×

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2026, № 429 "Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти ҷаҳонии рушди сабз оид ба вазъи ҳуқуқӣ, имтиёзҳо ва масуниятҳо"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти ҷаҳонии рушди сабз оид ба вазъи ҳуқуқӣ, имтиёзҳо ва масуниятҳо


Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти ҷаҳонии рушди сабз оид ба вазъи ҳуқуқӣ, имтиёзҳо ва масуниятҳо маъқул дониста шавад.

2.Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида бо ҷониби Институти ҷаҳонии рушди сабз сана ва маҳалли имзои Созишномаи мазкурро мувофиқа намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 июни соли 2026, № 429

СОЗИШНОМА БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИНСТИТУТИ ҶАҲОНИИ РУШДИ САБЗ ОИД БА ВАЗЪИ ҲУҚУҚӢ, ИМТИЁЗҲО ВА МАСУНИЯТҲО



Созишномаи мазкур дар асоси созиши дуҷониба миёни
...

Правительство  Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О проекте Соглашения между Правительством  и Таджикистан и Глобальным институтом зелёного роста о правовом статусе, привилегиях и иммунитетах

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Одобрить проект Соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Глобальным институтом зелёного роста о правовом статусе, привилегиях и иммунитетах.

2. Министру экономического развития и торговли Республики Таджикистан подписать настоящее Соглашение от имени Правительства Республики Таджикистан и при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с Глобальным институтом зелёного роста дату и место подписания настоящего Соглашения.

Председатель Правительства
Республики Таджикистан                  Эмомали Рахмон
г.Душанбе  от 26 июня 2026 года №429
...