ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби таъини кумакпулии давлатӣ ба кӯдаконе, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд
Мутобиқи қисми 3 моддаи 171 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби таъини кумакпулии давлатӣ ба кӯдаконе, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Андозаи пардохти кумакпулии давлатӣ ба кӯдаконе, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд, ҳар моҳ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва санаи пардохти онҳо аз 1 июли соли 2026 муқаррар карда шавад.
3. Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалигардонии қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар буҷети давлатӣ ҷиҳати маблағгузории пардохти кумакпулии давлатӣ ба кӯдаконе, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд, маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд.
5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №232 «Дар бораи тасдиқи Тартиби таъин ва пардохти кўмакпулии давлатӣ ба кӯдакони то синни 16-сола, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд» аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 июни соли 2026, № 406
...