ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи пешниҳоди ҳулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағииру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 октябри соли 2025, №328 «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ҳулосаи замимагардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағииру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 25 декабри соли 2025 №685
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «25» декабри соли 2025, №685
Хулосаи
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоихаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодексииҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоихаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо қарори Шӯрои Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми октябри соли 2025-ум, №328 барои додани хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниход гардидааст, баррасӣ карда, вобаста ба моддаи 1 чунин пешниход менамояд:
1)ба сарлавҳа баъд аз калимаи «Лоиҳа» калимаҳои «ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» илова карда шаванд;
2)кисми 1 дар шакли пешниҳодшуда қобили қабул намебошад, зеро мақсади конунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ислохи маҳкумшудагон ва пешгирии содир кардани ҷиноятхои дигар иборат мебошад. Дар ин замина баланд бардоштани вазнинии ҷазо метавонад боиси камсамарии чораҳои мачбурӣ ё холатҳои саркашӣ аз пардохти ҷарима гардад;
3)сархати дуюми қисми 3 бо қисми 1 лоиҳаи Қонуни мазкур алоқаманд аст ва дар робита бо эрод нисбат ба кисми 1 лоиҳаи Қонуни мазкур хориҷ карда шавад.
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О представлении заключения Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Кодекс исполнения уголовных наказаний Республики Таджикистан»
Рассмотрев постановление Совета Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 6 октября 2025 года, №328 «О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении дополнений в Кодекс исполнения уголовных наказаний Республики Таджикистан», Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан прилагаемое заключение Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Кодекс исполнения уголовных наказаний Республики Таджикистан».
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 25 декабря 2025 года №685
Прилагается на тадж.яз