Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2025, № 1072 "Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2026-2030"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2026-2030


Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2026-2030 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2.Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2026-2030 тадбирҳои зарурӣ андешида, оид ба рафти иҷрои он ҳар сол то 1 январ ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3.Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2026-2030 ҳар сол то 1 феврал ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

4.Назорати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2026-2030 ба зиммаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 4 сентябри соли 2025, № 1072

 



Указ Президента Республики Таджикистан

О Плане мероприятий по реализации Национальной стратегии по контролю за наркотиками в Республике Таджикистан на 2021-2030 годы в 2026-2030 годах

В соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан п о с т а н о в л я ю:

1. Утвердить План мероприятий по реализации Национальной стратегии по контролю за наркотиками в Республике Таджикистан на 2021-2030 годы в 2026-2030 годах (прилагается).

2. Соответствующим министерствам, ведомствам и местным исполнительным органам государственной власти принять необходимые меры для выполнения Плана мероприятий по реализации Национальной стратегии по контролю за наркотиками в Республике Таджикистан на 2021-2030 годы в 2026-2030 годах и ежегодно до 1 января представлять Агентству по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан информацию о ходе его выполнения.

3. Агентству по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан ежегодно до 1 февраля представлять Президенту Республики Таджикистан информацию о ходе выполнения Плана мероприятий по реализации Национальной стратегии по контролю за наркотиками в Республике Таджикистан на 2021-2030 годы в 2026-2030 годах.

4. Контроль за исполнением Плана мероприятий по реализации Национальной стратегии по контролю за наркотиками в Республике Таджикистан на 2021-2030 годы в 2026-2030 годах возложить на Координационный совет по профилактике злоупотребления наркотиками и Агентство по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан.

Президент
Республики Таджикистан          Эмомали Рахмон
г.Душанбе 4 сентября 2025 года №1072