ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»
Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2025, №209 «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Хулосаи замимагардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 августи соли 2025, № 445
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 августи соли 2025, № 445
Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро, ки бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2025, №209 барои додани хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст, баррасӣ карда, оид ба моддаи 1 пешниҳоди зеринро манзур менамояд:
1)сарчашмаи интишори расмӣ пурра карда шавад;
2)дар қисми 1 калимаи «сеюми» ба калимаи «чоруми» иваз карда шавад;
3) қисми 2 таҷдиди назар карда шавад, зеро дар Қонуни мазкур рӯзҳои ид аз лиҳози мансубияташон гурӯҳбандӣ карда нашуда, дар як вақт муайян кардани қисме аз ин идҳо ҳамчун иди миллӣ бинобар номуайянии оқибатҳои он ба мақсад мувофиқ набуда, гуногунандеширо ба миён меорад;
4) қисми 3 бо дар назар доштани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» бознигарӣ шавад. Зеро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» асосҳои ҳуқуқии таҷлили рӯзҳои идро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, дар асоси он муваззаф намудани мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ҷиҳати бо ташаббуси онҳо ташкил ва баргузории чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ қобили қабул намебошад. Ҳамзамон дар санадҳои қонунгузории дигари болозикр амалӣ намудани чунин ваколатҳо пешбинӣ карда нашудааст.
Дар маҷмуъ лоиҳа дар шакли пешниҳодгардида қобили дастгирӣ намебошад.
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О представлении заключения Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О внесении изменения и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О праздничных днях»
Рассмотрев постановление Совета Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 2 июня 2025 года, №209 «О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении изменения и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О праздничных днях», Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
Представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан прилагаемое заключение Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О внесении изменения и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О праздничных днях».
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 27 августа 2025 года №445
Прилагается на тадж.яз