ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ бо мақсади рушд ва ғанӣ гардонидани Геопортали инфрасохтори маълумоти фазоии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Лоиҳаи Созишнома байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ бо мақсади рушд ва ганӣ гардонидани Геопортали инфрасохтори маълумоти фазоии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маъқул дониста шавад.
2.Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида бо ҷониби Россия сана ва маҳалли ба имзо расонидани Созишномаи мазкурро мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 8 октябри соли 2025, № 530
Лоиҳаи
СОЗИШНОМА байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр
ва харитасозии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ бо мақсадҳои рушд ва ғанӣ гардонидани Геопортали инфрасохтори маълумоти фазоии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Россия, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд, дар асоси принсипҳо ва ҳадафҳои Созишнома оид ба таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 8 декабри соли 1991, Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин аз 9 октябри соли 1992, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин аз 18 июни соли 1997,
ба мувофиқаи зерин расиданд:
Моддаи 1 Ҳадафи ҳамкорӣ
Мақсади Созишномаи мазкур мусоидат ба рушди Геопортали инфрасохтори маълумоти фазоии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд Геопортали ИМФ ИДМ), инчунин мубодилаи маълумоти фазоӣ ва маълумоти дигари истифодаи озод, ки барои фаъолияти Геопортали ИМФ ИДМ ва шабакаҳои он зарур аст, мебошад.
Моддаи 2 Самтҳои ҳамкорӣ
Ҳамкорӣ дар доираи Созишномаи мазкур бо риояи қонунгузории давлатҳои Тарафҳо аз рӯйи самтҳои асосии зерин амалӣ карда мешавад:
1)геодезия, харитасозӣ ва маълумоти фазоӣ;
2)таъсис ва рушди инфрасохтори маълумоти фазоӣ;
3)таъсиси низоми иттилоотӣ ва рушди низоми электронии хизматрасониҳо;
4)омода намудани кадрҳо;
5)самтҳои дигари ҳамкории мувофиқанамудаи Тарафҳо.
Моддаи 3 Шаклҳои ҳамкорӣ
Барои амалинамоии самтҳои ҳамкории дар моддаи 2 Созишномаи мазкур зикргардида ҳамкорӣ дар шаклҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1)ташаккулу мубодилаи мавод ва маълумоти фазоии истифодаи озод;
2)таҳияи ҳуҷҷатҳои методологӣ;
3)ташкил ва иҷрои чорабиниҳо оид ба таъсис, рушд ва истифодаи низоми иттилоотӣ ва хизматрасониҳои электронӣ;
4)мусоидат дар тайёр кардани кадрҳо, аз ҷумла омӯзиш ва такмили ихтисоси мутахассисон;
5)ташкили тадқиқот, вохӯриҳо ва конфронсҳои муштарак;
6)мубодилаи таҷриба дар масъалаҳои танзими ҳуқуқии инфрасохтори маълумоти фазоӣ;
7)омӯзиш, озмоиш ва ҷорӣ намудани усулҳои пешрафта, техника ва технологияҳо;
8)шаклҳои дигари ҳамкорӣ, ки Тарафҳо мувофиқа кардаанд.
Моддаи 4 Назорат ва ҳамоҳангсозӣ
Бо мақсади амалисозии Созишномаи мазкур Тарафҳо метавонанд мақомоти корӣ ташкил кунанд.
Намояндагони Тарафҳо дар ҳолати зарурӣ бо мақсади баррасии масъалаҳои таҳким ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ дар доираи Созишномаи мазкур вохӯриҳои корӣ ва машваратҳо мегузаронанд.
Моддаи 5 Иҷрокунандагони масъул
Иҷрокунандагони масъули Созишномаи мазкур инҳоянд:
аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон - Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Душанбе, Институти лоиҳакашию тадқиқотии «ФАЗО»;
аз ҷониби Федератсияи Россия - ширкати оммавӣ-ҳуқуқии «Роскадастр».
Дар ҳолати тағйир ёфтани иҷрокунандагони масъули Созишномаи мазкур, Тарафҳо фавран дар шакли хаттӣ дар ин бора ба ҳамдигар тавассути роҳҳои дипломатӣ хабар медиҳанд.
Дар ҳолати зарурӣ Тарафҳо метавонанд дигар ташкилотҳоро бо мақсади амалисозии Созишномаи мазкур ҷалб кунанд.
Моддаи 6 Хароҷот
Хароҷотро вобаста ба ташкили чорабиниҳо дар доираи амалисозии Созишномаи мазкур Тарафе ба зимма мегирад, ки дар ҳудуди он чорабинӣ баргузор карда мешавад. Хароҷоти нақлиёти байналмилалӣ, будубош ва хӯрок аз ҷониби Тарафи фиристонанда пардохт карда мешавад, агар тартиби дигари тақсимоти хароҷот мувофиқа нашуда бошад.
Хароҷоти дигари вобаста ба амалисозии Созишномаи мазкур дар мувофиқа байни Тарафҳо тақсим карда мешавад.
Моддаи 7 Маҳдудияти истифодаи маълумот ва маводи бадастомада
Тарафҳо мутобиқи қонунгузории давлатҳои худ ҳифзи иттилоот, ҳуҷҷатҳо ва маводи дар рафти амалисозии Созишномаи мазкур ё дар натиҷаи фаъолияти муштарак бадастомадаро таъмин менамоянд.
Тарафҳо мустақилона ё муштаракан (дар ҳолати гузаронидани корҳои муштарак) дараҷаи махфияти маълумотро, ки тибқи Созишномаи мазкур интиқол дода мешавад ё натиҷаи иҷрои он мебошад, муқаррар менамоянд.
Тарафҳо барои ҳифзи ҳар маълумоти махфӣ, ки дар доираи Созишномаи мазкур ба даст омадааст, ба ҳамон дараҷае, ки барои ҳифзи маълумоти шахсии худ зарур аст, тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Тартиби мубодилаи иттилоот, ҳуҷҷатҳо ва мавод, шартҳо ва чораҳо оид ба ҳифз ва маҳфуз нигоҳ доштани онҳо дар созишномаҳои алоҳида, ки аз ҷониби масъулони тибқи моддаи 5 муайяншуда баста шудаанд, танзим карда мешавад.
Дар ҳолати аз ҷониби Тарафҳо қабул гардидани қарорҳо дар бораи татбиқ гардидани реҷаи махфият (сирри давлатӣ) нисбат ба иттилоот, ҳуҷҷатҳо ва мавод, тартиби мубодила, шартҳо ва чораҳои ҳифзи чунин маълумот (иттилоот, мавод, ҳуҷҷатҳо) аз ҷониби Тарафҳо дар ҷараёни амалисозӣ ва пас аз анҷоми амали Созишномаи мазкур тибқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҳифзи мутақобилаи маълумоти махфӣ аз 22 январи соли 2003 муайян карда мешавад.
Маълумоте, ки дар ҷараёни амалисозии чорабиниҳо дар доираи Созишномаи мазкур ба даст оварда шудааст, набояд аз ҷониби яке аз Тарафҳо ба зарари манфиатҳои Тарафи дигар истифода шавад.
Натиҷаҳои ҳамкории Тарафҳо, ки ҳангоми амалисозии Созишномаи мазкур ба даст оварда шудаанд, метавонанд ба давлатҳои сеюм, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ танҳо бо розигии хаттии Тарафҳо дода шаванд.
Моддаи 8 Ҳалли ихтилофҳо
Ҳама гуна ихтилофот байни Тарафҳо дар мавриди тафсир ё амалисозии Созишномаи мазкур тавассути машварат ё гуфтушуниди байни онҳо ҳал карда мешаванд.
Моддаи 9 Ворид намудани тағйиру иловаҳо
Бо розигии Тарафҳо ба Созишномаи мазкур метавонанд тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд, ки бо протоколҳои алоҳида ба расмият дароварда мешаванд.
Моддаи 10 Созишномаҳои иловагӣ
Бо мақсади амалисозии Созишномаи мазкур дар асоси розигии Тарафҳо иҷрокунандагони масъул метавонанд созишномаҳои иловагӣ оид ба масъалаҳои алоҳида банданд.
Моддаи 11 Эътибор пайдо кардан ва қатъи амал
Созишномаи мазкур аз санаи гирифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ тавассути роҳҳои дипломатӣ дар бораи аз ҷониби Тарафҳо иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо намудани он зарур аст, эътибор пайдо мекунад.
Созишномаи мазкур дар давоми панҷ сол амал карда, худ аз худ ба давраҳои панҷсолаи минбаъда тамдид мегардад, агар ҳеҷ яке аз Тарафҳо на дертар аз шаш моҳ то ба охир расидани муҳлати амали аввал ё навбатии он ба таври хаттӣ Тарафи дигарро тавассути роҳҳои дипломатӣ оид ба нияти худ ҷиҳати қатъ кардани амали Созишномаи мазкур огоҳ насозад.
Қатъи амали Созишномаи мазкур ба амалисозии лоиҳаҳои муштарак ва чорабиниҳои дигари мутобиқи Созишномаи мазкур амалишаванда, ки то лаҳзаи қатъи амали он ба анҷом расонида нашудаанд, дахолат намекунад.
Дар шаҳри Душанбе «	» ________ октябри соли 2025 дар ду нусха, ҳар кадом бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба имзо расонида шуд, зимнан ҳар ду матн эътибори якхела дорад.
Аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
 
 __________________ 
 
  | Аз ҷониби Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Россия 
 
 _____________________ 
 
  | 
                         
                        
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О проекте Соглашения между Государственным комитетом по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан и Федеральной службой государственной регистрации, кадастра и картографии Российской Федерации о сотрудничестве в целях развития и наполнения Геопортала инфраструктуры пространственных данных государств - участников Содружества Независимых Государств
В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1.Одобрить проект Соглашения между Государственным комитетом по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан и Федеральной службой государственной регистрации, кадастра и картографии Российской Федерации о сотрудничестве в целях развития и наполнения Геопортала инфраструктуры пространственных данных государств - участников Содружества Независимых Государств.
2.Председателю Государственного комитета по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан подписать настоящее Соглашение и при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.
3.Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с российской стороной дату и место подписания настоящего Соглашения.
Председатель
Правительства Республики  Таджикистан                               Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 8 октября 2025 года  №530
Проект
Соглашение между Государственным комитетом по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан и Федеральной службой государственной регистрации, кадастра и картографии Российской Федерации о сотрудничестве в целях развития и наполнения Геопортала инфраструктуры пространственных данных государств - участников Содружества Независимых Государств
Государственный комитет по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан и Федеральная служба государственной регистрации, кадастра и картографии Российской Федерации, в дальнейшем именуемые Сторонами, основываясь на принципах и целях Соглашения о создании Содружества Независимых Государств от 8 декабря 1991 года, Соглашения о взаимодействии государств - участников Содружества в области геодезии, картографии, кадастра и дистанционного зондирования Земли от 9 октября 1992 года, Соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Российской Федерации о сотрудничестве в области геодезии, картографии, кадастра и дистанционного зондирования Земли от 18 июня 1997 года, 
согласились о нижеследующем:
Статья 1 Цель сотрудничества
Целью настоящего Соглашения является содействие дальнейшему развитию Геопортала инфраструктуры пространственных данных государств - участников Содружества Независимых Государств (далее - Геопортал ИПД СНГ), а также формирование и обмен пространственными и иными данными открытого пользования, необходимыми для функционирования Геопортала ИПД СНГ и его сервисов.
Статья 2 Направления сотрудничества
Сотрудничество в рамках настоящего Соглашения осуществляется с соблюдением законодательства государств Сторон по следующим основным направлениям:
1)геодезия, картография и пространственные данные;
2)создание и развитие инфраструктуры пространственных данных;
3)создание информационных систем и развитие электронных сервисов;
4)подготовка кадров;
5)другие направления сотрудничества, согласованные Сторонами.
Статья 3 Формы сотрудничества
Для реализации направлений сотрудничества, указанных в статье 2 настоящего Соглашения, взаимодействие осуществляется в следующих формах:
1)формирование и обмен материалами и пространственными данными открытого пользования;
2)разработка методологических документов;
3)организация и выполнение мероприятий по созданию, развитию и использованию информационных систем и электронных сервисов;
4)содействие в подготовке кадров, в том числе обучении и повышении квалификации специалистов;
5)организация совместных исследований, встреч и конференций;
6)обмен опытом в вопросах правового регулирования инфраструктуры пространственных данных;
7)изучение, тестирование и внедрение передовых методов, техник и технологий;
8)другие формы сотрудничества, согласованные Сторонами.
Статья 4 Контроль и координация
В целях реализации настоящего Соглашения Стороны могут создавать рабочие органы.
Представители Сторон при необходимости проводят рабочие встречи и консультации в целях рассмотрения вопросов укрепления и повышения эффективности сотрудничества в рамках настоящего Соглашения.
Статья 5 Ответственные исполнители
Ответственными исполнителями настоящего Соглашения являются:
с Таджикистанской Стороны - Государственное унитарное аэрогеодезическое предприятие Душанбе, проектно-исследовательский институт «ФАЗО»;
с Российской Стороны - публично-правовая компания «Роскадастр».
В случае изменения ответственных исполнителей настоящего Соглашения, Стороны незамедлительно в письменной форме уведомляют об этом друг друга по дипломатическим каналам.
В случае необходимости Стороны могут привлекать иные организации в целях реализации настоящего Соглашения.
Статья 6 Расходы
Расходы по организации мероприятий в рамках реализации настоящего Соглашения несет Сторона, на территории государства которой проводится мероприятие. Международные транспортные расходы и расходы по проживанию и питанию участников заседаний несет направляющая Сторона, если не согласован иной порядок распределения расходов.
Иные расходы, связанные с реализацией настоящего Соглашения, распределяются по договоренности между Сторонами.
Статья 7 Ограничения использования полученной информации и материалов
В соответствии с законодательством своих государств Стороны обеспечивают защиту информации, документов и материалов, полученных в ходе реализации настоящего Соглашения либо в результате совместной деятельности.
Стороны самостоятельно или совместно (в случае проведения совместных работ) устанавливают степень конфиденциальности информации, передаваемой в соответствии с настоящим Соглашением или являющейся результатом его выполнения.
Стороны принимают необходимые меры для защиты любой конфиденциальной информации, полученной в рамках настоящего Соглашения, на том же уровне, что и для защиты собственной конфиденциальной информации.
Порядок обмена информацией, документами и материалами, условия и меры по их защите и сохранению могут быть урегулированы в отдельных соглашениях, заключенных ответственными исполнителями, определенными статьей 5 настоящего Соглашения.
В случае принятия Сторонами решений о применении к информации, документам и материалам режима секретности (государственная тайна), то порядок обмена, условия и меры по защите таких сведений (информации, материалов, документов) определяются Сторонами в ходе реализации и по окончании действия настоящего Соглашения в соответствии с Соглашением между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Российской Федерации о взаимной защите секретной информации от 22 января 2003 года.
Информация, полученная в ходе реализации мероприятий в рамках настоящего Соглашения, не должна использоваться одной из Сторон в ущерб интересам другой Стороны.
Результаты сотрудничества Сторон, полученные при реализации настоящего Соглашения, могут быть переданы третьим государствам, их юридическим и физическим лицам только с письменного согласия Сторон.
Статья 8 Разрешение разногласий
Любые разногласия между Сторонами относительно толкования или применения настоящего Соглашения разрешаются посредством консультаций или переговоров между ними.
Статья 9 Внесение изменений и дополнений
По согласию Сторон в настоящее Соглашение могут быть внесены изменения и дополнения, которые оформляются отдельными протоколами.
Статья 10 Дополнительные соглашения
В целях реализации настоящего Соглашения по взаимному согласию Сторон ответственные исполнители могут заключать дополнительные соглашения на его основе по отдельным вопросам.
Статья 11 Вступление в силу и прекращение действия
Настоящее Соглашение вступает в силу с даты получения по дипломатическим каналам последнего письменного уведомления о выполнении Сторонами внутригосударственных процедур, необходимых для его вступления в силу.
Настоящее Соглашение действует в течение пяти лет и автоматически продлевается на последующие пятилетние периоды, если ни одна из Сторон не уведомит в письменной форме по дипломатическим каналам другую Сторону о своем намерении прекратить действие настоящего Соглашения не менее чем за шесть месяцев до истечения первоначального или очередного периода его действия.
Прекращение действия настоящего Соглашения не затрагивает реализацию незавершенных к моменту прекращения его действия совместных проектов или иных мероприятий, осуществляемых в соответствии с настоящим Соглашением, если Стороны не договорятся об ином.
Совершено в городе Душанбе «__» октября 2025 года в двух экземплярах, каждый на таджикском и русском языках, причём оба текста имеют одинаковую силу.
За Государственный комитет по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан  | За Федеральную службу государственной регистрации, кадастра и картографии Российской Федерации  |