ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2023, №462
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2023, №462 «Дар бораи низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» тағйироти зерин ворид карда шавад:
1) дар замимаи 4:
- дар сатри 11 калима ва рақами «Шуъбаи» ва «4» мувофиқан ба калима ва рақами «Раёсати» ва «7» иваз карда шаванд;
- дар сатри «Ҳамагӣ» рақами «80» ба рақами «83» иваз карда шавад;
2) дар замимаи 6:
- дар сатри 11 калима ва рақами «Шуъбаи» ва «4» мувофиқан ба калима ва рақами «Раёсати» ва «7» иваз карда шаванд;
- дар сатри «Ҳамагӣ» рақами «155» ба рақами «158» иваз карда шавад;
3) дар замимаи 8:
- дар сатри 11 калима ва рақами «Шуъбаи» ва «6» мувофиқан ба калима ва рақами «Раёсати» ва «8» иваз карда шаванд;
- дар сатри «Ҳамагӣ» рақами «158» ба рақами «160» иваз карда шавад;
...