Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989 № 150 "Дар бораи забон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 5.10.2009 № 553 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ЗАБОН

Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи ҳуқуқии забони тоҷики (форси) ва истифодаи онро ба сифати забони давлати дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, ҳамчунин кафолати ҳуқуқии амали озоди забони русиро, чун забони муоширати байни халқҳои СССР, ва забонҳои миллии дигар халқҳоеро, ки дар сарзамини Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндаги доранд, таъмин менамояд (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).

Забони давлати эълон шудани забони тоҷики ҳуқуқҳои конститутсионии гражданинҳоеро, ки забони модариашон дигар аст, маҳдуд намекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд, барои ҳамаи забонҳое, ки дар ҷумҳури мавриди истифода қарор доранд, кафолати ҳуқуқи ва муносибати боэҳтиромонаро таъмин менамояд, ҳуқуқи ҳаққонии гражданинҳои ҳар миллатро барои инкишофи забон ва маданияташ, баробарии ҳамаи гражданинҳоро дар назди қонун, сарфи назар аз забони модарии онҳо, ҳимоя мекунад (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).

БОБИ I. МАТЛАБҲОИ УМУМИ

Моддаи 1. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷики (форси) мебошад (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).

Моддаи 2. Забони руси, чун забони муоширати байни халқҳои СССР, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон озодона амал мекунад (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).

Моддаи 3. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишоф ва истифодаи озодонаи забонҳои Бадахшони Кӯҳи (забонҳои помири) ва ҳифзи забони яғноби шароит фароҳам меоварад (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).

Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳи масъалаи амали забонҳои маҳаллиро мустақилона ҳал мекунад.

Моддаи 4. Ин Қонун мақоми ҳуқуқи ва соҳаҳои истеъмоли забонҳои тоҷики, руси, ӯзбеки, қирғизи, туркмани ва дигар забонҳоро дар ҷумҳури муайян мекунад, ҳамчунин ҳуқуқу кафолати гражданинҳоро дар интихобу ҳимояи забонҳо муқаррар менамояд.

Ин Қонун истифодаи забонҳоро дар ҷойҳои ҷамъияти, рузгор, муомилаи байни аъзоёни коллективҳои меҳнати, корҳонаҳо, муассисаву ташкилотҳо, ки феҳристи онҳоро Совети Вазирони Чумхурии Точикистон тартиб додааст, инчунин дар фаъолияти диндорон ва ба ҷо овардани русуми дини танзим намекунад (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).

БОБИ II. ҲУҚУҚУ КАФОЛАТҲОИ ГРАЖДАНИНҲО ДАР ИНТИХОБИ ЗАБОН

Моддаи 5. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар гражданин кафолат медиҳад, ки ҳангоми муомила бо органҳои ҳокимият ва идораи давлати, инчунин ҳангоми муомила бо корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо (аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъияти) ба ихтиёри худ забон интихоб кунад, аз онҳо ба забони давлати, руси ё дигар забони қобили қабул маълумот ва ҳуҷҷат гирад.

Моддаи 6. Нисбат ба кормандони органҳои ҳокимияти давлати ва идораи давлати, ташкилотҳои ҷамъияти, инчунин органҳои муҳофизати ҳуқуқ, муассисаҳои ҳифзи сиҳат, маданият, савдо, умури хизмат, наклиёт, таъминоти иҷтимои, хочагии манзилию коммунали, ки аз руи кор ҳамеша бо гражданинҳои гуногунмиллат муомила доранд, чунин талабот муқаррар мегардад, ки забони давлати ва русиро ба дараҷае, ки барои иҷрои вазифаи касби зарур аст, бидонанд.

...

ПОСТАНОВЛЕНИЕ ВЕРХОВНОГО СОВЕТА ТАДЖИКСКОЙ ССР

ОБ УСТАНОВЛЕНИИ ДНЯ ЯЗЫКА

Верховный Совет Таджикской Советской Социалистической Республики постановляет:

Установить в республике День языка.

День языка отмечать ежегодно 22 июля.

Председатель Президиума

Верховного Совета

Таджикской ССР Г.ПАЛЛАЕВ

Председатель Президиума

Верховного Совета

Таджикской ССР Г.ПАЛЛАЕВ

Секретарь Президиума

Верховного Совета

Таджикской ССР А.КАСЫМОВА

Секретарь Президиума

Верховного Совета

Таджикской ССР А.КАСЫМОВА

22 июля 1989 года,

г. Душанбе, № 162

22 июля 1989 года,

...