Замимаи 2 
ба қарори Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 18 октябри соли 2025, 
№ 534Низомномаи Комиссияи муштараки хоҷагии оби Тоҷикистону Қирғизистон
1.Муқаррароти умумӣ
1.Комиссияи муштараки хоҷагии оби Тоҷикистону Қирғизистон (минбаъд - Комиссия) ҷиҳати иҷрои моддаи 10 Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ, ки 13 марти соли 2025 дар шаҳри Бишкек ба имзо расидааст (минбаъд - Созишнома) таъсис дода шудааст.
2.Комиссия мақоми рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи хоҷагии об байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон (минбаъд - Тарафҳо) буда, фаъолияти худро дар асоси Созишнома ба роҳ мемонад.
3.Низомнома принсипҳо ва тартиби кори Комиссия ҷиҳати ташкили ҳамкории Тарафҳо оид ба масъалаҳои хоҷагии обро танзим мекунад.
4.Низомномаи мазкур вазифаҳо ва функсияҳои асосӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои Комиссия, инчунин амалхои асосии расмиётиро барои ташкили ҳамкории Тарафҳо тибқи Созишнома муайян менамояд.
2.Мақсад ва вазифаҳои асосии Комиссия
5.Ҳадафҳои асосии Комиссия рушди муносибатҳои хоҷагии об, инчунин баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои соҳаи хоҷагии об аз ҷониби давлатҳои Тарафҳо мебошад.
6.Вазифаҳои асосии Комиссия аз инҳо иборатанд:
-мувофиқаи ҷадвали тақсимоти об дар иншооти гидротехникӣ;
-ташкили мубодилаи маълумот аз дидбонгоҳҳои обченкунии иншооти гидротехникӣ;
-ҳамоҳангсозии чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар иншооти гидротехникӣ;
-ҷалби сармоягузори барои навсозии иншооти гидротехникӣ;
-баррасии масъалаҳои дигари хоҷагии об.
3.Принсипҳои умумии фаъолияти Комиссия
7.Комиссия фаъолияти худро дар асоси баробарӣ амалӣ намуда, таҳти роҳбарии ду ҳамраис фаъолият менамояд.
8.Ҳайати Комиссия дар асоси принсипи намояндагии баробари Тарафҳо ташкил карда мешавад.
9.Комиссия кори худро дар асоси принципҳои салоҳият ва масъулияти мутақобилаи Тарафҳо пеш мебарад.
10.Комиссия қарорҳоро дар асоси консенсус қабул мекунад.
4.Тартиби кори Комиссия
11.Шакли асосии фаъолияти Комиссия маҷлисҳо мебошад, ки дар як сол на камтар аз ду маротиба: дар аввали давраи вегетатсионӣ ва байни вегетатсионӣ гузаронида мешаванд.
12.Комиссия дар ҷаласаҳои худ, ки бо навбат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон гузаронида мешаванд, масъалаҳои бо ташаббуси Тарафҳо ё Комиссия бамиёнгузоштаро баррасӣ менамояд.
13.Комиссия лоиҳаи рӯзномаи маҷлиси навбатӣ ва нақшаи кори худро барои соли тақвимии оянда тасдиқ мекунад. Бо пешниҳоди ҳамраисон Комиссия метавонад ба нақшаи корӣ тағйирот ворид намояд.
14.Ҳамраисони ҷониби тоҷикистонӣ ва қирғизистонии Комиссия байни худ масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласа ворид шавандаро пешакӣ мувофиқа менамоянд. Ҳамраисон метавонанд барои баррасӣ дар ҷаласа масъалаҳои иловагиеро пешниҳод намоянд, ки қаблан ба рӯзнома дохил нашуда буданд. Қарор дар бораи ворид намудани ин масъалаҳо барои баррасӣ аз ҷониби Комиссия қабул карда мешавад.
15.Дар ҳолати зарурӣ бо ташаббуси яке аз Тарафҳо маҷлисҳои ғайринавбатии Комиссия гузаронида мешавад. Санаи баргузорӣ ва лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ғайринавбатии Комиссияро ҳамраисон муайян менамоянд, вале на дертар аз як моҳ аз рӯзи гирифтани пешниҳод дар бораи гузаронидани он.
16.Қарор дар бораи макон ва вақти даъвати ҷаласаи минбаъдаи Комиссия дар ҷаласаи қаблӣ ё дар давраи байни ҷаласаҳо бо пешниҳоди хаттии яке аз ҳамраисон қабул карда мешавад.
17.Агар вақт ё макони пешниҳодшуда даъвати ҷаласаи Комиссия бо ягон сабаб қобили қабул набошад, Тарафи дахлдор дар ин бора хабар медиҳад ва ҳамзамон вақт ва макони дигар даъвати ҷаласаро пешниҳод менамояд.
18.Дар ҳолати мухолифат аз рӯйи ҳамагуна масъалаҳо, Тарафҳо машваратҳои иловагӣ мегузаронанд ва ин масъалаҳоро дар ҷаласаи навбатии Комиссия баррасӣ мекунанд.
19.Забони кории гузаронидани ҷаласаҳо ва мукотиба байни Тарафҳо забони русӣ мебошад.
20.Аз рӯйи натиҷаи ҷаласаҳои Комиссия протокол тартиб дода мешавад, ки дар он рафти муҳокимаи масъалаҳо, қабули қарорҳо, вазифаҳои мушаххас ва вақти иҷрои онҳо дарҷ мегарданд. Протоколи ҷаласа бо забони русӣ дар ду нусха тартиб дода мешавад. Ҳар як Тараф як нусхаи протоколро мегирад.
21.Ҳамраисони Комиссия дар ҷаласаҳо оид ба иҷрои чорабиниҳое, ки Тарафҳо дар ҷаласаҳои гузашга барои иҷро қабул намуда буданд, маълумот медиҳанд.
22.Бо қарори Комиссия ҳар як Тараф шахси доимии тамосро муайян мекунад, ки тавассути он дар доираи фаъолияти Комиссия мукотиба, табодули мукотиба ва иттилооти дахлдор амалӣ карда мешавад. Шахсони тамос аз ҳисоби аъзои Комиссия таъин мегарданд.
23.Комиссия метавонад дар асоси муваққатӣ ва ё доимӣ коршиносонро аз ташкилотҳои махсусгардонидашуда, илмӣ-тадқиқотӣ, лоиҳакашӣ ва амалиётӣ ба кор ҷалб кунад, гурӯҳҳои кории муваққатӣ ва ё доимо амалкунанда таъсис диҳад.
24.Комиссия метавонад ба коршиносони Тарафҳо супориш диҳад, ки оид ба масъалаҳои гуногун барои баррасӣ дар ҷаласаи Комиссия пешниҳодҳо омода намоянд.
25.Ҳар як Тараф хароҷоти сафар, роҳкиро ва истиқомати аъзои Комиссия, намояндагони гурӯҳҳои корӣ ва коршиносонро мустақилона пардохт менамояд.
26.Хароҷоти марбут ба ташкил ва гузаронидани ҷаласаҳои Комиссия ва вохӯриҳои коршиносонро Тарафе, ки дар ҳудуди он чорабиниҳои зикргардида гузаронида мешаванд, пардохт менамояд.
27.Барои пардохти хароҷоти марбут ба ташкили ҷаласаҳои корӣ Комиссия ва гузаронидани ҷаласаҳои он метавонанд маблағҳои шарикон ва маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Тарафҳо манъ накардааст, ҷалб карда шаванд.
5.Ваколатҳои Комиссия
28.Комиссия ҳуқук дорад:
-пешниҳодҳо ва тавсияҳо барои Тарафҳо оид ба масъалаҳои дуҷонибаи хоҷагии об омода намояд ва ба татбиқи онҳо қарор қабул намояд;
-ваколатҳоеро, ки мутобиқи Созишнома ва Низомномаи мазкур ба ӯ дода шудааст, амалӣ намояд;
-ваколатҳо дигарро, ки аз вазифаҳои Комиссия бармеоянд, амалӣ намояд.
6.Тартиби тасдиқ ва ворид намудани тағйирот ба Низомнома
29.Низомномаи Комиссия аз ҷониби роҳбарони мақомоти ваколатдори Тарафҳо, ки барои татбиқи Созишнома масъуланд, дар ҷаласаи Комиссия баррасӣ ва тасдиқ карда мешавад. Тағйиру иловаҳо ба Низомнома бо ҳамин тартиб ворид карда мешаванд.
Дар шаҳри __________ соли 2025 ба имзо расонида шудааст.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон 
 
 
 
 Аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон   |  ____________ _______________ 
 
 
 
 
 
 ____________ _______________  | 
                         
                        
Приложение 2 
к постановлению Правительства 
Республики Таджикистан 
от «18» октября 2025 года, 
№534Положение о Совместной таджикско-кыргызской водохозяйственной комиссии
1.Общие положения
1.Совместная таджикско-кыргызская водохозяйственная комиссия (далее - Комиссия) создана во исполнение статьи 10 Соглашения между Правительством Республики Таджикистан Кабинетом Министров Кыргызской Республики по обеспечению доступа к водохозяйственным и энергетическим объектам от 13 марта 2025 года, подписанного в городе Бишкек (далее - Соглашение).
2.Комиссия является органом по развитию двустороннего сотрудничества в сфере водного хозяйства между Республикой Таджикистан и Кыргызской Республикой (далее - Стороны) и в своей деятельности руководствуется Соглашением.
3.Положение регламентирует принципы и порядок работы Комиссии по организации сотрудничества Сторон по водохозяйственным вопросам.
4.Настоящее Положение определяет основные задачи и функции, права и обязанности Комиссии, а также основные процедурные действия для организации сотрудничества Сторон в соответствии с Соглашением.
2.Основные цели и задачи Комиссии
5.Основными целями Комиссии являются развитие водохозяйственных отношений, а также рассмотрение и решение вопросов в области водного хозяйства государствами Сторон.
6.Основными задачами Комиссии являются:
- согласование графиков вододеления на гидротехнических сооружениях;
- организация обмена данными из гидропостов на гидротехнических сооружениях;
- координация мероприятий по предупреждению и устранению последствий чрезвычайных ситуаций на гидротехнических сооружениях;
- привлечение инвестиций для модернизации гидротехнических сооружений;
- рассмотрение других водохозяйственных вопросов.
3.Общие принципы работы Комиссии
7.Комиссия осуществляет свою деятельность на паритетных началах и функционирует под руководством двух сопредседателей.
8.Состав Комиссии формируется на основании принципа равного представительства Сторон.
9.Комиссия осуществляет свою работу на основе принципов полномочности и взаимной ответственности Сторон.
10. Комиссия принимает решения на основе консенсуса.
4.Порядок работы Комиссии
11.Основной формой деятельности Комиссии являются заседания, которые проводятся не реже двух раз в течение года: в начале вегетационного и межвегетационного периодов.
12.Комиссия на своих заседаниях, проводимых поочередно на территориях Республики Таджикистан и Кыргызской Республики, рассматривает вопросы, выдвигаемые Сторонами или Комиссией по своей инициативе.
13.Комиссия утверждает проект повестки дня следующего заседания и план своей работы на следующий календарный год. По предложению сопредседателей Комиссия может внести изменения в план работы.
14.Сопредседатели кыргызской и таджикской частей Комиссии предварительно согласовывают между собой вопросы, включаемые в повестку дня заседания. Сопредседатели могут вносить на рассмотрение заседания дополнительные вопросы, ранее не включенные в Повестку дня. Решения о включении этих вопросов на рассмотрение принимает Комиссия.
15.В случае необходимости по инициативе одной из Сторон проводятся внеочередные заседания Комиссии. Дата проведения и проект Повестки дня внеочередного заседания Комиссии определяются сопредседателями, но не позднее чем через один месяц с даты поступления предложения о его проведении.
16.Решение о месте и времени созыва следующего заседания Комиссии принимается на предыдущем заседании или в период между заседаниями по письменному предложению одного из сопредседателей.
17.Если предложенное время или место созыва заседания Комиссии по каким- либо причинам неприемлемы, то соответствующая Сторона сообщает об этом в своем ответе, одновременно предлагая другое время и место созыва заседания.
18.В случае разногласий по каким-либо вопросам. Стороны проводят дополнительные консультации и рассматривают эти вопросы на следующем заседании Комиссии.
19.Рабочим языком проведения заседаний и корреспонденции между Сторонами является русский язык.
20.По итогам заседания Комиссии составляется протокол, в котором излагается ход обсуждения вопросов, принятые решения, конкретные задачи и сроки их исполнения. Протокол заседания оформляется на русском языке в двух экземплярах. Каждая Сторона получает по одному экземпляру протокола.
21.Сопредседатели Комиссии сообщают на заседаниях о мероприятиях, предпринятых Сторонами для выполнения решений, принятых на предыдущих заседаниях Комиссии.
22.Решением Комиссии с каждой Стороны определяется постоянное контактное лицо, через которое осуществляется переписка, обмен корреспонденцией и соответствующей информацией в рамках деятельности Комиссии. Контактные лица назначаются из числа членов Комиссии.
23.Комиссия может привлекать к работе на временной или постоянной основе экспертов из специализированных, научно- исследовательских, проектных и эксплуатационных организаций, создать временные или постоянно действующие рабочие группы.
24.Комиссия может поручить экспертам Сторон подготовить предложения по различным вопросам для рассмотрения их на заседании Комиссии.
25.Расходы по командированию, проезду и проживанию членов Комиссии, представителей рабочих групп и экспертов каждая Сторона несет самостоятельно.
26.Расходы, связанные с организацией и проведением заседаний Комиссии, встреч экспертов несет государство той Стороны, на территории которой проводятся указанные мероприятия.
27.На покрытие расходов, связанных с организацией работы Комиссии и проведением ее заседаний, могут привлекаться средства доноров и другие средства, не запрещенные законодательством Сторон.
5.Полномочия Комиссии
28.Комиссия вправе:
- готовить предложения и рекомендации для Сторон по двухсторонним водохозяйственным вопросам и принимать решения по их реализации;
- осуществлять полномочия, возложенные на нее в соответствии с Соглашением и настоящим Положением;
- осуществлять иные полномочия, вытекающие из задач Комиссии.
6. Порядок утверждения и изменения Положения
29.Положение о Комиссии рассматривается и утверждается руководителями уполномоченных органов Сторон, ответственными за реализацию Соглашения, на заседании Комиссии. Изменения и дополнения в Положение вносятся в том же порядке.
Совершено в г.__________  _______________ 2025 г.
От Республики Таджикистан  _________
От Кыргызской Республики _________