Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 маи соли 1998, № 182 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои хусусигардонӣ дар музояда ва тендер"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои хусусигардонӣ дар музояда ва тендер

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Банди 56 Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои хусусигардонӣ дар музояда ва тендер, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"56. Харидор дар сурати ғолиб баромадан дар савдо ба ҳисоби Фурӯшанда боҷи комиссионӣ ворид менамояд, ки андозаи он ҳангоми усули голландии савдо набояд аз 2% нархи фурӯши ҳар як лот зиёд бошад, ҳангоми усули англисии савдо на бештар аз 2% нархи ибтидоӣ ва ҷамъ на бештар аз 5% фарқияти байни нархи ниҳоии фурӯш ва нархи ибтидоии ҳар як лот бошад ва он пас аз ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гаштан барои ташкил ва доир намудани музояда ва тендерҳо сарф карда мешавад.

2. Сархати ҳаштуми банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 1998 № 91 "Дар бораи ворид намудани тағьироту иловаҳо ба Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои хусусигардонӣ дар музояда ва тендер" беэътибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 14 маи соли 1998 № 182

ш. Душанбе