ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси Протоколи иҷроия ба Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар масъалаҳои баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимии онҳо аз 7 октябри соли 2002
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Протоколи иҷроия ба Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар масъалаҳои баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимии онҳо аз 7 октябри соли 2002, ки 30 октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 июни соли 2026, № 436
Лоиҳа
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар хусуси тасдиқи Протоколи иҷроия ба Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар масъалаҳои баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимии онҳо аз 7 октябри соли 2002
Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Протоколи иҷроия ба Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар масъалаҳои баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимии онҳо аз 7 октябри соли 2002, ки 30 октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
...