Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2025, № 484 "Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»


Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2025, №244 «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Хулосаи замимагардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 сентябри соли 2025, № 484


Замима
ба қарори Хукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 сентябри соли 2025, №484

Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни конститугсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2025, № 244 барои додани хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, баррасӣ намуда, вобаста ба моддаи 1 чунин пешниҳод менамояд:

1)қисми 3 хориҷ карда шавад, зеро мансабҳои «Ёрдамчии раис» ва «Пристави суди» дар зербандҳои 2.1 ва 2.2 банди 2 параграфи 3 боби 2 фасли 2 Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016, № 737 «Дар бораи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, пешбинӣ гардида, онҳо тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд;

2)қисми 4 хориҷ карда шавад, зеро зарурати тағйир додани он дида намешавад;

3)дар қисми 5 калимаи «раис,» ба калимахои «Раис ва» иваз карда шаванд.


Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О представлении заключения Правительства Республики Таджикистан к проекту конституционного Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон Республики Таджикистан «О судах Республики Таджикистан»

Рассмотрев постановление Совета Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 23 июня 2025 года, №244 «О проекте конститутсионного Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон Республики Таджикистан «О судах Республики Таджикистан», Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан прилагаемое заключение Правительства Республики Таджикистан к проекту конституционного Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон Республики Таджикистан «О судах Республики Таджикистан».

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 27 сентября 2025 года №484

Прилагается на тадж.яз