Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2025, № 2196 «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»

Санаи амалкуни: 06.10.2025

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
бо қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 7 майи соли 2025, № 102
қабул карда шудааст
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 октябри соли 2025, № 69
ҷонибдорӣ шудааст


Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» аз 18 марти соли 2015 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №3, мод. 218; с. 2018, №1, мод. 21; с. 2020, №12, мод. 914; с. 2024, №1-2, мод. 19; с. 2025, №1, мод. 14) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 5 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- тасдиқи қоидаҳои ҳифзи кӯдак аз иттилооти ба саломатӣ ё инкишофи ӯ зараровар;».

2. Моддаи 291 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Моддаи 291. Ҳифзи кӯдак аз иттилооти ба саломатӣ ё инкишофи ӯ зараровар

1. Ҳифзи кӯдак аз иттилооте, ки ба саломатӣ ё инкишофи ӯ зарар мерасонанд, аз ҷумла маълумоти зараровари дар маҳсулоти иттилоотӣ мавҷудбуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

2. Ба иттилооти ба саломатӣ ё инкишофи кӯдак зараровар маҳсулоти иттилоотие дохил мешаванд, ки паҳн кардани онҳо дар байни кӯдакони синну соли муайян бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ё манъ мебошад.».


Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 1 октябри соли 2025, № 2196


Закон Республики Таджикистан

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О ЗАЩИТЕ ПРАВ РЕБЁНКА»
Принят постановлением МН МОРТ
от 7 мая 2025 года, №102
Одобрен постановлением ММ МОРТ
от 1 октября 2025 года, №69

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «О защите прав ребёнка» от 18 марта 2015 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2015 г., №3, ст. 218; 2018 г., №1, ст. 21; 2020 г., №12, ст. 914; 2024 г., №1-2, ст.19; 2025 г., №1, ст. 14) следующие дополнения:

1. Статью 5 дополнить абзацем третьим следующего содержания:

«- утверждение правил защиты ребёнка от информации, причиняющей вред его здоровью или развитию;».

2. Дополнить статьёй 291 следующего содержания:

«Статья 291. Защита ребёнка от информации, причиняющей вред его здоровью или развитию

1. Защита ребёнка от информации, причиняющей вред его здоровью или развитию, в том числе вредной информации, содержащейся в информационной продукции, осуществляется в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.

2. К информации, причиняющей вред здоровью или развитию ребёнка, относится информационная продукция, распространение которой среди детей определенного возраста ограничено или запрещено в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.».

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.


Президент
Республики Таджикистан           Эмомали Рахмон


г.Душанбе 1 октября 2025 года №2196