро ошкор месозад;

8.Маълумоте, ки самтҳои коркардҳо, конструксияҳо, технологияҳои омодасозӣ, таркиби изотопӣ, хосиятҳои физикӣ, кимиёвӣ ё ҳаставӣ, тартиби истифода ё баҳрабардории аслиҳа ва техникаи ҳарбиро ошкор месозад;

9.Маълумоте, ки иқтидори истеҳсолӣ, маълумоти нақшавӣ ё воқеии истеҳсол ва (ё) боррасонии воситаҳои ҳимояи бактериологӣ ё тиббиро (дар шакли асл) ошкор месозад;

10.Маълумоте, ки дастовардҳои илм ва техникаи ҳаставии дорои аҳамияти муҳими мудофиавӣ ва иқтисодӣ ё сатҳи сифатан нави имконияти таҳияи аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ ва (ё) маҳсулот ва технологияи усулан навро ошкор месозад;

11.Маълумоте, ки хосият, ретсепт ё технологияи истеҳсоли сӯзишвории ракета, инчунин борути баллиститӣ, маводи тарканда ё воситаҳои таркиши таъиноти ҳарбӣ, инчунин хӯлаҳои нав, моеъҳои махсус, сӯзишвориҳои нави аслиҳа ва техникаи ҳарбиро ошкор месозад;

12.Маълумот оид ба ҷойгиршавӣ, таъинот, дараҷаи омодагӣ ё ҳифзи иншооти таҳти низом, ки тибқи шартномаҳои байналхалқӣ ба ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил нашудаанд, дар бораи интихоб, ҷудо кардани қитъаҳои замин, қаъри замин, қитъаи баҳр ё дарё (акватория) барои сохтмони иншооти зикргардида, инчунин оид ба корҳои иктишофии банақшагирифташуда ё гузаронидашуда, корҳои лоиҳавӣ ва дигар корҳои вобаста ба таъсиси чунин иншоот;

13.Маълумот оид ба истифода ё рушди дурнамои шабакаҳои алоқаи ба ҳам пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати таъмини иқтидори мудофиавӣ ва амнияти давлат;

14.Маълумоте, ки тақсимот ё истифодаи хати мавҷҳои радиоро тавассути воситаҳои радиоэлектронии таъиноти ҳарбӣ ё махсус ошкор месозад;

15.Маълумоте, ки ташкил ва фаъолияти ҳамаи навъҳои алоқа, таъминоти радиолокатсионӣ ва радиотехникии қӯшунҳоро ошкор месозад;

16.Маълумоте, ки сохтори ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ошкор месозад;

17.Маълумоте, ки самти рушди воситаҳо ва технологияи таъиноти дугона, мӯҳтаво, натиҷаҳои иҷрои барномаҳои мақсаднок, корҳои илмию тадқиқотӣ ва (ё) таҷрибавию конструкториро оид ба кор карда баромадан ё навсозии ин воситаҳо ва технологияҳо ошкор месозад. Маълумот дар мавриди бо мақсадҳои ҳарбӣ истифода бурдани воситаҳо ва технологияи таъиноти дугона;

18.Маълумот дар хусуси мӯҳтавои барномаҳои пӯшидаи таълимӣ дар муассисаҳои олии ҳарбии таълимӣ;

19.Маълумоти маҷмӯӣ дар хусуси ҷойгиршавӣ, системаи муҳофизат ва иқтидори истеҳсолии қӯрхонаҳо (арсеналҳо), пойгоҳҳо ва анборҳои дорои аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва техникаи махсус ё қисмҳо ва муассисаҳои барои таъмири аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ таъингардида;

20.Маълумот оид ба дурнамои рушд ва (ё) истифодаи инфраструктураи кайҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати таъмини иқтидори мудофиавӣ ва амнияти кишвар;

21.Маълумоте, ки корҳои бо мақсади таҳияи маводи индикатсия, дегазатсия, ҳимояи кимиёвӣ ё биологӣ аз яроқи қатли ом иҷрошавандаро ошкор месозад;

22.Маълумоте, ки фаъолияти геодезӣ, гравиметрӣ, картографӣ, топографӣ, гидрографӣ ва гидрометеорологии дорои аҳамияти муҳими мудофиавӣ ва иқтисодиро ошкор месозад;

23.Маълумоти маҷмӯӣ оид ба сохтмони муассисаҳои саноати мудофиа, ки иқтидорҳои истеҳсолии онҳоро вобаста ба ҳаҷми истеҳсоли техникаи мудофиавӣ ва ҳарбӣ ошкор месозад;

24.Маълумот оид ба рӯйдодҳои физикию химиявӣ ( майдон), ки ба таҳия, истеҳсол ва (ё) истифодаи яроқ, техникаи ҳарбӣ мусоидат намуда, параметрҳои ҳифзшавандаи онҳоро ошкор месозанд;

25.Маълумот дар бораи номгӯй, теъдод ва мӯҳлати ба воҳидҳои ҳарбӣ расонидани навъҳои асосии сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, амволи моддӣ, тиббӣ ва озуқаворӣ;

26.Маълумоте, ки нақшаҳо (супоришҳои) фармоиши давлатии мудофиа, ҳаҷм ва мӯҳлати расонидани аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, иқтидорҳои истеҳсолии баровардани онҳо, инчунин маълумот дар бораи робитаҳои кооператсионии корхонаҳо, ихтироъкунандагон ё истеҳсолкунандагони аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, агар ин иттилоот маълумотро дар бораи иқтидорҳои истеҳсолӣ оид ба истеҳсол ва (ё) таснифоти асосии тактикию техникии аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ ошкор созад. Маълумот дар бораи иҷрои супоришҳои истеҳсол ва интиқоли аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ дар шароити ҷанг;

27.Маълумоте, ки ҳолати таъминоти метрологии аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, таснифоти техникӣ ё метрологии эталонҳои ҳарбӣ ё воситаҳои таъминоти метрологии муайянкунандаи сатҳи сифатан нави аслиҳа ва техникаи ҳарбиро ошкор месозад; Маълумоте, ки самтҳои асосӣ ё барномаи рушди стандартикунонӣ, инчунин мӯҳтавои стандартҳоро дар соҳаи аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ ошкор месозад;

28.Маълумоте, ки хароҷоти вобаста ба корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкториро ҷиҳати кор карда баромадани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ ошкор месозад;

Чунин маълумот вобаста ба корҳое, ки ба манфиати иншооти махсус гузаронида мешаванд;

29.Маълумоте, ки маблағгузорӣ ё хароҷоти воқеиро барои фармоишҳо, кор карда баромадан, истеҳсол ё таъмири аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва иншооти таҳти низом қарордошта ошкор месозад;

Чунин маълумот вобаста ба объектҳои махсус;

30. Маълумоти ошкоркунандаи ҳаҷми боррасонӣ ва захираҳои сӯзишвории навъи стратегӣ.

Моддаи 5.Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи мудофиаи гражданӣ

1. Дар бораи қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, имконияти нуқтаҳои аҳолинишин, минтақаҳо ва иншооти алоҳида барои ҳифз, тахлия ва ҷамъ кардани аҳолӣ.

2. Маълумот дар бораи ташкили огоҳонӣ ва идора ҳангоми аз шароити осоишта ба вазъияти давраи ҷанг гузаронидани системаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳолати гузаронидани он аз низоми фаъолияти доимӣ ба кор дар шароити ҳолатҳои фавқулодда;

3. Маълумоте, ки нақша ва манбаъҳои обрасонӣ, воситаҳои ҳифзи онро дар маҳалҳои дорои беш аз 50 ҳазор нафар аҳолӣ, дар узелҳои роҳи оҳан ва (ё) ҷойгиршавии иншооти асосии обрасонӣ, хатҳои обгузар ва иншооти таъминкунандаи кори онҳоро ошкор месозад;

4. Маълумоти маҷмӯӣ дар бораи иншооти махсусан муҳиме, ки дар шароити ҷанг таҳти муҳофизати хадамоти оташнишони ҳарбикунонидашуда қарор дода мешаванд.

Моддаи 6. Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи сафарбарӣ ва омодагии сафарбарӣ

1. Маълумоте, ки моҳият ё ҳаҷми ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо давлатҳои хориҷӣ дар давраи махсус, инчунин ҳамкориҳои муштараки мақомоти ҳарбию сафарбарии ташкилотҳои робитаҳои иқтисодии хориҷии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро оид ба ин масъалаҳо ошкор месозад;

2. Маълумот вобаста ба иқтидорҳои сафарбарӣ ҷиҳати истеҳсоли (таъмири) аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, дар бораи таъсис ва (ё) рушди (ҳифзи) ин иқтидорҳо;

3. Маълумоте, ки имконият ва (ё) захираҳои сафарбарии роҳи оҳани ҷумҳуриро оид ба таъмини боркашонӣ тавассути роҳи оҳан, ташкил ва ҳаҷми боркашониҳои ҳарбӣ, ҳаҷми боркашонӣ ва интиқоли навъҳои стратегии маҳсулоти энергетикӣ, минералӣ, кишоварзӣ, сӯзишворӣ, мавод, навъҳои алоҳидаи аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, ташкил ва (ё) фаъолияти системаи алоқа ё идоракунӣ, инчунин тадбирҳои махсусро ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳи оҳан ё ҳифзи борҳо ошкор месозад

4. Маълумоте, ки ҷойгиршавӣ, махсусгардонӣ, иқтидор ва (ё) имконияти борбардорӣ ва борфарории пунктҳои саворшавӣ ва фурудоии қувваҳо, маълумот дар бораи таъминоти озуқаворӣ ва хизматрасонии тиббию санитариро ошкор месозад;

5. Маълумоте, ки эҳтиёҷоти сафарбарӣ ба воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла оид ба навъҳои алоҳидаи нақлиёт ва (ё) таъмин будани сафарбариро ба он ошкор месозад;

6. Маълумоте, ки ташкили сохторӣ ё нишондиҳандаҳои нақшаи сафарбарии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вазъи омодагии мақомоти ҳокимияти иҷроия ё корхонаҳои алоҳидаро ошкор месозад;

7. Маълумоте, ки ҷойгиршавӣ, захираҳои воқеии давлатӣ ва (ё) захираҳои сафарбарӣ ва истифодаи онро ошкор месозад;

8. Маълумоте, ки нақша, мӯҳтаво ё натиҷаҳои корҳои илмию тадқиқотиро дар соҳаи омодагии сафарбарии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор месозад;

9. Маълумоте, ки баланси пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кишварҳои хориҷӣ дар давраи ҷанг ошкор месозад;

10. Маълумоти маҷмӯӣ дар бораи иқтидорҳои сафарбарии саноат вобаста ба истеҳсоли аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, таъмини эҳтиёҷоти мудофиа бо маҳсулоти саноатӣ, захираҳои моддию техникӣ ва озуқаворӣ;

11. Мавҷудияти захираҳои сафарбарӣ ва давлатии маҳсулоти нафти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

12. Маълумоте, ки мӯҳтавои чорабиниҳои оид ба таъмини муттақобилаи расонидани ашё, мавод, сӯзишворӣ, таҷҳизот, дорувориро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли ҳисоббаробаркунӣ ё тадбирҳоро оид ба мусоидати техникӣ аз ҷониби давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар сохтмони муассиса ва иншоот дар соли ҳисоббаробаркунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор месозад;

13. Маълумот оид ба нишондиҳандаҳое, ки омодагии иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои фаъолияти устувор дар шароити ҷанг муайян месозад;

14. Маълумоте, ки ҳаҷми интиқоли борҳои воридотию содиротиро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли ҳисоббаробаркунӣ ошкор месозад;

15. Маълумот оид ба баланси иқтидори электрикӣ ва қувваи барқи системаи таъмини иншооти ҳарбӣ, иншооти саноати мудофиа ва воситаҳои идораи энергия дар шароити ҷанг;

Маълумот оид ба системаи таъминоти берунии бо энергияи барқ ва гармӣ таъмин намудани корхонаҳое, ки маҳсулоти таъиноти мудофиавӣ мебароранд, маҳалли ҷойгиршавӣ ва таъиноти стансияҳои электрикии муҳофизатшаванда дар давраи сохтмон ва истифодаи онҳо.

Моддаи 7. Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи иқтисод, молия, илм ва техника

1. Маълумот дар бораи воридот ва содироти аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, таъмир ва истифодаи онҳо, дар бораи мусоидати техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кор карда баромадани аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, иншооти ҳарбӣ, объектҳои саноати мудофиа, инчунин маълумот дар бораи расонидани кӯмаки ҳарбию техникӣ аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ, агар ошкор кардани ин маълумот барои яке аз тарафҳо мушкилоти дипломатӣ пеш оварад. Маълумоти ошкоркунандаи нақшаҳои (вазифаҳои) фармоиши мудофиавӣ дар қисмати боррасониҳои воридотию содиротӣ дар соҳаи ҳамкории ҳарбию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ;

2. Маълумоти маҷмӯӣ дар бораи номгӯй, ҳаҷм ва маблағгузории амалиёт оид ба воридот ва содироти аслиҳа, инчунин маълумот дар бораи ҳамкориҳои ҳарбӣ, илмию техникӣ бо давлатҳои хориҷӣ, ба истиснои маълумоте, ки бояд мутобиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шаванд;

3. Маълумоте, ки ҳолати фонди суғуртаи ҳуҷҷатҳоро ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, навъҳои асосии маҳсулоти граждании ба нақшаи сафарбарӣ дохилкардашуда,ба иншооти дорои таваккали баланд ва (ё) системаи таъмини фаъолияти аҳолӣ ба иншооти дорои арзишҳои миллӣ тасниф медиҳад, инчунин маълумот оид ба ҷойгиршавии объектҳои (пойгоҳҳои) нигаҳдошти фонди суғуртаи аснод дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4. Маълумот оид ба масъалаҳои тиҷорати хориҷӣ: фақат ба навъи молҳои махсус (ҳаҷм, номгӯй, маблағгузории воридот ва содирот вобаста ба як ё якчанд давлатҳо), инчунин оид ба ташаккули сатҳи поёни (назоратии) нархҳои индекативӣ, воридоти асъор, ки паҳн намудани онҳо стратегия ва тактикаи тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ошкор месозад;

5. Маълумоти маҷмӯӣ оид ба захираҳои давлатии металлҳои қиматбаҳо бо ифодаи аслӣ ва пулӣ дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6. Маълумоте, ки рақамҳои дурнаморо оид ба истеҳсоли тилло, дар давраи аз як сол ва бештар аз он бо ифодаи аслӣ дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор месозад;

7. Маълумоте, ки ҳаҷмҳои дурнамо ё воқеии истеҳсоли платина, металлҳои гурӯҳи платина (палладий, иридий, родий, рутений, осмий) ва нуқраро бо ифодаи аслӣ дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор месозад;

8. Маълумоти маҷмӯӣ оид ба воридоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба Фонди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давраи аз як сол ва бештар аз он бо ифодаи аслӣ ё арзиши пулӣ дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

9. Маълумоти маҷмӯӣ дар бораи ҳаҷми истеъмол ё фурӯши металлҳои қиматбаҳо дар муқоиса бо ҳаҷми истеҳсоли он бо ифодаи аслӣ ё арзиши пулӣ дар давраи аз як сол ва бештар аз он дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

10. Маълумот дар бораи ҳаҷми истеъмоли платина, металлҳои гурӯҳи платина (палладий, иридий, родий, рутиний, осмий) ва нуқра дар алоҳидагӣ бо ифодаи аслӣ дар муқоиса бо ҳаҷми истеҳсолоти металлҳои зикргардида дар давраи аз як сол ва бештар аз он дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

11. Маълумот дар бораи иқтидор ва захираҳои балансии қаъри замини кишвар, дар бораи афзоиши захираҳои кашфшудаи ин канданиҳои фоиданок дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. (Номгӯи канданиҳои фоиданок якҷоя бо Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи металлҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қумитаи сангҳои қиматбаҳо ва ороиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад);

12. Маълумот оид ба арзиши аслии платина, металлҳои гурӯҳи платина (палладий, иридий, родий, рутиний, осмий), тилло ва нуқра дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

13. Маълумот оид ба ҳисоббаробаркуниҳои танзимнагардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ба истиснои нишондиҳандаҳои ҷамъбастӣ оид ба қарзи хориҷӣ);

14. Маълумот дар бораи маблағдиҳӣ ва (ё) фаъолияти пулию кредитие, ки пешакӣ паҳн кардани онҳо метавонад ба амнияти давлат зарар оварад;

15. Маълумоте, ки хароҷоти воситаҳои пулиро барои таъминоти қӯшунҳо вобаста ба моддаҳои алоҳидаи буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор месозад;

16. Маълумот оид ба банкнотҳои пулӣ ё тангаҳои намунаи нав (ба истиснои тангаҳои ҷашнӣ ё хотиравӣ);

17. Маълумот дар мавриди барориши банкнотҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо ифодаи аслӣ ё пулӣ, усули таъминкунандаи ҳифзи ин банкнот ва дигар маҳсулоти Нишонаҳои давлатӣ аз сохтакорӣ, инчунин усулҳои муайян намудани аслӣ будани онҳо;

18. Маълумоте, ки ҳаҷми истеҳсол ё расонидани навъҳои стратегии маҳсулоти хоми кишоварзиро ошкор месозад;

19. Маълумоти маҷмӯӣ дар хусуси воридот ва содироти тиллои ғайрипулӣ, металлҳо, сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти онҳо дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

20. Маълумоти маҷмӯӣ оид ба талабот ба маблағгузорӣ ва хароҷоти воқеии молиявӣ вобаста ба моддаҳои алоҳидаи буҷети мақомоти амният, корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

21. Маълумот дар бораи ҳаҷми умумии маъдани уран, маъданҳои тоза , оксидҳо, намакҳо бо нишон додани мавҷудияти фоизи уран дар онҳо, ки дар корхонаҳо, идораҳои маъдан, завод, кон ва соҳаи истеҳсолкунанда нигоҳ дошта мешаванд;

22. Маълумот дар бораи захираҳо ва ҳаҷми истихроҷи (истеҳсол) сангҳои қиматбаҳо, нимқиматбаҳо ва сангҳои маснуоти майдаи ҷудогона, инчунин ашёҳои пьезооптикӣ дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. (Номгӯйро Кумитаи сангҳои қиматбаҳо ва ороишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад);

23. Маълумоте, ки захираҳои асъори миллӣ ва хориҷиро дар хазинаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ошкор месозад; 24. Маълумоти маҷмӯӣ оид ба эҳтиёҷоти хоҷагии халқи Тоҷикистон бо металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо; 25. Маълумот оид ба ҳаҷмҳои нақшавии воридот ва содироти тилло, нуқра, ва сангҳои қиматбаҳо дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифодаи аслӣ ё арзиши пулӣ; 26. Маълумоти маҷмӯӣ дар бораи ҳаҷмҳои нақшавии фурӯши тилло бо асъори қобили табдили озод ё теъдоди тиллое, ки барои харидории мол аз хориҷа дода шудааст дар давраи аз як сол ва бештар аз он; 27. Маълумоти маҷмӯӣ оид ба иқтидори таҳвилдиҳии узелҳои роҳи оҳан дар самтҳои асосӣ (номгӯйро роҳи оҳани Тоҷикистон муайян мекунад); 28. Маълумот дар бораи нақша ва иқтидори манбаъҳои таъмини барқи амалкунанда ва эҳтиётии роҳи оҳан;

29. Маълумот дар бораи аз ҷониби саноати металлургӣ истеҳсол намудани металлҳои ранга, нодир ва дигар маводи дорои аҳамияти стратегӣ;

30. Маълумоти ошкоркунандаи моҳияти дастовардҳои навин дар соҳаи илму техника, ки метавонад барои кор карда баромадани маҳсулоти усулан нави ҷараёнҳои технологӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисод истифода шаванд, инчунин маълумоте, ки сатҳи сифатан нави имконоти аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, баланд бардоштани самарабахшии ҷангиро муайян мекунад;

31. Маълумоте, ки мӯҳтаво ва (ё) самти корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ё лоиҳакашии ба манфиати мудофиа ва таъмини амнияти давлат гузаронидашавандаро ошкор месозад;

32. Маълумоте, ки натиҷаҳои корҳои дар соҳаи гидрометеорология, гидрография ё гелиогеофизика, инчунин натиҷаҳои тадқиқоти махсуси геологию геофизикии ба манфиати таъмини амнияти давлат гузаронидашавандаро ошкор месозад;

33. Маълумоте, ки арзёбии дурнамои рушди илмию техникиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии онро вобаста ба самтҳои муайянкунандаи иқтидори мудофиавӣ ва амнияти давлат ошкор месозад;

Моддаи 8. Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи робитаҳои хориҷӣ

1. Маълумот оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, тиҷорати хориҷӣ, робитаҳои илмию техникие, ки стратегия ва тактикаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ошкор месозанд ва пешакӣ паҳн кардани он метавонад ба манфиати давлат зарар оварад;

2. Маълумот оид ба масъалаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, илмию техникӣ ё иқтисодӣ нисбат ба як ё якчанд кишварҳои хориҷӣ, ки дар асоси боварӣ дастрас шудааст, агар паҳн кардани онҳо боиси ошкор сохтани манбаи чунин маълумот гардад;

3. Маълумот оид ба гуфтушунид байни намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар давлатҳо дар бораи таҳияи мавқеи ягонаи усулӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ, агар ба ақидаи иштирокчиёни гуфтушунид ошкор кардани ин маълумот метавонад барои яке аз тарафҳо мушкилиҳои дипломатӣ пеш оварад,

4. Маълумот дар бораи тайёрӣ, ба имзо расонидан, қабул, тасдиқ, омодасозии денонсатсия (беэътиборшуморӣ), мӯҳтаво ё иҷрои шартномаҳо, конвенсия ё созишномаҳо бо давлатҳои хориҷӣ, ки пешакӣ ошкор намудани онҳо метавонад ба иқтидори мудофиавӣ, амният, манфиатҳои сиёсӣ ё иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар оварад;

5. Маълумоти мавҷудаи дастурҳо, нақшаҳо ва супоришҳо ба аъзои ҳайат ва ашхоси мансабдор додашуда оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ва сиёсати иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6. Маълумоте, ки дар пешниҳодот оид ба ҳалли масъалаҳои стратегии муносибатҳои сиёсии хориҷӣ, инчунин оид ба татбиқи ҳамкориҳо бо дигар кишварҳо мавҷуданд ва паҳн кардани онҳо стратегия ва тактикаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ошкор месозад.

Моддаи 9. Маълумоти дорои сирри давлатӣ дар соҳаи амният ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ

1. Маълумот дар соҳаи фаъолияти разведка, контрразведка ва ҳифзи иттилооте, ки ташкил ё вазъи воқеии ҳолати ҳифзи сирри давлатиро ошкор месозад;

2. Маълумоте, ки усул ва воситаҳои ҳифзи иттилооти дорои маълумоти сирри давлатӣ, чорабиниҳои ба нақша гирифташуда ва (ё) гузаронидашавандаро оид ба ҳифзи иттилоот аз дастрас намудани ғайриқонунӣ, аз техникаи кашфи хориҷӣ ё дастрас шудан тавассути каналҳои техникӣ ошкор месозад;

3. Маълумот дар бораи системаи алоқаи шифрии президентӣ, ҳукуматӣ, аз ҷумла шифрҳои дорои код ва махфӣ, дар бораи шифрҳо, кор карда баромадани онҳо, таҳия ва бо онҳо таъмин намудан, дар бораи усул ва воситаҳои таҳлили воситаҳои шифр ва воситаҳои ҳифзи махсус, оид ба системаи иттилоотию аналитикии таъиноти махсус;

4. Маълумоте, ки ташкил, қувва, воситаҳо ё усули таъмини амнияти объектҳои ҳифзи давлатиро ошкор месозад, инчунин маълумот оид ба маблағгузории чунин фаъолият, агар онҳо маълумоти зикргардидаро ошкор созанд;

5. Маълумоте, ки қувва, восита, усул, нақша, вазъ ва натиҷаи фаъолияти разведка, контрразведка ё оперативию ҷӯстуҷӯиро ошкор месозад, инчунин оид ба маблағгузории чунин фаъолият, агар он маълумоти зикргардидаро ошкор созад; Маълумот дар мавриди ашхосе, ки бо мақомоти анҷомдиҳандаи фаъолияти контрразведка ё оперативию ҷустуҷӯӣ ҳамкорӣ мекунанд ё ҳамкорӣ кардаанд, дар бораи кормандони Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хадамоти махсус ва ташкилотҳои кишварҳои хориҷӣ, дар гурӯҳҳои ҷинояткор вазифаҳои махсусро иҷро мекунанд (иҷро кардаанд); Маълумоте, ки марбутияти ашхоси мушаххасро ба ҳайати кадрии мақомоти контрразведкаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор месозанд; Маълумоте, ки ҳолат, натиҷаи корҳо ва чорабиниҳои оперативию сафарбариро ошкор месозанд;

6. Маълумоте, ки қувва, восита, манбаъ, усул, нақша, вазъ ташкил ва натиҷаи фаъолияти разведка ё оперативию ҷӯстуҷӯиро ошкор месозанд; Маълумоте, ки марбутияти ашхоси мушаххасро ба ҳайати кадрии мақомоти разведкаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор месозанд; Маълумот дар мавриди ашхосе, ки бо мақомоти анҷомдиҳандаи фаъолияти разведакаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пинҳонӣ ҳамкорӣ мекунанд (ҳамкорӣ кардаанд);

7. Маълумоте, ки марбутияти ашхоси мушаххасро ба ҳайати ҷузъу томҳои мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккилона, инчунин тадбирҳои доирнамудаи онҳоро вобаста ба корҳои оперативию ҷустуҷӯӣ ва оперативию техникӣ ошкор месозанд.

8. Маълумоте, ки марбутияти ашхоси мушаххасро ба ҳайати кадрии ҷузъу томҳои оперативии мақомоти гумрук ошкор месозад;

9. Маълумоте, ки қувва, восита ва усули пешбурди тафтишро оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар бораи ҷиноятҳои давлатӣ ошкор месозад;

10. Маълумоте, ки қувва, восита, усул, нақша ва натиҷаи фаъолияти разведкаи радиоэлектронии воситаҳои алоқаро ошкор месозад, инчунин маълумот оид ба маблағгузории чунин фаъолият, агар он маълумоти зикргардидаро ошкор созад;

11. Маълумоте, ки қувва, восита, усул, нақша ва натиҷаи фаъолияти разведка, контрразведка, оперативию ҷӯстуҷӯӣ ва мақомоти хадамоти сарҳадии ҷумҳуриро ошкор месозад, инчунин маълумот оид ба маблағгузории чунин фаъолият, агар он маълумоти зикргардидаро ошкор созад; Маълумот дар мавриди ашхосе, ки дар асоси махфӣ бо мақомоти анҷомдиҳандаи фаъолияти разведка, контрразведка ё оперативию ҷустуҷӯии хадамоти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд ё ҳамкорӣ кардаанд;

12. Маълумоти омории маҷмӯӣ оид ба Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ашхоси объекти фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ бударо ошкор месозад; Маълумот нисбат ба ашхоси алоҳидае, ки дар амали онҳо аломатҳои ҷиноятҳои махсусан хатарнок ба муқобили давлат вуҷуд дорад: хиёнат ба давлат, ҷосусӣ, фаъолияти терррористӣ, тахрибкорӣ, суиқасд ё гузаронидани амалиёт бо мақсади ба таври зӯроварӣ аз байн бурдан ё иваз кардани сохти конститутсионӣ ё ғасби ҳокимият; Маълумот нисбат ба ашхоси алоҳидае, ки дар амали онҳо аломатҳои дигар ҷиноятҳо ба муқобили давлат вуҷуд дорад.

13. Маълумот дар бораи номгӯй, ҳаҷми расонидан, эҳтиёҷот, теъдоди аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва махсус дар вазорату идораҳое, ки фаъолияти оперативию ҷустуҷӯиро анҷом медиҳанд;

14. Маълумоте, ки ташкил ва усули истифодаи воситаҳои техникии махсусро ҳангоми ҳалли масъалаҳои оперативию ҷустуҷӯӣ ё усули ташкили чорабиниҳои мушаххаси оперативию техникӣ ё маълумотро оид ба маҳалли ҷойгиршавии (ҷойгиронӣ) воситаҳои техникии махсус дар иншоот ошкор месозад;

15. Маълумоти ошкоркунандаи иттилооти тактикию техникӣ, инженерию техникии воситаҳои ҳифз ё системаи огоҳонӣ, мӯҳтавои тадбирҳои низоми гузаргоҳӣ ва дохилииншоотии объекти (объектҳои) алоҳидаи Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо бо мақсади ҳифзи сирри давлатӣ низоми махсуси фаъолият муқаррар шудааст;

16. Маълумот оид ба самти ҳамкориҳои муштарак байни Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани амалиёти вобаста ба мубориза алайҳи кочоқ;

17. Маълумоти ифшокунандаи кормандони анҷомдиҳандаи фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ, хешу ақрабои онҳо, агар дар мавриди таҳдид ба озодӣ, ҳаёт ва саломатии онҳо, ки ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои хизматии ин кормандон ба миён омадааст, иттилоот мавҷуд бошад;

18. Маълумоти маҷмӯӣ оид ба ташкили хадамот ва тактикаи амали Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қӯшунҳои сарҳадии Федератсияи Россия (ҷиҳати ҳифзи сарҳадоти ҷанубии ИДМ тибқи Шартномаи байнидавлатӣ) ҳангоми барои боздошти вайронкунандагони сарҳад истифода бурдани техникаи махсус;

19. Маълумот оид ба ҳолати махсуси ғайриошкорои ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, маҳалли ҷойгиршавии ташкилоту корхонаҳои вобаста ба мақсади пинҳонкорӣ таъсисгардида;

20. Маълумоти ошкоркунандаи маҳалли ҷойгиршавии иншооте, ки ба манфиати ҳалли фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ пинҳонӣ истифода бурда мешаванд;

21. Маълумоте, ки масъалаҳои ҳолати муҳофизат, воситаҳои техникии ҳифзро дар муассисаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ошкор месозанд: мӯҳлат, самти ҳаракат, системаи ҳифзи интиқоли пул ва тангаҳо, металлҳои қиматбаҳо ва дигар сарватҳо аз Анбори марказӣ ва фондҳои эҳтиётии Бонки миллии Тоҷикистон;

22. Маълумот оид ба иҷрои ҳукмҳо нисбат ба ашхосе, ки ба чораи истисноии ҷазо маҳкум шудаанд: ташкили иҷрои ҳукмҳо ва дафн; маҳалли иҷрои ҳукм; ашхосе, ки ҳукмро ба ҷо меоранд; маҳалли дафни маҳкумшуда, ки нисбат ба ӯ ҳукми ҷазои истисноӣ иҷро гардидааст;

23. Маълумоте, ки восита ва чораҳои мушаххаси ҳифзи сирри давлатиро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора, корхона ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор месозад;

24. Маълумот дар бораи ташкил ва тартиби амалӣ намудани муҳофизати мақомоти олии ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроия, муассисаҳои бонкҳои давлатӣ, шахсони олимақоми давлатиро ошкор месозад;

25. Маълумот оид ба натиҷаҳои корҳои илмию тадқиқотии вобаста ба такмили тадбирҳои ҳифзи сирри давлатӣ.

БОБИ III. МӯҲЛАТҳОИ МАХФӣ ДОШТАНИ МАЪЛУМОТИ ДОРОИ СИРРИ ДАВЛАТӣ

Моддаи 10. Мӯҳлатҳои махфӣ доштани маълумоти дорои сирри давлатӣ

1. Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар бандҳои 1, 2, 6, 7, 10, 13, 14, 16, 20, 23, 24 моддаи 4, бандҳои 3, 4 моддаи 5, бандҳои 1, 8, 15 моддаи 6, бандҳои 3, 8, 9, 10, 11, 24, 27, 28. 31 моддаи 7, бандҳои 2, 3, 6 моддаи 8, бандҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 10, 11, 12, 13, 14, 15, 16, 17, 18, 19, 20, 22, 23, 24, 25 моддаи 9 зикргардида доимӣ мебошад;

2. Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар бандҳои 11, 12, 17, 21, 28, 29 моддаи 4, банди 10 моддаи 6, бандҳои 1, 30, моддаи 7, банди 4 моддаи 8, банди 9 моддаи 9 зикргардида 25 сол мебошад;

3. Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар банди 27 моддаи 4 зикргардида 20 сол мебошад;

4. Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар бандҳои 5, 8, 15, 18, 19, 25, 26 моддаи 4, бандҳои 1, 2 моддаи 5, бандҳои 3, 4, 7, 9, 12, 13 моддаи 6, бандҳои 2, 5, 6, 7, 12, 13, 15, 18, 20, 23, 29, 32, 33 моддаи 7, банди 21 моддаи 9 зикргардида 10 сол мебошад;

5. Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар банди 9 моддаи 4 зикргардида 7 сол мебошад;

6. Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар бандҳои 3, 30 моддаи 4, бандҳои 2, 5, 6, 11 моддаи 6, бандҳои 14, 19, 21, 26 моддаи 7, бандҳои 1, 5 моддаи 8 зикргардида 5 сол мебошад;

7. Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар банди 4 моддаи 4, банди 14 моддаи 6 зикргардида 3 сол мебошад;

8. Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар банди 22 моддаи 4 зикргардида то нав кардани маводи дахлдори топографӣ, геодезӣ ва картографӣ нигоҳ дошта мешавад;

9. Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар банди 22 моддаи 7 зикргардида вобаста ба коркарди захираҳои ашёи кон муқаррар карда мешавад;

10. Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар бандҳои 4, 16, 17 моддаи 7 зикргардида то лаҳзаи нашри расмӣ ба ҳисоб гирифта мешавад; 11.

Мӯҳлати махфӣ доштани маълумоти дар банди 25 моддаи 7 зикргардида то охири хатми мӯҳлати амали нақша ба ҳисоб гирифта мешавад;

БОБИ IV. Муқаррароти хотимавӣ

Моддаи 11.

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо мувофиқа бо Сарраёсати оид ба масъалаҳои сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи васеи маълумотеро, ки вобаста ба соҳаҳояшон махфӣ нигоҳ дошта шавад, таҳия ва дараҷаи махфияти онро бо тасдиқи дахлдори шахси мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки ваколати ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумотро дорад, муқаррар менамоянд.

Моддаи 12.

Назорати дуруст муайян кардани аломати (грифи) махфият, мӯҳлати махфӣ нигоҳ доштани маълумоти дорои сирри давлатӣ, нигоҳ доштан ва кор бо ҳуҷҷатҳои махфӣ аз ҷониби Сарраёсати оид ба масъалаҳои сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш.Душанбе, 10 майи соли 2002 № 57