ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Ҳуқуқи шаҳрвандон барои муттаҳид шудан ба ҳизбҳои сиёси
Ҳуқуқи шаҳрвандон барои муттаҳид шудан ба ҳизбҳои сиёси ба тариқи зайл ба амал бароварда мешавад:
- таъсис кардани ҳизбҳои сиёси мувофиқи эътиқоди худ;
- ихтиёран дохил шудан ба ҳизбҳои сиёси бо шарти эътироф намудани оинномаҳои онҳо аз ҷониби дохилшавандагон;
- иштирок кардан дар фаъолияти ҳизбҳои сиёси мувофиқи мақсадҳои муайянкардаи барномаҳои онҳо ва тибқи шаклҳои муқарраркардаи оинномаҳои онҳо;
- озодона баромадан аз ҳизбҳои сиёси.
Моддаи 2. Ҳизби сиёси
Зери мафҳуми ҳизби сиёси чунин идтиҳодяи ҷамъиятие фаҳмида мешавад, ки вазифаи асосиаш иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ташаккул додани иродаи сиёсии шаҳрвандон ва инчунин ба амал баровардани ҳокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад.
Мақсад ва вазифаҳои ҳизби сиёси дар Оиннома ва Барномаи он, ки барои маълумоти умум интишор мешаванд, инъикос меёбанд.
БОБИ II. ТАЪСИС ВА ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБҲОИ СИЁСИ
Моддаи 3. Таъсиси ҳизбҳои сиёси
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҳизбҳои сиёсии ҷумхурияви таъсис дода шуда метавонанд.
Ҳизбҳои сиёси аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон озодона, бидуни ҳеч як иҷозат дар анҷумани (конференсия, маҷлис) муассисон таъсис дода шуда, дар он оиннома қабул мегардад ва мақомоти роҳбарикунандаи ҳизб ташкил карда мешавад.
Ҳизби сиёси барои аз қайди давлати гузаштан руйхати на камтар аз ҳазор нафар шаҳрвандони тарафдорашро, ки сокини аксарияти шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонанд, пешниҳод менамояд.
Ҳизб аз рӯзи ба қайди давлати гирифта шуданаш шахси ҳуқуқи ҳисоб мешавад.
Баъди аз қайди давлати гузаштан ҳизби сиёси дар муддати 3 моҳ бояд дар аксарияти вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ташкилотҳои ибтидои дошта бошад.
Дар бораи шаҳр, ноҳия ва санаи гузаронидани анҷумани (конференсияи, маҷлиси) муассисон, инчунин муқаррароти асосии Оинномаи ҳизб гуруҳи ташаббускор оид ба таъсиси ҳизби сиёси дар воситаи ахбори умум на дертар аз як моҳ пеш аз даъват карда шудани анчумани (конференсияи, маҷлиси) муассисон хабар медиҳад.
Дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, аз он ҷумла сохторҳои он манъ аст.
Моддаи 4. Маҳдудиятҳои таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёси
Таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсие, ки мақсад ё амалашон ба зуран сарнагун кардани сохти конститутсиони ва ташкил намудани гуруҳҳои мусаллаҳ равона гардидаает ва ё низои нажоди, милли, маҳалли, ичтимои ва диниро тартибу ташвиқ менамоянд, манъ карда мешавад.
Ҳизбҳои сиёси ва аъзои он дар фаъолияти сиёсиашон ҳак надоранд, ки аз ташкилотҳои дини истифода намоянд.
Дар мақомоти бехатарии давлати, корҳои дохили, прокуратура, гумрук ва мақомоти андоз, адлия, судҳо ва Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар кушунҳо ва воҳидҳои ҳарби, инчунин дар мақомоти ҳокимияти давлати, мактабҳои миёна ва оли таъсис додан ва фаъолият кардани ташкилоти ҳизбҳои сиёси мумкин нест.
Моддаи 5. Узвият дар ҳизби сиёси
Узвият дар ҳизби сиёси танҳо дар асоси майли ихтиёрии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.
Судьяҳо, прокурор, хизматчиёни ҳарби, коркунони мақомоти корҳои дохили, амният, полиси андоз, гумрук ва адлия, инчунин шаҳрвандони хориҷи ва ашхоси бешаҳрванд аъзои ҳизби сиёси шуда наметавонанд.
Ҳизбҳои сиёси фақат узвияти шахсии сабтшуда доранд. Шаҳрвандони синнашон ба 18 расида аъзои ҳизб шуда метавонанд.
Моддаи 6. Оинномаи ҳизби сиёси
Оинномаи ҳизб бояд қоидаҳои зеринро дар бар гирад:
1) дар бораи ном, мақсад ва вазифаҳои ҳизби сиёси;
2) дар бораи сохтори ҳизби сиёси ва мақомоти он;
3) дар бораи шартҳо ва тартиби пайдо ва гум кардани узвияти ҳизб, дар бораи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аъзои ҳизби сиёси;
4) дар бораи баробарҳуқуқии аъзои ҳизби сиёси;
5) дар бораи мувофиқати фаъолият ва мақсади ҳизби сиёси бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6) дар бораи тартиби интихоб ва салоҳиятҳои мақомоти роҳбарикунандаи ҳизби сиёси, мӯҳлати ваколати онҳо ва ҷоивоқеияти он;
7) дар бораи ошкоро будани тамоми фаъолияти ҳизб ва мақомоти он;
8) дар бораи тартиби қабул ва дохил намудани тағйирот ба Оинномаи ҳизб;
9) дар бораи амвол ва воситаҳои моддии ҳизби сиёси, сарчашмаҳои бо пул таъминкуни ва фаъолияти хоҷагии вай;
10) дар бораи рамзи ҳизб (агар он бошад);
11) дар бораи тартиби қатъи фаъолияти ҳизб, азнавташкилкунии фаъолияти ҳизб;
12) дар бораи ҳаллу фасли баҳсҳои оид ба молу мулк, ки бо қатъ гардидани фаъолияти ҳизб алоқаманданд;
13) дар бораи интихоби ва ҳисоботдиҳанда будани мақомоти ҳизби сиёси.
Дар оиннома мумкин дигар қоидаҳое низ мавҷуд бошанд, ки ба фаъолияти ҳизби сиёси дахл доранд.
Қабули оиннома, барномаи ҳизби сиёси, пешбарии номзадҳо аз ҳамин ҳизби сиёси ба
мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли дигар масъалаҳои бағоят муҳими ҳаёти ҳизби сиёси аз рӯи қарори анҷуман, конференсия ва пленум, маҷлис ва ё аз рӯи натиҷаҳои раъйпурсии (пурсиши) аъзои ҳизб сурат мегирад.
Моддаи 7. Бақайдгирии давлатии ҳизби сиёси
Бақайдгирии давлатии ҳизби сиёсиро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад. Барои қайди давлатии ҳизби сиёси ба мақоми бақайдгиранда дар муҳлати як моҳ ариза дода мешавад, ки онро бояд шахсе имзо кунад, ки ба ӯ анҷумани (конференсияи, маҷлиси) муассисони ҳизби таъсис додашаванда бо нишон додани суроғаи ҳуқуқии мақоми роҳбарикунанда ваколат додааст. Ба ариза ғайр аз оиннома иқтибос аз протоколи анҷумани (конференсияи, маҷлиси) муассисоне, ки оинномаро қабул кардааст, руйхати камаш даҳ нафар иштирокчиёни маҷлиси муассисон бо нишон додани маълумоти шиносномаҳо ва маҳалли зисташон бо замимаи як нусха нашрияи васоити ахбори умум, ки дар он дар бораи ҷой ва санаи гузаронидани анҷумани (конференсияи, маҷлиси) муассисон, инчунин дар бораи қоидаҳои асосии Оинномаи ҳизби сиёси хабар чоп гардидааст, ҳуҷҷати бонкие, ки супоридани боҷи давлатиро оиди бақайдгирии хизб тасдиқ мекунад ва руйхати ҳазор нафар аъзоёни ҳизб мувофиқи банди 3 моддаи 3-юми ҳамин қонун низ ҳамроҳ, карда мешаванд.
Ба мақоми бақайдгиранда манъ карда мешавад, ки аз ҳизб пешниҳод кардани дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки дар қисми дуюми ҳамин банд зикр нашудааст, талаб намояд.
Мақоми бақайдгиранда ҳизби сиёсиро дар давоми як моҳи пешниҳод карда шудани ҳуҷҷатҳо ба қайди давлати мегирад. Вайрон кардани мӯҳлати нишон додашуда мумкин нест.
Тағйирот ва иловаҳое, ки дар Оинномаи ҳизби сиёси дохил карда мешаванд, бояд аз тарафи худи ҳамон мақом ва дар худи ҳамон муҳлатҳои бақайдгирии давлатии худи ҳизб ба қайди давлати гирифта шаванд.
Барои ба қайдгирии давлатии ҳизби сиёси, тағйирот ва иловаҳое,ки ба оинномаи вай дохил карда мешаванд, тибқи тартиб ва андозаҳое, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд, боҷи бақайдгири ситонда мешавад.
Ҳуҷҷате, ки воқеияти бақайдгирии давлатии ҳизби сиёси, инчунин ба феҳристи давлатии идтиҳодияҳои ҷамъияти дохил намудани онро тасдиқ менамояд, шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии он мебошад.
Аз ҳизби сиёси талаб кардани кадом як ҳуҷҷатҳои дигаре, ки воқеияти бақайдгирии давлатии онро тасдиқ менамоянд, манъ аст.
Ҳизби сиёси аз рӯзи бақайдгирии давлатии он ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро пайдо мекунад.
Моддаи 8. Сохторҳои ҳизби сиёси
Сохторҳои маҳаллии ҳизби сиёси тибқи тартибе, ки Оинномаи ҳизби сиёси муқаррар менамояд, таъсис дода мешаванд.
Мақоми роҳбарикунандаи ҳизби сиёси баъди таъсиси сохтори ҳизб дар ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо мақомоти ҳокимияти маҳаллиро ба таври хатти хабардор менамояд.
Моддаи 9. Асосҳо барои рад кардани бақайдгирии давлатии ҳизби сиёси
Бақайдгирии давлатии ҳизби сиёси дар асосҳои зайл мумкин рад карда шавад:
- агар муқаррароти оинномаи вай ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф бошад;
- агар оинномаи ҳизб ба талабҳои моддаи 6 ҳамин Қонун мувофиқат накунад;
- агар талабҳои қисми дуюми моддаи 3 ва қисми панҷуми моддаи 7 ҳамин Қонун иҷро карда нашуда бошанд;
- агар бо худи ҳамин унвон ва ё бо худи ҳамин рамз оинномаи ҳизби дигар пештар ба қайд гирифта шуда бошад;
- агар суроғаи ҳуқуқии мақоми роҳбарикунандаи ҳизб берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
Раддияи асосноки бақайдгирии Оинномаи ҳизби сиёси дар шакли хатти дода мешавад ва аз он ба суд шикоят кардан мумкин аст.
БОБИ III. ҲУҚУҚИ ҲИЗБҲОИ СИЁСИ ВА ШАКЛҲОИ НАЗОРАТ БА ФАЪОЛИЯТИ ОНҲО
Моддаи 10. Ҳуқуқ ва вазифаҳои ҳизбҳои сиёси
Ҳар ҳизб бо тартиби пешбиникардаи қонун ҳак дорад:
- номзадҳоро ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба мақомоти интихобии ҳокимияти давлати пешбари намояд;
- дар тайёри ва гузаронидани раъйпурсиҳо ва интихоботи мақомоти ҳокимияти давлати иштирок намояд;
- дар гурӯҳҳои доими ё муваққатии вакилон муттаҳид шавад ва дар мақомоти намояндаги дигар идтиҳодияҳо барпо намояд:
- маълумотро дар бораи фаъолияти худ ба таври шифоҳи, хатти ва дар шаклҳои дигар озодона интишор намояд, мақсад ва вазифаҳои худро тартибу ташвик кунад, ҳуҷҷатҳои барномавии худро дошта бошад;
- нашриётҳо ва васоити ахбори умумии худро таъсис диҳад;
- аз васоити давлатии ахбори умум, аз он ҷумла матбуот, радио ва телевизион истифода намояд;
- маҷлисҳо, митингҳо, намоишҳо ва дигар чорабиниҳои оммавиро мувофиқи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад;
- бо ҳизбҳои сиёси ва идтиҳодияҳои сиёсии хориҷи робита ва алоқаҳои байналхалқи муқаррар намояд ва онҳоро дастгири кунад;
- ба иттифоқҳои байналхалқи ва ассосиатсияҳо дохил шавад;
- мувофиқи мақсад ва вазифаҳои оинномавии худ шуъбаҳо ва намояндагиҳо ташкил намояд;
- мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи худ фаъолияти хоҷаги, молияви ва дигар фаъолиятро ба амал барорад;
- бо дигар хизбхои сиёси ва идтиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттифоқ бандад, муносибатҳои шартномави барқарор кунад;
- ҳизбҳои сиёси ҳар сол ба Вазорати адлия дар бораи давом додани фаъолият ва қароргоҳи худ ахборот пешниҳод менамоянд.
Моддаи 11. Амволи ҳизби сиёси
Амволи зерин моликияти ҳизби сиёси шуда метавонанд: биноҳо ва иншоотҳо, фонди манзил, таҷҳизот ва асбобу анҷом, матбаа, маблағҳо ва инчунин дигар амволе, ки барои таъмини фаъолияти вай зарур буда, онро оинномаҳо ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардаанд.
Амволи ҳизби сиёси фақат барои ба амал баровардани мақсад ва вазифаҳои ҳизб истифода мешавад.
Ҳизби сиёси ҳар сол дар бораи вазъияти моддии ҳизб маълумот чоп мекунад.
Моддаи 12. Маблағҳои ҳизби сиёси
Маблағҳои ҳизби сиёси аз инҳо ба вуҷуд меоянд:
- ҳаққи дохилшави ва ҳаққи узвият, агар онҳоро оинномаи ҳизб пешбини карда бошад;
- хайрияҳои ихтиёри;
- мадохил аз гузаронидани лексияҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо (мувофиқи оинномаҳо);
- даромад аз фаъолияти ношири ва дигар фаъолияте, ки ба мақсад ва вазифаҳои оинномави мувофиқ аст;
- дигар воридоте, ки қонунҳо манъ накардаанд.
Моддаи 13. Ёрии модди барои эҳтиёҷоти ҳизби сиёси
Ҳизби сиёси ҳак, дорад дар шакли амвол ва маблағ аз ашхоси воқеи, корхона ва ташкилотҳо, идтиҳодияҳои ҷамъияти, бунёдҳо ва дигар ашхоси ҳуқуқии ғайридавлати ёрии модди қабул намояд.
Ёрии модди аз корхонаю ташкилотҳои зайл манъ аст:
- ташкилотҳои хайрия ва дини;
- корхонаю ташкилотҳои давлати, инчунин корхонаю ташкилотҳое, ки дар онҳо давлат саҳм дорад;
- давлат, шаҳрвандон, корхонаҳо ва ташкилотҳои хориҷи, инчунин корхонаҳое,ки дар онҳо кишварҳои хориҷи саҳм дорад;
- ашхоси беном;
- ҳизбҳои сиёсие, ки бо ҳизби ёрии молияви расондашаванда муттаҳид нестанд.
Моддаи 14. Фаъолияти хоҷагии ҳизби сиёси
Ҳизби сиёси мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи худ дар қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои хоҷаги, музди меҳнати кормандони ҳизб, истифодаи захираҳои молияви ва модди мустақил мебошад.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити молияви ва модди барои ба амал баровардани мақсаду ҳуқуқҳои оинномавие, ки моддаи 10 ҳамин Қонун собит намудааст, ҳизби сиёси ҳақ дорад тибқи тартиби муқаррар кардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон корхона ва ташкилотҳо барпо намояд.
Моддаи 15. Дастгирии ҳизби сиёси аз ҷониби давлат
Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби сиёсиеро, ки ба қайд гирифта шудааст, ба таври зерин дастгири менамоянд:
- таъмини дастрасии баробар ба воситаҳои давлатии ахбори умум;
- таъмини имкониятҳои баробар барои гузаронидани маъракаҳои интихоботи. Дар сурати боздоштани фаъолияти ҳизб дар асоси муқаррароти моддаи 21 ҳамин Қонун дастгирии давлат муваққатан қатъ карда мешавад.
Дар сурати манъ карда шудани фаъолияти ҳизби сиёси дастгирии давлати аз рӯзи эътибор пайдо кардани қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манъ карда шудани фаъолияти ҳизб қатъ мегардад.
Моддаи 16. Назорати фаъолияти молиявии ҳизби сиёси
Мақоми роҳбарикунандаи ҳизб ӯҳдадор аст ҳисоботи молиявиро дар бораи сарчашмаҳо, андоза ва харҷи маблағҳое.ки ба хазинаи ҳизб дар давоми соли ҳисоботи ворид гардидааст, инчунин дар бораи амволи ҳизб ва пардохти андозҳо интишор намояд.
Ҳисоботи молиявии ҳизби сиёсиро мақомоти дахлдори идораи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиш мекунад.
БОБИ IV. ИШТИРОКИ ҲИЗБИ СИЁСИ ДАР ИНТИХОБОТ
Моддаи 17. Шаклҳои иштироки ҳизб дар интихобот
Ҳизб дар интихобот ба таври зайл иштирок менамояд:
- мустақил;
- бо дигар хизби сиёси мувофиқатномаи пеш аз интихоботи мебандад;
- бо дигар ҳизбҳои сиёси ба иттифоқҳои интихоботи дохил мегардад. Ҳизб тибқи қонунгузори дар бораи интихобот ҳақ дорад:
- мустақилона ва ё аз номи иттифоқҳои интихоботи номзадҳо пешбари намояд;
- бо риояи шартҳои баробар ташвиқоти пеш аз интихоботи барад;
- ба рафти интихобот назорат кунад ва бо тартиби муқарраркардашуда натиҷаҳои онҳоро муайян намояд;
- дар комиссияҳои интихоботи метавонад намояндаги кунад;
- ба воситаҳои давлатии ахбори умум ва инчунин ба воситаҳои ахбори умум бо иштироки давлат баробар дастрас бошад.
Моддаи 18. Иштироки ҳизби сиёси дар иттифоқҳои интихоботи
Баъди ба қайд гирифтани иттифоқҳои интихоботи аз тарафи комиссияҳои дахлдори интихоботи ҳизбе, ки номзадҳои худро тибқи руйхати иттифоқи интихоботи пешбари мекунад, ҳак надорад номзадҳои худро мустақилона ва ё тибқи руйхати дигар иттифоқи интихоботи дар ҳамон сатҳ пешбари намояд, агар дар шартнома шарти дигаре пешбини карда нашуда бошад.
Моддаи 19. Гурӯҳҳои ҳизби дар мақомоти намояндаги
Гурӯҳҳои ҳизби дар мақомоти намояндаги мувофиқи асноди меъёрие, ки тартиби фаъолияти ин мақомотро муайян менамоянд, ташкил меёбанд ва амал мекунанд.
БОБИ V. БОЗДОШТАН, ҚАТЪ КАРДАН ВА МАНЪ НАМУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБИ СИЁСИ
Моддаи 20. Боздоштани фаъолияти ҳизби сиёси
Дар сурати аз тарафи ҳизби сиёси вайрон карда шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин гирифтани ёрии иқтисодию сиёси аз кишварҳои хориҷи, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қатъ намудани фаъолияти ғайриқонуни огоҳинома мебарорад. Агар ҳизб дар муҳлати даҳ рӯз талабҳоро дар бораи қатъ намудани фаъолияти ғайриқонуни иҷро накунад, фаъолияти вай мумкин аст бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати то шаш моҳ боздошта шавад.
Моддаи 21. Окибатҳои боздошта шудани фаъолияти ҳизби сиёси
Дар сурати боздошта шудани фаъолияти ҳизб ба муҳлати муқарраркардаи моддаи 20 ҳамин қонун ҳуқуқаш, ҳамчун муассиси васоити ахбори умум боздошташуда, ба вай манъ карда мешавад, ки аз мақоми (статуси) шахси ҳуқуқи истифода барад, митингу намоишҳо ва дигар чорабиниҳои оммави ташкил намояд, дар интихобот иштирок кунад, аз маблағҳои бонк истифода барад, ба истиснои ҳисобу китоб оид ба фаъолияти хоҷаги ва шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнати, пардохти товони зарарҳое, ки аз амалиётҳои вай расидааст ва пардохти ҷаримаҳо.
Моддаи 22. Қатъ кардани фаъолияти ҳизби сиёси
Фаъолияти ҳизби сиёси мумкин бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манъи фаъолияти он, инчунин ба тариқи аз нав ташкил намудан ва ё барҳамдихи қатъ карда шавад.
Моддаи 23. Асосҳои манъ кардани фаъолияти ҳизби сиёси
Асосҳои аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудани фаъолияти ҳизби сиёси чунинанд:
- фаъолияти ҳизби сиёси, ки қисми якуми моддаи 4 ҳамин қонун манъ кардааст;
- фаъолияти ғайриқонунии ҳизби сиёси баъди бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи моддаи 20 ҳамин қонун манъ намудани фаъолияти он.
Моддаи 24. Қарор дар бораи манъ намудани фаъолияти ҳизби сиёси
Дар бораи манъ намудани фаъолияти ҳизби сиёси дар асоси қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва танҳо дар заминаи пешбиникардаи моддаи 23 ҳамин Қонун қарор қабул кардан мумкин.
Моддаи 25. Қатъ намудани фаъолияти ҳизб ба тариқи аз нав ташкилкуни ва ё барҳамдиҳи
Фаъолияти ҳизби сиёси мумкин бо роҳи аз нав ташкилкуни (якҷоякуни, ҳамроҳқуни, тақсимкуни) ва ё барҳамдиҳи қатъ карда шавад. Қарорро дар бораи аз нав ташкилкунии ҳизб мақоми олии роҳбарикунандаи ҳизб қабул менамояд.
Оинномаи ҳизби сиёсие, ки баъди аз нав ташкилкуни таъсис дода шудааст, бо тартиби муқараркардаи моддаи 7 ҳамин Қонун ба қайд гирифта мешавад.
Ҳизби сиёси мувофиқи оинномаи он бо роҳи худпарокандакуни барҳам дода мешавад.
Моддаи 26. Оқибатҳои қатъ карда шудани фаъолияти ҳизб
Амволи ҳизби сиёсие, ки фаъолияти худро қатъ кардааст, баъд аз қонеъ гардонда шудани даъвоҳои амволи ба мақсадҳои зерин равона карда мешавад:
- дар сурати барҳам дода шудан - ба мақсадҳои пешбини кардаи оинномаи ваи;
- дар сурати манъ карда шудан - аз рӯи қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар сурати азнавташкилкуни - ба моликияти идтиҳодияи ҷамъиятие дода мешавад, ки вориси ҳуқуқи ҳизби сиёсие мебошад, ки фаъолияти худро қатъ кардааст.
Қатъ гардидани фаъолияти ҳизби сиёси боиси аз феҳристи давлатии дахлдори идтиҳодияҳои ҷамъияти хориҷ намудани ҳизб, бекор кардани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии ҳизби сиёси ва гум кардани ҳуқуқи шахси ҳуқуқи мегардад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш.Душанбе
13 ноябри соли 1998 № 680