ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ»
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 июни соли 2025, № 134
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 октябри соли 2025, № 71
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» аз 16 апрели соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №4, мод. 276; с. 2021, №1-2, мод. 16;          с. 2022, №6, мод. 352) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Муассисаҳои таълимӣ ба хатмкунандагони курсҳои бозомўзӣ диплом ва ба хатмкунандагони дигар шаҳодатнома медиҳанд.»;
- дар қисми 4 калимаҳои «Шаҳодатнома (сертификат)-ҳо» ба калимаҳои «Диплом ва шаҳодатномаҳо» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 октябри соли 2025, № 2198
                         
                        
Закон Республики Таджикистан
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О ДОПОЛНИТЕЛЬНОМ ОБРАЗОВАНИИ»
Принят постановлением МН МОРТ 
от 11 июня 2025 года, 
№134Одобрен постановлением ММ МОРТ 
от 1 октября 2025 года, 
№71Статья 1. Внести в статью 15 Закона Республики Таджикистан       «О дополнительном образовании» от 16 апреля 2012 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2012 г., №4, ст. 276; 2021 г., №1-2, ст. 16; 2022 г., №6, ст. 352) следующие изменения:
- часть 3 изложить в следующей редакции:
«3. Образовательные учреждения выдают выпускникам курсов переподготовки диплом, а другим выпускникам – свидетельство.»;
- в части 4 слова «свидетельств (сертификатов)» заменить словами «дипломов и свидетельств».
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан      Эмомали Рахмон
г. Душанбе, 1 октября 2025 года №2198