ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ
1.Мутобиқи моддаҳои 6, 12 ва 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб» барои ҳуқуқи истихроҷи ангишт аз қабатҳои 4, 5 ва 5а қитъаи Кафтархонаи кони Назарайлоқи ноҳияи Рашт ба муҳлати 10 (даҳ) сол иҷозатнома дода шавад.
2.Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб» нақшаи амалӣ намудани фаъолияти иҷозатномадодашавандаро бо мақоми иҷроияи иҷозатномадиҳанда мувофика намояд.
3.Шарту талаботи иҷозатномадиҳии замимашуда маъқул дониста шавад ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати як моҳ иҷозатномаро бо шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои имзо пешниҳод намояд.
4.Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад.
5.Муқаррар карда шавад, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар додан ва гузашт намудани ҳуқуқҳои пешбининамудаи иҷозатномаи мазкур манъ аст.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 29 августи соли 2025, № 74-ф
Замима
ба фармоиши Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 августи соли 2025, №74-ф
Ниг.ба замима
Правительство Республики Таджикистан
Распоряжение
1. В соответствии со статьями 6, 12 и 23 Закона Республики Таджикистан «О разрешительной системе» выдать Открытому акционерному обществу «Ангишти Камароб» лицензию на право добычи угля из пластов 4, 5 и 5а участка Кафтархона месторождения Назарайлок Раштского района сроком на 10 (десять) лет.
2. Открытому акционерному обществу «Ангишти Камароб» согласовать план осуществления лицензируемой деятельности с исполнительным органом лицензирования.
3. Одобрить прилагаемые лицензионные условия и требования и Министерству промышленности и новых технологий Республики Таджикистан представить в месячный срок на подписание лицензию с лицензионными условиями и требованиями в Правительство Республики Таджикистан.
4. Первому заместителю Премьер-министра Республики Таджикистан подписать настоящую лицензию от имени Правительства Республики Таджикистан.
5. Установить, что передача и переуступка прав, предусмотренных настоящей лицензией, другим физическим и юридическим лицам запрещается.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 29 августа 2025 года №74-р
Приложение