ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси тасдиқи Созишнома оид ба пешгирӣ ва хомӯш кардани сӯхторҳои табиӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Созишнома оид ба пешгирӣ ва хомӯш кардани сӯхторҳои табиӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 31 майи соли 2013 дар шаҳри Минск ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2.Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалисозии Созишномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 июни соли 2026, № 430
...