ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Кумитаи саноати мудофиавии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Кумитаи саноати мудофиавии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2.Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Номгӯйи ташкилотҳои низоми Кумитаи саноати мудофиавии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2 ва 3).
3.Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи саноати мудофиавии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 38 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла хизматчиёни ҳарбӣ 8 воҳид муқаррар карда шавад.
4.Ба Кумитаи саноати мудофиавии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки ду муовини раис, аз ҷумла як муовини якум дошта бошад ва ҳайати мушовараро иборат аз 7 нафар ташкил намояд.
5.Барои Кумитаи саноати мудофиавии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудаи мошинҳои сабукрави хизматӣ 4 адад муқаррар карда шавад.
6.Маблағгузории нигоҳдории Кумитаи саноати мудофиавии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус анҷом дода шавад.
7.Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини Кумитаи саноати мудофиавии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бинои маъмурӣ чораҳои зарурӣ андешад.
8.Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №147 «Дар бораи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироти зерин ворид карда шавад:
1)дар замимаи 1:
-аз банди 1 калима ва аломати «мудофиавӣ,» хориҷ карда шаванд;
...