Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 2025,№ 1079 "Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2010, № 968"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2010, № 968


Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармон медиҳам:

Банди 8) Низомномаи Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2010, № 968 «Дар бораи таъсиси Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«8) Аъзои Шурои миллӣ инҳо мебошанд:

- ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо;

- ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

- ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ;

- раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният;

- раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ;

- раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- директори Агенгии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сардори Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон;

- роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакил доранд;

- раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон;

- директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

- раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон;

- раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон;

- раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;

- раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони Тоҷикистон;

- раиси ташкилоти ҷамъиятии «Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

- раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон,

- роҳбари Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба шаффофият ва мубориза бо коррупсия.».


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 27 октябри соли 2025,№ 1079



УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменения в указ Президента Республики Таджикистан от 14 декабря 2010 года, №968

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» постановляю:

Пункт 8) Положения о Национальном совете по противодействию коррупции Республики Таджикистан, утверждённого указом Президента Республики Таджикистан от 14 декабря 2010 года №968 «О создании Национального совета по противодействию коррупции Республики Таджикистан», изложить в следующей редакции:

«8) Членами Национального совета являются:

- помощник Президента Республики Таджикистан по правовым вопросам - Полномочный представитель Президента Республики Таджикистан в Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан;

-  помощник Президента Республики Таджикистан по кадровым вопросам;

- помощник Президента Республики Таджикистан по вопросам социального развития и связям с общественностью;

- помощник Президента Республики Таджикистан по вопросам национальной безопасности;

- председатель Комитета Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан по обеспечению конституционных основ, прав и свобод человека, гражданина и законности;

- председатель Комитета Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан по обороне и правопорядку;

- председатель Верховного Суда Республики Таджикистан;

- председатель Высшего экономического Суда Республики Таджикистан;

- директор Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан;

- директор Агентства государственной службы при Президенте Республики Таджикистан;

- директор Агентства по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан;

- директор Агентства по инновациям и цифровым технологиям при Президенте Республики Таджикистан;

- Генеральный прокурор Республики Таджикистан;

- Уполномоченный по правам человека в Республике Таджикистан;

- министр внутренних дел Республики Таджикистан;

- министр юстиции Республики Таджикистан;

- министр обороны Республики Таджикистан;

- министр финансов Республики Таджикистан;

- министр экономического развития и торговли Республики Таджикистан;

- министр образования и науки Республики Таджикистан;

- министр здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан;

- председатель Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан;

- председатель Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан;

- командующий Национальной гвардией Республики Таджикистан;

- начальник Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан;

- директор Агентства по государственным закупкам товаров, работ и услуг при Правительстве Республики Таджикистан;

- председатель Комитета по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистан;

- председатель Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан;

- председатель Счетной палаты Республики Таджикистан;

- руководитель Департамента по финансовому мониторингу при Национальном банке Таджикистана;

- руководители политических партий, имеющих депутатов в Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан;

- председатель Федерации независимых профсоюзных Таджикистана;

- директор Государственного учреждения «Центр исламоведения при Президенте Республики Таджикистан»;

- председатель Союза журналистов Таджикистана;

- председатель Союза молодежи Таджикистана;

- председатель Союза писателей Таджикистана;

- председатель Ассоциации предпринимателей Таджикистана;

- председатель общественной организации «Комитет по делам воинов-интернационалистов Республики Таджикистан»;

- председатель Совета старейшин Общественного движения национального единства и возрождения;

- руководитель Коалиции гражданского общества по вопросам прозрачности и противодействия коррупции.».

Президент
Республики Таджикистан         Эмомали Рахмон


г. Душанбе 27 октября 2025 года №1079