Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2026, № 402 "Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба таъсиси «Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон» аз 10 июни соли 2021"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба таъсиси «Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон» аз 10 июни соли 2021


Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба таъсиси «Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон» аз 10 июни соли 2021, ки 26 марти соли 2026 дар шаҳри Тошканд ба имзо расидааст, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 июни соли 2026, № 402

Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба таъсиси «Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон» аз 10 июни соли 2021


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

густариши ҳамкориҳои иқтисодии ду давлатро зарур дониста,

бо мақсади ноил шудан ба кори пурсамари Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон ва истифодаи самараноки имкониятҳои он,

дар асоси моддаи 8 Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба таъсиси «Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон» аз 10 июни соли 2021 (минбаъд Созишнома),

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Протоколе о внесении изменений и дополнений в Соглашение между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Республики Узбекистан о создании «Таджикско-Узбекской инвестиционной компании» от 10 июня 2021 года

В соответствии со статьей 12 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Представить на ратификацию в Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан Протокол о внесении изменений и дополнений в Соглашение между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Республики Узбекистан о создании «Таджикско-Узбекской инвестиционной компании» от 10 июня 2021 года, подписанный 26 марта 2026 года в городе Ташкент.

Председатель Правительства
Республики Таджикистан                                Эмомали Рахмон
г. Душанбе от 26 июня 2026 года №402                                                                   


ПРОТОКОЛ о внесении изменений и дополнений в Соглашение между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Республики Узбекистан о создании «Таджикско-Узбекской инвестиционной компании» от 10 июня 2021 года

 

Правительство Республики Таджикистан и Правительство Республики Узбекистан, далее именуемые Сторонами,

считая необходимым расширение экономического сотрудничества между двумя государствами.

с целью скорейшего достижения продуктивной работы «Таджикско-Узбекской инвестиционной компании» и эффективного использования её возможностей,

руководствуясь статьей 8 Соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Республики Узбекистан о создании «Таджикско-Узбекской инвестиционной компании» от 10 июня 2021 года (далее - Соглашение),

...