Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба татбиқи мутақобилаи низомҳои электронии сертификатсияи пайдоиши молҳо

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 июни соли 2026, № 401
тасдиқ шудааст

СОЗИШНОМА байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба татбиқи мутақобилаи низомҳои электронии сертификатсияи пайдоиши молҳо

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

бо дарназардошти муқаррароти Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи Қоидаҳои муайян кардани кишвари пайдоиши молҳо дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 20 ноябри соли 2009, ки 20 ноябри соли 2013 ба имзо расидааст,

Қоидаҳои муайян кардани кишвари пайдоиши молҳоро, ки бо Карори Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 24 сентябри соли 1993 (минбаъд - Қоидаҳо аз 24 сентябри соли 1993) тасдиқ шудаанд, ба роҳбарӣ гирифта,

бо эътирофи зарурати сода кардани расмиёт ва кам кардани муҳлати назорати гумрукӣ барои воридоти молҳо ба ҳудуди давлатҳои Тарафҳо,

ба мувофикаи зерин расиданд:

Моддаи 1 Мафҳумҳо

Барои мақсадхои Созишномаи мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

«сертификат» - сертификати пайдоиши мол бо шакли СТ-1, ки ҳуҷҷате мебошад, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор дода шуда, пайдоиши молро тасдиқ мекунад;

«санҷиш» - муқаррар кардани далели дода шудани сертификат аз ҷониби мақомоти ваколатдори Тарафҳо ва дурустии маълумоти дар онҳо мавҷудбуда;

«низоми электронии сертификатсияи пайдонши молҳо» (минбаъд - НЭСПМ) - низоми иттилоотии мақоми ваколатдори марказӣ, ки маълумотро дар бораи сертификатҳои аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатҳои Тарафҳо додашуда дар бар мегирад;

...
Утверждено
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 26 июня 2026 года №401

СОГЛАШЕНИЕ между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Республики Узбекистан о взаимном применении электронных систем сертификации происхождения товаров

 

Правительство Республики Таджикистан и Правительство Республики Узбекистан, в дальнейшем именуемые Сторонами, принимая во внимание положения Протокола о внесении изменений в Соглашение о Правилах определения страны происхождения товаров в Содружестве Независимых Государств от 20 ноября 2009 года, подписанного 20 ноября 2013 года, руководствуясь Правилами определения страны происхождения товаров, утвержденными Решением Совета глав правительств Содружества Независимых Государств от 24 сентября 1993 года (далее - Правила от 24 сентября 1993 года), признавая необходимость упрощения процедуры и сокращения сроков таможенного контроля при ввозе товаров на территории государств Сторон, согласились о нижеследующем:

Статья 1 Определения

Для целей настоящего Соглашения используются следующие понятия:

«сертификат» - сертификат о происхождении товара формы СТ-1, являющийся документом, выданным уполномоченным органом и свидетельствующим о происхождении товаров;

«проверка» - установление факта выдачи сертификатов уполномоченными органами государств Сторон и достоверности содержащихся в них сведений;

«электронная система сертификации происхождения товаров» (далее - ЭССПТ) - информационная система центрального уполномоченного органа, включающая сведения о сертификатах, выданных уполномоченными органами государств Сторон;

«центральный уполномоченный орган»:

в Республике Таджикистан - Торгово-промышленная палата Республики Таджикистан;

в Республике Узбекистан - Министерство инвестиций, промышленности и торговли Республики Узбекистан.

...