ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантин ва ҳифзи растаниҳо
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантин ва ҳифзи растаниҳо маъқул дониста шавад.
2. Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми мазкурро ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Ёддошти тафоҳуми мазкурро бо ҷониби Муғулистон мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 17 июли соли 2026, № 492
ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ
байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ,
кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар
...