Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025, № 466 "Дар бораи гирифтан ва ба Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо додани қитъаҳои замин"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи гирифтан ва ба Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо додани қитъаҳои замин


Мутобиқи моддаҳои 261, 29, 30, 41 ва 42 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз ҳисоби заминҳои таъиноти кишоварзии заминистифода-барандагони ноҳияи Рӯдакӣ майдони умумии 1,04 гектар, аз он 0,28 гектар корами обӣ, 0,38 гектар чарогоҳ, 0,32 гектар корами лалмӣ, 0,04 гектар ботлоқ ва 0,02 гектар дигар заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашаванда гирифта, ба истифодаи бе муҳлат бе ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарӣ ба Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо барои бунёд намудани чоҳ, насби панелҳои офтобӣ ва сохтмони ҳавзи оби ошомиданӣ дода шавад.

2. Гирифтани қитъаҳои замин бо тартиби зерин амалӣ карда шавад:

- аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Баракат» майдони 0,28 гектар корами обӣ;

- аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон майдони 0,32 гектар корами лалмӣ;

- аз ҳисоби заминҳои деҳоти Лоҳур майдони 0,16 гектар чарогоҳ;

- аз ҳисоби заминҳои захираи давлатӣ майдони умумӣ 0,28 гектар, аз он 0,22 гектар чарогоҳ, 0,04 гектар ботлоқ ва 0,02 гектар дигар заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашаванда.

3. Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо:

- то гирифтани қитъаҳои замин товони зарари заминистифодабарандагонро бо тартиби муқарраргардида дар ҳаҷми пурра ҷуброн намояд;

- бо тартиби муқарраргардида 108547 сомонӣ (яксаду ҳашт ҳазору панҷсаду чилу ҳафт сомонӣ) маблағи талаф вобаста ба гирифтани заминҳо аз гардиши кишоварзиро ба суратҳисоби махсуси буҷети ҷумҳуриявӣ ҷуброн намояд;

- қитъаҳои замини додашударо бо тартиби муқарраргардида мувофиқи таъиноти мақсаднок истифода намояд.

4. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бақайдгирии давлатии қитъаҳои замин ва ҳуқуқи истифодаи онҳоро пас аз ҷуброн намудани маблағҳои дар банди 3 қарори мазкур зикргардида таъмин намояд;

- ба ҳуҷҷатҳои кадастри давлатии замин тағйироти дахлдор ворид намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 29 августи соли 2025, № 466



Правительство Республики Таджикистан

Постановление

Об изъятии и предоставлении земельных участков Центру реализации проектов реабилитации дорог

В соответствии со статьями 26(1), 29, 30, 41 и 42 Земельного кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Изъять из земель сельскохозяйственного назначения землепользователей района Рудаки общей площадью 1,04 гектара, из них 0,28 гектара орошаемой пашни, 0,38 гектара пастбищ, 0,32 гектара богарной пашни, 0,04 гектара болота, 0,02 гектара прочих неиспользуемых земель в сельском хозяйстве и предоставить в бессрочное пользование без права отчуждения права пользования Центру реализации проектов реабилитации дорог для строительства колодца, установки солнечных батарей и строительства резервуара питьевой воды.

2. Изъятие земельных участков осуществить в нижеследующем порядке:

- из земель дехканского хозяйства «Баракат» площадью 0,28 гектара орошаемой пашни;

- из земель личного подсобного хозяйства граждан площадью 0,32 гектара богарной пашни;

- из земель дехота Лохур площадью 0,16 гектара пастбищ;

- из земель государственного запаса общей площадью 0,28 гектара, из них 0,22 гектара пастбищ, 0,04 гектара болота и 0,02 гектара прочих неиспользуемых земель в сельском хозяйстве.

3. Центру реализации проектов реабилитации дорог:

- в установленном порядке до изъятия земельных участков возместить убытки землепользователей в полном объеме;

- в установленном порядке возместить 108547 сомони (сто восемь тысяч пятьсот сорок семь сомони) средства потерь, связанные с изъятием земель из сельскохозяйственного оборота, на специальный счет республиканского бюджета;

- в установленном порядке использовать предоставленные земельные участки по целевому назначению.

4. Государственному комитету по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан:

- обеспечить государственную регистрацию земельных участков и права их пользования после возмещения средств, указанных в пункте 3 настоящего постановления;

- внести соответствующие изменения в государственную земельно-кадастровую документацию.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 29 августа 2025 года №466