Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2025, № 2197 «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

Санаи амалкуни: 06.10.2025

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАОРИФ»
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 11 июни соли 2025, № 132
қабул шудааст
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 1 октябри соли 2025, № 70
ҷонибдорӣ шудааст


Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 532; с. 2014, №3, мод. 156, №7, қ. 2, мод. 422; с. 2016, №3, мод. 148, №7, мод. 624; с. 2017, №7-9, мод. 581; с. 2018, №5, мод. 278; с. 2020, №12, мод. 912; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 706; с. 2022, №7, мод. 447; с. 2023, №11, мод. 468, с. 2024, №1-2, мод. 20, мод. 21, №3-4, мод. 156, №5-6, мод. 263, мод. 264) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1.Ба моддаи 1 сархати нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- бозомӯзӣ - таҳсилоти баъдидипломӣ, ки бо мақсади азхудкунии ихтисоси нав амалӣ карда мешавад;».

2. Дар моддаи 23:

ба қисми 2 сархатҳои ҳафтум ва ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«- диплом дар бораи таҳсилоти иловагӣ – барои хатмкунандагони курсҳои бозомӯзии муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ;

- шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти иловагӣ – барои хатмкунандагони курсҳои такмили ихтисоси муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ;»;

- қисми 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«6. Ба шахсоне, ки ин ё он зинаи таҳсилот (ба истиснои таҳсилоти умумии асосӣ)-ро пурра ба охир нарасондаанд, аз ҷониби муассисаи таълимӣ маълумотнома дода мешавад.».


Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 1 октябри соли 2025, № 2197


Закон Республики Таджикистан

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «ОБ ОБРАЗОВАНИИ»
Принят постановлением МН МОРТ
от 11 июня 2025 года, №132
Одобрен постановлением ММ МОРТ
от 1 октября 2025 года, №70

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «Об образовании» от 22 июля 2013 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2013 г., №7, ст. 532; 2014 г., №3, ст. 156, №7, ч. 2, ст. 422; 2016 г., №3, ст. 148, №7, ст. 624; 2017 г., №7-9, ст. 581; 2018 г., №5, ст. 278; 2020 г., №12, ст. 912; 2021 г., №12, ч. 2, ст. 706; 2022 г., №7, ст. 447; 2023 г., №11, ст. 468; 2024 г., №1-2, ст. 20, ст. 21, №3-4, ст. 156, №5-6, ст. 263, ст. 264) следующие изменение и дополнения:

1.Статью 1 дополнить абзацем девятым следующего содержания:

«- переподготовка - послевузовское образование, проводимое с целью освоения новой специальности;».

2.В статье 23:

- часть 2 дополнить абзацами седьмым и восьмым следующего содержания:

«- диплом о дополнительном образовании – для выпускников курсов переподготовки образовательных учреждений дополнительного образования;

- свидетельство о дополнительном образовании – для выпускников курсов повышения квалификации образовательных учреждений дополнительного образования;»;

- часть 6 изложить в следующей редакции:

«6. Лицам, не завершившим ту или иную ступень образования (за исключением общего основного образования), образовательным учреждением выдается справка.».

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.


Президент
Республики Таджикистан        Эмомали Рахмон


г.Душанбе 1 октября 2025 года №2197