Тартиби ҷуброни хароҷот барои хизматрасонӣ ва рақамикунонии раванди хизматрасонӣ ба нафақагирон

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Бо карори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «17» декабри соли 2025, №671
тасдиқ шудааст 

Тартиби ҷуброни хароҷот барои хизматрасонӣ ва рақамикунонии раванди хизматрасонӣ ба нафақагирон

1. Бо мақсади ташаккули раванди рақамикунонӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба нафақагирон, уҳдадориҳои зерини Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ), Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» (минбаъд - Амонатбонк) ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ»-и Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Ҷамъият) муқаррар карда мешаванд:

1)Агентӣ:

-маблағгузории пардохти нафақаҳоро ҳар моҳ таъмин менамояд;

-хароҷоти Амонатбонк ва Ҷамъиятро ҷуброн менамояд;

2)Амонатбонк:

-гузаштани пардохтҳои Агентиро дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ таъмин менамояд;

-пардохти нафақаҳоро ба нафақагирон дар муҳлати 10 рӯзи пас аз лаҳзаи ба суратҳисоби транзитии Амонатбонк ворид шудани маблағҳои барои пардохти нафақаҳо пешбинигардида таъмин менамояд;

-ҳар моҳ бо раёсату шуъбаҳои Агентӣ бо мақсади аниқ намудани маблағҳои воқеии пардохти нафақаҳо муқоисаҳо анҷом медиҳад;

3)Ҷамъият:

-устувории кори низоми рақамии пардохти нафақаро таъмин менамояд;

-норасоии заминаи моддию техникиро бартараф менамояд;

-ҷалби барномасозонро ҷиҳати таҳияи низоми рақамикунонии соҳаи таъминоти нафақа таъмин менамояд.

2.Агентӣ ҷуброни хароҷоти хизматрасониро аз маблағҳои воқеан пардохтшудаи нафақа ба андозаи зерин таъмин менамояд:

-0,5 дарсад ба Амонатбонк барои хизматрасонӣ ба нафақагирон;

-0,1 дарсад ба Ҷамъият барои рақамикунонии раванди хизматрасонӣ ба нафақагирон.

3.Ҷуброни хароҷот ҳар моҳ мувофиқан ба маблағҳои воқеан пардохташудаи нафақа дар асоси маълумоти муқоисаи мутақобила байни филиалҳои Амонатбонк ва раёсату шуъбаҳои Агентӣ дар маҳалҳо анҷом дода мешавад. Маблағи ҷуброн бо супоришномаи пардохтии алоҳида ба суратҳисоби дахлдори Амонатбонк интиқол дода мешавад.

4.Барои ҷуброни хароҷоти филиалҳои Амонатбонк сарф намудани маблағҳое, ки ҷиҳати пардохти нафақаҳои нафақагиронон маблағгузорӣ шудаанд, қатъиян манъ карда мешавад.


Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от «17» декабря 2025 года, №671


Порядок компенсации затрат за обслуживание и цифровизацию процесса обслуживания пенсионеров

1. В целях формирования процесса цифровизации и повышения качества обслуживания пенсионеров, устанавливаются следующие обязательства Агентства социального страхования и пенсий при Правительства Республики Таджикистан (далее - Агентство), Государственного унитарного предприятие «Сберегательный банк Республики Таджикистан «Амонатбанк»» (далее - Амонатбанк) и Открытого акционерного общества «Удостоверяющие центры, государственные услуги и разработка цифровых программ» Агентства инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан (далее - Общество):

1)Агентство:

- ежемесячно обеспечивает финансирование на выплаты пенсий;

- возмещает расходы Амонатбанка и Общества;

2)Амонатбанк:

- обеспечивает прохождение платежей Агентства в сроки, установленные действующим законодательством;

- обеспечивает выплату пенсий пенсионерам в течении 10 дней с момента зачисления средств, предназначенных на выплату пенсий, на транзитный счет Амонатбанка;

- ежемесячно производит с управлениями и отделами Агентства сверки с целью уточнения фактической суммы выплаты пенсий;

3)Общество:

- обеспечивает стабильность работы цифровой системы пенсионных выплат;

- устраняет нехватку материально-технической базы;

- обеспечивает привлечение программистов к разработке системы цифровизации сферы пенсионного обеспечения.

2.Агентство обеспечивает компенсацию затрат на услуги от фактически выплаченных сумм пенсий в следующих размерах:

- 0,5 процента Амонатбанку за обслуживание пенсионеров;

- 0,1 процента Обществу за цифровизацию процесса обслуживания пенсионеров.

3.Возмещение расходов производится ежемесячно пропорционально сумме фактически выплаченных пенсий на основе данных взаимной сверки между филиалами Амонатбанка и управлениями и отделами Агентства на местах. Сумма возмещения перечисляется отдельным платежным поручением на счет соответствующего Амонатбанка.

4.Категорически запрещается расходование средств, финансированных на выплату пенсий пенсионерам, для возмещения расходов филиалов Амонатбанка.