ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консортсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маркази рушди саноатӣ» оид ба амалисозии лоиҳаи «Таъсиси кластери нассоҷии гурӯҳи ширкатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаҳои 11, 12, 13 ва 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консортсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маркази рушди саноатӣ» оид ба амалисозии лоиҳаи «Таъсиси кластери нассоҷии гуруҳи ширкатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъқул дониста шавад.
2.Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи сармоягузории мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3.Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида бо Консортсиуми сармоягузорон сана ва маҳалли имзои созишномаи сармоягузории мазкурро мувофиқа намояд.
4.Созишномаи сармоягузории мазкур пас аз ба имзо расидан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 13 июли соли 2026, № 465
Б.Р.Р. Лоиҳа
СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ
БАЙНИ
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ВА
...