ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оиди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, № 23, моддаи 333) тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
1. Моддаи 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 5. Намунаи шаҳодатнома дар бораи сарфарозгардони бо дараҷаи олии корнамои - унвони ,Қаҳрамони Тоҷикистон,, дафтарчаи орден, шаҳодатномаи медалҳо ва додани унвонҳои фахри, тартиби пешниҳоди сарфарозгардони бо мукофоти давлати ва тартиби супоридани онҳо, тартиби ба ҳисобгири ва нигоҳдории мукофотҳои давлати ва бланкаҳои ҳуҷҷатҳои онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад".
2. Дар моддаи 10:
модда бо сархати сеюми дорои мазмуни зайл илова гардад:
"- Исмоили Сомони";
сархатҳои сеюм, чорум ва панҷум мутобиқан сархатҳои чорум, панҷум ва шашум ҳисобида шаванд.
3. Дар моддаи 11, 12, 14, 16, 17, 18, 19, 25, 29, 30, 36 калимаи "шаҳрвандон" ба калимаи "ашхос" иваз карда шавад.
4. Ба Қонун моддаи 111 дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 111. Бо ордени "Исмоили Сомони" ходимони давлати ва ҷамъияти, ходимони илм ва адабиёт ва дигар ашхос барои фаъолияти бузург ҷиҳати таҳким ва рушди давлатдории тоҷик мукофотонида мешаванд".
5. Дар моддаи 13:
сархати якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Бо ордени "Спитамен" хизматчиёни ҳарби, ашхоси ҳайати қатори ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохили мукофотонида мешаванд";
аз сархати дуюм калимаҳои "сарҳади ва дохили" хориҷ карда шаванд.
6. Сархати якуми моддаи 16 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Бо медали "Ҷасорат" хизматчиёни ҳарби, ашхоси ҳайати қатори ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохили ва дигар ашхос барои ҷасорату фидокори дар ҳолатҳои зайл сарфароз гардонида мешаванд:".
7. Моддаи 20 бо сархати сеюми дорои мазмуни зайл илова гардад:
"Исмоили Сомони";
сархатҳои сеюм, чорум, панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум ва нӯҳум мутобиқан сархатҳои чорум, панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, нӯҳум ва даҳум ҳисобида шаванд.
8. Моддаи 21 бо сархати дорои мазмуни зайл илова гардад:
"- Донори ифтихории Тоҷикистон".
9. Моддаи 23 бо сархати дорои мазмуни зайл илова гардад:
"- Донори ифтихории Тоҷикистон" - ба ашхос мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи додани хун ва ҷузъҳои он".
10. Моддаи 24 бо қисми дуюми дорои мазмуни зайл илова гардад:
"Ба ашхосе, ки мутобиқи қонунгузории пешамалкунанда бо унвони фахри сарфароз гардидаанду вале нишони сарисинаги нагирифтаанд, шаҳодатнома ва нишони сарисинагии бо Қонуни мазкур пешбинишуда супурда мешаванд".
11. Дар моддаи 39 калимаҳои "ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд" хориҷ карда шаванд.
12. Дар моддаи 40 калимаҳои "Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо калимаи "Ашхосе" иваз карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
13 ноябри соли 1998 № 708