ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ САВДОИ ХОРИҶӢ»
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2025, № 158 қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 октябри соли 2025, № 74 ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» аз 3 июли соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, № 7, мод. 696; с. 2015, № 7-9, мод. 703;  с. 2022, № 1, 2-3, мод. 21) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддима, қисми 1 моддаи 7 ва қисми 2 моддаи 50 калимаи «ӯҳдадориҳои» ба калимаи «уҳдадориҳои» иваз карда шавад.
2. Дар моддаи 2:
- дар сархати ҳафтум ва минбаъд дар матни қонун калимаҳои «қаламрави», «қаламравҳо» ва «қаламрав» мувофиқан ба калимаҳои «ҳудуди», «ҳудудҳо» ва «ҳудуд» иваз карда шаванд;
- аз сархати ҳаштум калимаи «(ғайриавтоматӣ)» хориҷ карда шавад;
- сархати нуҳум хориҷ карда шавад;
- дар сархати ёздаҳум калимаи «мамнӯот» ба калимаи «мамнуият» иваз карда шавад.
3. Аз ном ва муқаддимаи қисми 1 моддаи 5 калимаи «асосии» хориҷ карда шавад.
4. Дар моддаи 9:
- сархати якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- иштирок дар амалисозии сиёсати ягона дар соҳаи фаъолияти савдои хориҷӣ;»;
- дар сархати ҳафтум калимаи «анҷоми» ба калимаҳои «амалӣ намудани» иваз карда шавад.
5. Дар қисми 2 моддаи 15 калимаи «хизматҳои» ба калимаи «хизматрасониҳои» иваз карда шавад.
6. Дар қисми 1 моддаи 17 пас аз калимаи «агар» калимаи «тибқи» илова ва калимаи «бошад» ба калимаи «шавад» иваз карда шаванд.
7. Дар матни моддаи 18 ва минбаъд дар матни қонун калимаҳои «мӯҳлати», «Мӯҳлати» ва «мӯҳлат» мувофиқан ба калимаҳои «муҳлати», «Муҳлати» ва «муҳлат» иваз карда шаванд.
8. Ба матни моддаи 22 пас аз калимаи «мазкур» калимаҳои «ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд.
9. Дар қисми 3 моддаи 25:
- ба муқаддима пас аз калимаи «мол» калимаи «метавонад» илова карда шавад;
- дар сархати якум ва минбаъд дар матни қонун калимаи «мавҷудоти» ба калимаи «организмҳои» иваз карда шавад.
10. Моддаи 29 хориҷ карда шавад.
11. Дар қисми 1 моддаи 31 калимаҳои «мавҷудоти зараровар» ба калимаҳои «организмҳои зараррасон» иваз карда шаванд.
12. Дар қисми 2 моддаи 32 калимаҳои «масолеҳи борбандӣ» ба калимаи «борпеч» иваз карда шаванд.
13. Дар қисми 2 моддаи 33 калимаҳои «хизмат расонида метавонад» ба калимаҳои «метавонад хизматрасониро пешниҳод намояд» иваз карда шаванд.
14. Дар қисми 2 моддаи 35 калимаи «мӯътадили» ба калимаи «муътадили» иваз карда шавад.
15. Ба қисми 1 моддаи 54 пас аз калимаи «арбитражи» калимаҳои «байналмилалии тиҷоратии» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 октябри соли 2025, № 2200
                         
                        
Закон Республики Таджикистан
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ                   В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН                            «О ВНЕШНЕТОРГОВОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ»
Принят постановлением МН МОРТ 
от 30 июня 2025 года, 
№158
Одобрен постановлением ММ МОРТ 
от 1 октября 2025 года, 
№74Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «О внешнеторговой деятельности» от 3 июля 2012 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2012 г., № 7, ст. 696; 2015 г., № 7-9, ст. 703; 2022 г., № 1, 2-3, ст. 21) следующие изменения и дополнения:
1. В статье 2:
- из абзаца восьмого слово «(неавтоматическое)» исключить;
- абзац девятый исключить.
2. В названии и преамбуле части 1 статьи 5 слова «Основные принципы» и «Основными принципами» заменить соответственно словами «Принципы» и «Принципами».
3. Статью 9 дополнить абзацем первым следующего содержания:
«- участие в осуществлении единой политики в области внешнеторговой  деятельности;».
4. Часть 1 статьи 22 после слов «настоящего Закона» дополнить словами «и других законодательных актов Республики Таджикистан».
5. Статью 29 исключить.
6. Часть 1 статьи 54 перед словом «арбитража» дополнить словами «международного коммерческого».
Статья 2. Порядок введения в действие настоящего Закона
Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан        Эмомали Рахмон
г. Душанбе, 1 октября 2025 года №2200