Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2025 №684 "Дар бораи пешниҳоди ҳулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи пешниҳоди ҳулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 сентябри соли 2025, №304 «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Хулосаи замимагардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.


Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                  Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 25 декабри соли 2025 №684
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «25» декабри соли 2025, №684


Хулосаи

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 сентябри соли 2025, №304 барои додани хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, баррасӣ карда, вобаста ба он чунин пешниҳод менамояд:

1)дар ном ва муқаддимаи моддаи 1 калимаҳои «ТАҒЙИРОТУ» ва «тағйироту» мувофиқан ба калимаҳои «ТАҒИИРУ» ва «тағииру» иваз карда шаванд;

2)оид ба қисми 2:

-сархати якум ҳориҷ карда шавад, зеро тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ» таҳти мафҳуми «системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ» мақомот ва муассисаҳои давлатии маҳсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои ҷазои ҷиноятиро таъмин менамоянд, фаҳмида шуда, бо он мухолифатиро ба миён меорад;

-дар сархати дуюм калимаҳои «дар қисми» ба калимаҳои «аз қисми» иваз карда шаванд;

3)қисми 3 лоиҳа ҳориҷ карда шавад, зеро он боиси мушкилиҳо мегардад;

4)дар сархати якуми қисми 4 калимаи «дар» ба калимаи «аз» иваз карда шавад;

5)дар қисми 5 калимаи «калимаҳои» ба калимаи «калимаи» иваз карда шавад;

6)қисми 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад;

«6. дар сархати шашуми қисми 1 моддаи 50 калимаҳои «маводи нашъаовар,» ба калимаҳои «воситаҳои нашъадор, моддаҳои» иваз карда шаванд.»;

7)дар қисми 9 оид ба моддаи 6611 иловашаванда:

-аз қисми якум калимаҳои «исрофкорӣ ва қаллобӣ» ҳориҷ карда шаванд, зеро мафҳуми «тасарруф» исрофкорӣ ва қаллобиро низ дарбар мегирад;

-эзоҳ ҳориҷ карда шавад, зеро ҷавобгарии маъмурӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар диспозитсияи моддаи мазкур муаяйншуда ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, ки дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, фаро мерасад.

Ҳамзамон, ҳатоҳои техникию грамматикӣ ва имлои ислоҳ карда шуда, матни русии лоиҳа ба матни тоҷикии он мутобиқ гардонида шавад.


Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О представлении заключения Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях»

Рассмотрев постановление Совета Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 22 сентября 2025 года, №304 «О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях», Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан прилагаемое заключение Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях».

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 25 декабря 2025 года №684

Прилагается на тадж.яз